“Вақте обрую нуфузи ҳизб боло меравад…”

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои фаровони ниҳодҳои давлати ин кишвар болои ин ҳизб ибрози нигаронӣ кардаанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ин ҳизб, рӯзи сешанбеи 9 апрел, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин мавзӯъ дар ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ дар рӯзи гузашта баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ, дар ин ҳамоиш фаъолони Ҳизби наҳзат аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз фишорҳо болои аъзои ин ҳизб шикоят карданд.

Аз ҷумла, масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ алайҳи бахшҳо ва фаъолони Ҳизби наҳзат суханронӣ карда, дар роҳи баргузории ҷаласоти ҳизбӣ монеъ мешаванд ва бархе аз масъулони бахшҳои ҳизбро бозпурсӣ мекунанд.

Ӯ гуфт, Раёсати олии Ҳизби наҳзат тасмим гирифт, ки ба хотири ҳалли ин мушкилот ва ҷилавгирӣ аз мухолифатҳои эҳтимолӣ аз дафтари марказии ҳизб ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳайъатҳо эъзом шавад, то битавонанд бо аъзои ин ҳизб дар маҳаллҳо ва ҳукумати маҳаллӣ дидорҳо карда ва роҳҳои ҳалли ин мушкилро аз тариқи машварату ҳамкориҳои осоишта чустуҷӯ кунанд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа ба аъзои ҳизб муроҷиатномае тасвиб шуда ва онҳоро ба оромию хештандорӣ даъват шудааст.

Дар муроҷиатнома таъкид шудааст: “Вақте обрую нуфузи як ҳизб боло меравад, фишорҳо низ болои он афзоиш меёбад. Ин маҳбубият ҳукуматро ором намегузорад. Дар симои ҳизб рақиби худро мебинад. Ин фишорҳо табиъӣ аст. Бинобар аъзои ҳизб дар баробари ин фишорҳо ором бошанд.”

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ то шоми рӯзи гузашта идома доштааст, пешниҳодҳо дар мавриди муроҷиат ба раиси ҷумҳури ва миллат дар мавриди ин фишорҳо садо додаанд.

Афзун бар ин, пешниҳод шудааст, ки агар фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ болои ҲНИТ дар 3-4 моҳи оянда қатъ нашавад, аъзои ҳизб ба тазоҳурот даст зада ва ба ин васила мардумро аз мушкилоти худ муталеъ месозад. Аммо ин пешниҳодҳо пазируфта нашудаанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ин пешниҳодот дар паёми 40-солагии ҲНИТ, ки маросими таҷлил аз 40-умин солгарди Ҳизби наҳзат дар авохири моҳи ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, шомил шуда ва ба мақомоти Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.

Тӯҳмат болои ҲНИТ

Дар ҳамин ҳол, дар сойти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти чунин ном матлабе мунташир шудааст, ки дар он ба талошҳо барои кашидани пойи Ҳизби наҳзат дар тазоҳуроти эътирозӣ дар назди сафорати Омрико ишора шудааст.

Дар ин матлаб аз қавли ду донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омадааст, дар донишгоҳ онҳоро барои ширкат дар тазоҳурот ба хотири эътироз ба озод шудани Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳи шаҳри Киеви Укройн ташвиқ карда ва гуфтаанд, “агар пурсанд, аз куҷоед, аз ҳизби наҳзат гӯед.”

Аз сӯйи дигар, Майк Ҳаммер, ёвари вазири хориҷаи Омрико, ки бо як дидор дар Тоҷикистон қарор дошт, шоми душанбеи 8 апрел, зимни сӯҳбат бо хабарнигор аз баргузории ин тазоҳурот дар наздики Сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе ибрози тааҷҷуб кардааст.

Ҳамзамон, оқои Ҳаммер аз давлати Тоҷикистон ситоиш кардааст, ки тавонистааст дар ҷараёни ин тазоҳуротро амниятро таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия гуфтааст, ширкаткунандагони фаъоли тазоҳурот дар назди сохтмонҳои Сафорати Омрико ва намояндагии Созмони Милал дар шаҳри Душанбе боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд.

“Бӣ-Бӣ-Сӣ”

More From Author

You May Also Like