Categories СИЁСАТ

Даъвати Аббос ба зиёрати Қудс – Таъйиди муфтии Миср ё тавсеаи ихтилоф

nahzat.tj

27.04.2012, 13:15

М. Аббос: Зиёрати Қудс ҳаром нест, зеро далеле вуҷуд надорад

Қарзовӣ: Зиёрати Қудс зери ишғолгарони яҳудӣ ҳаром аст

Ҳиҷозӣ: Муфтии Миср ба ҷои Қудс бояд ба Ғаззаи муҳосирашуда мерафт

Охирсухан

Роҳбари Фаластин, Маҳмуд Аббос мардуми араб ва мусулмононро дубора ба зиёрати Қудс даъват намуд.

Ин суханон дар ҳоле аз ҷониби М. Аббос садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта Муфтии Миср, Алӣ Ҷумъа ба хотири сафари ғайри расмияш ба ин кишвар ва боздид аз Байтулмуқаддас зери танқиди шадид то талаби истеъфояш қарор гирифта, байни аксарияти мусулмонон баҳсу мунозараҳоеро ба миён овардааст.

М. Аббос: Зиёрати Қудс ҳаром нест, зеро далеле вуҷуд надорад

Тибқи гузориши васоити ахбори расмии ин кишвар, Маҳмуд Аббос зимни вохурии худ бо ҷавонон гуфтааст: «Мо ҳамеша бародарони арабро чӣ мусулмон бошанд, чӣ масеҳӣ ба зиёрати Қудсу боздид аз Фаластин даъват кардаем ва хоҳем кард, то биёянд ва бубинанд, ки Исроил имрӯз чигуна заминҳои Фаластинро ишғол намуда, мардуми онро нобуд сохта истодааст».

Ичунин, номбурда афзудааст: «Аз ин рӯ мо бояд имрӯз аз як гиребон сар бароварда, саъй бар он намоем, то ҳадафу маромҳои Исроил, ки мехоҳад ҳувийят ва вуҷуди шахсияти фаластиниро аз байн бубарад, пиёда нашаванд».

Раиси Фаластин иброз намуд: «Мо чанде қабл бо шахсиятҳои арабу ғайри араб дар атрофи зиёрати Қудс кашмакашиҳое намудем, ҳатто баъзе аз онҳо зиёрати онро ҳаром шумориданд. Аммо барояшон исбот намудем, ки зиёрати Қудс ҳаром нест, зеро дар бобати ҳаром будани он, на дар Қуръон ва на дар ҳадис ишора нашудааст. Баръакс, паёмбари Ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Рахти сафар набандед, магар ба сӯйи се масҷид: Масҷидулҳаром, ин масҷид (масҷиди Набавӣ) ва Масҷидулақсо»».

Дар ишора бар ин ки Юсуф Қарзовӣ дар бораи ҳаром будани зиёрати ин масҷид ба ғайри фаластиниҳо фатвое содир намуда буд, М. Аббос чунин гуфт: «Дар ягон ҷойи Қуръон дар бораи ҳаром будани он чизе гуфта нашудааст. Албатта барои ҳаром ном гирифтани ягон чиз, аввал бояд матне аз Қуръон ва Суннатро далел овард. Ҳеҷ кас, ҳақ надорад чизеро аз пеши худ ҳаром гӯяд, чӣ муфтӣ бошад, чӣ ходими дин. Танҳо касе, ки ин ҳақро дорад Аллоҳ аст».

Қарзовӣ: Зиёрати Қудс барои ғайри фаластиниҳо ҳаром аст

Далели таҳрими зиёрати Қудсро Доктор Юсуф Қарзовӣ, раиси иттиҳоди олимони мусалмонони ҷаҳон, дар қарор гирифтани ин сарзамин таҳти ишғолгарҳои яҳудӣ мебинад. Ӯ мегуяд: «Зиёрати қудс барои ғайр аз фаластиниҳое, ки дар онҷо сукунат доранд ҳаром аст, зеро он барои Исроил фоидаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ меорад.»

Аммо дар бораи ҳадиси саҳеҳ, ки ташвиқ ба зиёрати Масҷиди Алақсо мекунад, Доктор Қарзовӣ бар ин назар аст, ки баъди озод шудани ин сарзамин орзуи зиёрати онро дорад. Ӯ мегуяд: «Мо ҳама шавқ дорем то ба Масҷиди Алақсо сафар кунем ва аз ин макони муборак дидан кунем, лекин ин шавқу завқи мо дар дилҳои мо нуҳуфта мемонад, то ин ки ин масҷид озод шуда, дубора ба соҳибони аслии худ баргардад ва баъд ба зиёрати он равем.»

Ҳиҷозӣ: Муфтии Миср ба ҷои Қудс бояд ба Ғаззаи муҳосирашуда мерафт

Сафват Ҳиҷозӣ, яке аз донишмандони исломӣ дар бораи зиёрати муфтӣ мегуяд, ки ин баҳонаҳо қобили қубул нестанд ва ин амал беэҳтиромӣ нисбат ба номи Алазҳар мебошад…

Ҷаноби Ҳиҷозӣ ба корнамои муфтии пешин Абдулҳалими Маҳмуд ишора карда, гуфт: «Раисҷумҳури он вақта, Анвар Содот аз ӯ хоҳиш кард то ҳамроҳаш ба Исроил сафар кунад, аммо муфтӣ қабул накард.» Ӯ афзуд, ки муфтӣ Алӣ Ҷумъа бояд ба Ғаззаи муҳосирашуда сафар мекард ва ин гуноҳашро танҳо истиъфо доданаш мешуяд.

Охирсухан

Лозим ба ёдоварист, ки Маҳмуд Аббос дар рӯзҳои қиёми мардумии Миср аз Ҳуснӣ Муборак, диктатори Миср дар ВАО чандин бор таъйиди худро эълон кард, зеро ҳар ду дар дохили кишварашон рақиби қавии ягона – ҳаракатҳои исломии Ихвонул Муслимин дар Миср ва Ҳамос дар Фаластин доштанд. Қазияи зиёрати муфтии Миср, Алӣ Ҷумъа ба масоили доғ байни рақибони дохилӣ мубаддал гашт. Алазҳар, Қарзовӣ, ихвониҳо ва дигар шахсиятҳо ва ҷавонони ватанӣ зиёрати муфтии Мисрро зери интиқоди шадид гирифта, худи муфтӣ дар Алазҳар муҳокима гардид

Хулоса, зиёрати Қудс зери ишғолгарони яҳудӣ ба масъалаи доғе мубаддал гаштааст ва даъвати Аббос ба он масъаларо боз доғтар кард.

More From Author

You May Also Like