В-одамиро агар тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад.
Саъдии Шерозӣ
Ҳарчанд синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро синчакорона хонда баромадам. Ҳаминро бояд тазаккур диҳам, ки ҳанӯз пеш аз хондани он мутмаин будам, ки он боз як қонуни навбатиест бар зидди аҳкому аркон ва умуман, алайҳи дини муқаддаси Ислом. Пас аз мутолиаи он ба хубӣ дарк намудам, ки пешгӯӣ ва тасаввуроти камина хато набудаанд. Кас гумон мекунад, ки муаллифони лоиҳаи мазкур аз ягон сайёраи дигар буда, дар байни мардуми мусалмони ин марзу бум зиндагӣ накардаанд ва аз мусалмонӣ бӯе ҳам набурдаанд.
Инак, бингаред, ки дар зербанди 21, моддаи 7 чӣ навиштаҷоте сабт гардидаанд: «…иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд». Дар зербанди 32, моддаи мазкур бошад, чунин гуфтаҳо дарҷ ёфтаанд: «…ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим ба мактабу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд».
Чи тавре ки мушоҳида мешавад, муаллифони лоиҳа, ки бетардид, аз донишҳои густурдаи дунявӣ бархурдоранд, аз рӯи нишондоди мақоли русии «Моя хата с краю, я ничего не знаю» амал карда, дар гузоришоти хеш дар мавриди фарогирии улуми динӣ на танҳо овардани сатракеро ҳам раво надидаанд, балки бо ҳар воситае ки набошад, ҷиҳати фарогирии донишҳои исломӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон садду монеаҳо эҷод намудаанд.
Акнун хонандаи мӯҳтарам, худат қазоват кун. Умуман, дар қонун таҳти мафҳуми вожаи «ноболиғ» ҷавонони то 18-сола дар назар дошта шудаанд. Агар аз рӯйи нишондодҳои қонуни мазкур амал кунем, умуман, то 18-солагӣ дар мавриди аҳкому аркони дини муқаддаси Ислом, шинохти Ҳақ таъоло ва паёмбарони ӯ иттилое пайдо карда наметавонем. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки агар то 18-солагӣ дар мавриди дини мубини Ислом, Қуръони маҷид, аҳодиси набавӣ маълумот пайдо накунем, дигар кай ба он муваффақ мешавем?
Чуноне ки аҳли таҳқиқ ва умуман, соҳибдилон медонанд, қариб ҳамаи он касоне, ки барои ҳифзи Қуръон ҳиммат гумориданд, ҷавонони аз шаш то 18-сола маҳсуб мешуданд. Инак, таваҷҷӯҳ намоед: магар он ҷавононе, ки ба синни 18-солагӣ расида, ба ҳаёти мустақилона ворид мешаванд, аввал ин ки зеҳнашон кунд мешавад ва дуввум ин ки ё ба макотиби олӣ (касоне, ки қудрату тавон доранд) дохил мешаванд ва ё ин ки дар пайи дарёфти ризқу рӯзӣ роҳи мусофиратро пеш мегиранд. Оё дар чунин шароит онҳо барои омӯзиши Қуръон ва умуман, аҳкому аркони дини Ислом вақту шароит пайдо карда метавонанд? Ҳаргиз не. Ва ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки пас аз 18-солагӣ низ дар қонуни мазкур ҷиҳати фарогирии улуми исломӣ нишондод ва банди мушаххасе дарҷ наёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки он 97 нафар орифи шинохтае, ки дар «Тазкиратулавлиё»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ дар бораашон маълумоти муфассал оварда шудааст, ҳамаашон (ба ҷуз Абулҳасани Ҳарақонӣ, ки баъдтар Ҳақ таъоло мисли Расули Худо ҳазрати Муҳаммад (с) ба гирифтани илми ладунӣ мушарраф мегардонад) Қуръонро дар овони хурдсолӣ ҳифз намуда буданд. Агар мо дар мавриди асҳоби киром, ки ҳамагӣ Қуръони маҷидро ҳифз намуда буданд, маълумот диҳем, сухан ба дарозо мекашад. Дар ин маврид танҳо ҳаминро бояд гӯем, ки он саҳобагони гиромӣ бо ҳифз намудани Қуръони карим иктифо накарда, омӯзиш ва таълими Қуръон ва аҳодиси набавиро дар байни садҳо ва ҳазорон нафар мардуми авом, ки навакак аз даврони асафбори ҷоҳилият қадам берун ниҳода буданду ба Исломи азиз мушарраф гашта буданд, ривоҷу равнақ доданд.
