Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, ҷавонмарди фарзонаи миллат ва ғамхору дилсӯзи ватан, ки ҳамеша қаламаш барои ҷонфидоӣ, хидмат ва пешрафти Тоҷикистони азиз, нуктаҳои бисёре дарҷ карда аст, акнун дар ҷавоби душманони миллат низ, аз ҷавҳари ҷон посухе додааст, ки агарчи дар саҳифаи ВАО-и электронӣ ба нашр расидааст, вале барои бештар огоҳ шудани хонандаи хеш чопи онро дар саҳифаи сомонаи хеш муҳим донистем.
Ба дард омад дилам аз таъни душман,
Дилам метаркад имрӯз, эй фурутан!
Туро имрӯз майли имтиҳон аст?
Биё, ин бешаро шери жиён аст!
Ҳануз Исфандиёру Рустаме ҳаст,
Баландовоза бар сар парчаме ҳаст.
Гулӯла гар набошад, санг дорем,
Шаҳомат ҳаст, ному нанг дорем!
Тани солим, дили бекина боқист,
Хурӯше андаруни сина боқист.
Манучеҳру Фаридун дорад ин мулк,
Ҷавонмардони афзун дорад ин мулк!
Хуросон сарзамини мардхез аст,
Алайҳи зулми золим дар ситез аст.
Бадахшон дораду гурдони ҳушёр,
Ба Хатлон лашкари пирузи пайкор!
Палангонаш ба Суғду Рашт бошанд,
Таковар сӯи кӯҳу дашт бошанд.
Туро бар сар хиёлоти муҳол аст,
Хуросон бошукӯҳу боҷалол аст!
Ба хуни хеш Роғунро бисозем,
Тамоми чархи гардунро бисозем!
Бани Одам барои мо азиз аст,
Хусумат шеваи ҳар бетамиз аст.
Хирадмандему дасти пир дорем,
Ба таъмири ҷаҳон тадбир дорем!