Узви дафтари сиёсии Ҳамос дар ростои суханони раисҷумҳури нави Миср дар ҳимоят аз Фаластин таъкид кард, ки суханони Мурсӣ дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин буд.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарии интернетӣ, Маҳмуд Аззаҳор, узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин “Ҳамос” иброз дошт, ки мавзеъи Муҳаммад Мурсӣ мавзеъе ҳамсӯ бо миллати Миср ва таърихи дурахшон дар ҳимоят аз ормонҳои Фаластин аст.
Вай афзуд, ки мавзеъи ояндаи Миср дар қиболи Фаластин мавзеъе ҳимоятомез ва мусбат хоҳаб буд, ҳамчунин аз миллати Фаластин то таҳаққуқи аҳдофашон ҳимоят хоҳанд кард.
Аззаҳор таъкид кард, ки мавзеъи нав ва расмии Миср бо ҳимоят аз мардуми Фаластин вазъияти муҳосираи навори Ғаззаро тағйир хоҳад дод ва монанди давлати собиқ Миср нест, ки ба фикри имтиёздиҳӣ ба Исроил буд.
Бинобар гузориши “Алисломулявм”, узви дафтари сиёсии Ҳамос бо ишора ба ин ки миллати Миср ҳомии миллати Фаластин аст ва муҳосираи Ғаззаро намепазирад баён намуд, ки хезиши миллати Миср ва тавони ояндаи он сабаби тақвиятҳои минтақа ва ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва кӯмак ба ормонҳои мардуми он хоҳад буд.
Гуфтанӣ аст, ки Муҳаммад Мурсӣ дар суханони худ ба ҳимоят аз миллати Фаластин ва дастёбӣ ба ҳуқуқи машруъашо таъкид карду гуфт, ки барои расидани Фаластин ба масъалаи оштии миллӣ ва ваҳдати миллӣ талош хоҳад кард.