Ҳамин тавр, баъд аз вафоти Расулуллоҳ (с), асҳоби киром ва тобеъин низ омӯзиш, тафсиру тарҷумаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ қатъ нагардида ҳанӯз ҳам пойбарҷост. Касе ки аз таърихи адабиёти форсу тоҷик огоҳӣ дошта бошад, ба хубӣ медонад, ки қариб тамоми олимону мутафаккирон ва шоирон Қуръони каримро дар овони ҷавонӣ аз худ кардаанд. Аз ҷумла, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз дар ҳаштсолагиаш ин китоби осмониро ҳифз карда буд. Дар қисмати тарҷумаи ҳоли хеш Абӯалӣ ибни Сино иброз медорад, ки ҳамаи он чиро ки ӯ дар мавриди илм фаро гирифтааст, то синни 18-солагиаш будааст. Баъди 18-солагӣ ӯ таҷриба андӯхтаасту халос. Адиби шинохта, сӯфии забардаст Абдуллоҳи Ансорӣ (асри 11) бошад, Қуръони маҷидро дар 10-солагӣ ҳифз намудааст. Мавсуф дар омӯзиш ва фарогирии фунуни исломӣ то ҳадде тавонманд будааст, ки кас ҳайрон мемонад. Аз ҷумла, дар китоби «Муноҷот ва мақолот»-и ӯ чунин гузорише дарҷ ёфтааст: «Қувваи ҳофизаи Хоҷа ба қадре будааст, ки худаш мегуфта, ҳар чӣ аз қалами ман бигзарад, онро ҳифз мекунам» ва дар «Фавоидурразавия» аз эшон нақл карда, ки Хоҷа алайҳираҳма гуфт: «Сесад ҳазор ҳадис ба ҳазор-ҳазор санад ҳифз кардам». Аз ҷумла ӯ боз мефармояд: «Тифливу пастӣ, ҷавониву мастӣ, пириву сустӣ, Худоро кай парастӣ?»
Ҳамзамон бузургтарин шахсияти асри 15 Абдураҳмони Ҷомӣ чунин менигорад:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Дар чунин ҳол, оё муаллифони лоиҳаи қонун ва вукалои мӯҳтарам кафолат дода метавонанд, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ аз ҷумлаи ҷавонон касе ин дунёи фониро тарк намекунад? Шояд дар оила ва дар байни қавму қабоили онҳо чунин воқеоте содир нашуда бошад. Э, кош минбаъд ҳам дар ҳаёти эшон чунин ҳолатҳо рух надиҳанд.
Ва ногуфта намонад, ки фақири ҳақир чунин ҳолатҳоро чи дар оилаи худу хешовандонаш ва чӣ дар ҳаёти ҳадду ҳамсояаш хеле зиёд мушоҳида намудааст.
Ана бинед, ки дар ин маврид Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ мегӯяд:
Эй басо маъсиятолуда ба нофармонӣ,
Шарм бодат зи Худо, то кай аз ин нодонӣ?
Чанд гӯйӣ, ки ба пирӣ расаму тавба кунам,
Чӣ шавад гар ба ҷавонӣ ба аҷал дармонӣ?
Ба сари қабри яке рафтаму гуфтам: чунӣ?
Гуфт: аҳвол чӣ пурсӣ, ки биёӣ, донӣ.
Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд,
Чашми ибрат бикушо, хоҷа агар инсонӣ.
Ҳамин тавр, маргу мириш, воқеан, табиӣ буда, имрӯз не, фардо, имсол не, соли дигар ҳатман воқеъ мегардад. Малакулмавт як рӯз не, рӯзи дигар ҳатман дари ману шуморо мекӯбад, агар иҷозаи даромадан надиҳед, ҳатман беризогии шумо ба сари болинатон меояд. Ба ин падида бояд ҳамагӣ тайёр бошем. Вобаста ба ҳамин Абдулқодири Бедил мефармояд:
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.
Ва дар ҷои дигар чунин изҳор медорад:
Ашк як лаҳза ба миҷгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Шахсан худи ман бо чандин касони аз чилсола то 70-80-сола вохӯрдаам, ки то ин дам на рӯза доштаанду на намоз хондаанд. Дар натиҷаи пурсуҷӯ маълумам гардид, ки ҳатто калимаи таибаро ҳам намедонанд. Ҳол он ки аввалин сухане, ки ба кӯдак омӯзонида мешавад, бояд калимаи таиба бошад.
Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, камина чанд муддате бо як марди 41-сола сару кор доштам ва дар натиҷаи пурсупос маълумам гардид, ки ӯ то ин муддат на танҳо рӯза надоштаву намоз нахондааст, балки ҳатто калимаи таибаро ҳам намедонистааст. Пас аз таъкиду талқини зиёде низ ӯ натавонист калимаи мазкурро бехато талаффуз кунад.
