Categories Ахбори рӯз

Дастоварду мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон

Шӯрои воситаҳои ахбори омма, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ватании журналистӣ ва чанде аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, 3 май конфронси ҷумҳуриявии «Дастоварду мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон»-ро доир менамоянд. Дар конфронс матраҳ кардани мавзӯъҳои “Чолишҳои муъосир дар соҳаи озодии сухан дар Тоҷикистон» ва “Даъвоҳои судӣ дар муқобили ВАО: сабабу пайомадҳо” дар назар гирифта шудаанд.

Ба конфронс зиёда аз 100 нафар роҳбарону намояндаҳои идораҳои ВАО, мутахассисону коршиносони соҳа, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими кишвар даъват шудаанд. Ҳадафи конфронс баррасиву таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуъот дар Тоҷикистон мебошад.
Дар поёни нишаст тақдими ҷоизаҳои таъсисдодаи созмонҳои журналистӣ сурат мегирад.
Дафтари САҲА дар Душанбе, намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё, Филиали «Интернюс Нетуорк» ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар иҷрои ин лоиҳа ҳамкорони шӯро мебошанд.
Конфронс рӯзи 3 май, соати 9-00 дар Кохи “Ваҳдат”-и пойтахти кишвар оғоз мегардад.

More From Author

You May Also Like