Даъвати Урдуғон аз Путину Обама

Аввалин президенти мунтахаби Туркиё, Раҷаб Таййиб Урдуғон сарони иддае аз кишварҳоро ҷиҳати ширкат дар қасамёдкунии худ даъват карда, ки рӯзи 28 август таъйин шудааст, аз ҷумла ҷанобон В.Путин ва Б.Обама, президентҳои Русия ва ИМА-ро, хабар медиҳад «МК-Туркия».
Аммо то ба ҳол маълум нест, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин гирдиҳамоии сиёсӣ, қасамёдкунии ҷаноби Урдуғон даъват шудаанд ё хайр?
Феълан ӯ дар манотиқи мухталифи Туркиё бо мардум дидору мулоқот анҷом дода истодааст ва сафари дохилии хешро эҳтиром қоил шудан ба тамоми ширкатдорони интихобот медонад, ки аз ӯ ҳимоят карданд.
Аммо нозирону коршиносон ин сафари Урдуғонро бештар ба наздик омадани интихоботи парлумонӣ рабт медиҳанд, ки баргузории он дар соли 2015 дар назар гирифта шудааст. Интихоботе, ки ҳизби адолат ва тарақиёти ӯ дар он ба даст овардани ғалабаи комилро дар назар дорад.
Бале, рӯзи 10-уми август дар таърихи Туркиё интихоботи умумимилии президентӣ доир гардид, ки дар он Радҷаб Тайиб Урдуғон 52%-и раъйи интихобкунандагонро соҳиб гардид.
Ҳоло сиёсатшиносон ба ҳайси ҷонишини ӯ дар ҳукумат, яъне дар мақоми сарвазирӣ раҳбари идораи дипломатии ин кишвар Аҳмад Довудоғлуро мебинанд. Ҳамчунин дар ин симмат Бюлент Оринчӣ, ноиби феълии сарвазир ва ҷонишини раиси ҲАТ Нуъмон Қуртулмушро ҳам дар назар гирифта шудаанд.

More From Author

You May Also Like