Як чизи дигарро низ бояд зикр кард, ки муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур дар навиштаҷоти худ нисбати падару модарон ҳамчун ғулом рафтор кардаанд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё онҳо ба фарзандони мардум ҳаққу ҳуқуқе доранд. Тамоми ҳуқуқи волидайнро салб намуда, онҳоро нисбат ба фарзандон бе ҳаққу ҳуқуқ донистаанд. Онҳо, яъне муаллифони лоиҳа, дар сурате ба гуфтаҳои боло ҳақ доранд, ки дар таълиму тарбия ва ба камол расидани фарзандони мардум давлат саҳм гузошта бошад. Ҳарчанд дар Сарқонун (Конститутсия)-и ҶТ таълиму табобат ройгон нишон дода шуда бошад ҳам, аз зинаи аввали таълим шурӯъ намуда, то гирифтани маълумоти олӣ ва оддитарин табобат пулакӣ аст.
Ҳамин тавр, мо хоҳем ё нахоҳем, модоме ки лоиҳаи қонуни мазкур ба парлумон пешниҳод шудааст, ризоияти моро напурсида онро қабул мекунанд. Ва ҳамзамон бояд гуфт, ки ин ҳама масъулияти падару модаронро ҷиҳати гирифтани таълиму тарбияи динии фарзандон лағв намекунад. Онҳо бо ҳар роҳе, ки набошад, бояд фарзандони хешро ба омӯхтани улуми исломӣ раҳнамун созанд. Дар сурати ғайр, онҳо дар назди Парвардигори хеш ҳисобот медиҳанд ва ба муҷозот кашида мешаванд.
Инсоният дар гузашта чӣ гуна будааст ва акнун чӣ гуна рӯзгор мегузаронад ва оянда чӣ гуна хоҳад буд? Посухи саволи аввал ва дуюм то ҳадде барои хеле аз мардум равшан аст, аммо ҷавоб ба саволи ахир, чун ба оянда марбут мешавад, наметавон феълан ба таври дақиқ чизе гуфт. Ин савол ҳам дар бораи афрод ва ҳам дар бораи ҷавомеъ ва миллатҳо матраҳ аст.Бояд ҳар мураббӣ ва ҳар хонаводае сар дар гиребони худ фурӯ бурда, бингарад, ки чӣ барномае барои таълиму тарбияи фарзандонаш дар назар гирифта ва чӣ навъ таълимоте пеш гирифтааст.
Ҳидоят гарчи фақат дар дасти Аллоҳ аст ва ӯст, ки гардонандаи дилҳо мебошад, аммо ба ҳар ҳол ин ҷаҳон дуруласбоб аст. Худованди мутаъол ҳар чизеро бо сабабе вобаста карда ва барои ҳар иллат маълуле қарор додааст.
Масъалаи таълиму тарбия гарчи дар тамоми тӯли таърихи башар мавриди таваҷҷӯҳи тамоми донишмандони ҷаҳон будааст, аммо имрӯзҳо бо таваҷҷӯҳ ба авомили бешумори фасоду табоҳӣ беш аз пеш дорои аҳамияти махсус мебошад.
Замоне буд, ки агар инсон дар таълиму тарбияи фарзандон дучори ғафлат мегардид, чун авомили бад ва фасод чандон фарогир набуд ва муҳитҳои хубе вуҷуд дошт, билохира, фарзандон агар бисёр хуб ҳам намешуданд, чандон баду фосид низ намешуданд. Аммо имрӯзҳо чунин нест. Бисёре аз авомили гуноҳу фасод, ки қаблан дар тасаввури ҳеҷ кас намеомаданд, имрӯз ҳар кӯю барзанро фаро гирифта ва ба таври дилхоҳ метавонад дар ҳар хонае роҳ боз намояд. Ба ростӣ, ки лаҳзае ғафлат ва фаромӯшӣ ё бетаваҷҷӯҳию саҳлангорӣ дар умри фарзандон ва наберагон ҷомеаи ояндаро бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад.
Дар воқеъ, хатарҳои таҳоҷуми фарҳангии душманони Ислом ва падидаҳои шуме монанди беодобиву бебандуборӣ ва беҳиҷобиву филмҳо ва наворҳои фаҳш ва мункароти дигар аз бемориҳои вогире, ки дар гузашта ҷони чандин нафарро як ҷо мегирифта камтар нест. Бешак, вақти он расидааст, ки ҳамаи волидайн ва мураббиён дар равиши худ таҷдиди назар намоянд ва бо ҷиддияту қотеъият фикре барои фарзандон ва ояндасозони ҷомеъа бардоранд, бо ҳидояти Аллоҳ ба баҳсу машварат биншинанд, танҳо бо хондани як китоб ва гӯш кардани як суханронӣ иктифо накунанд. Мо мушоҳида мекунем, ки ҳолати бесаводӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли коҳиш аст ва теъдоди босаводону донишомӯхтагон афзуда мешавад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки агар ба таври зарурӣ ба тазкия ва тарбия таваҷҷӯҳ зоҳир нанамоем, бисёре аз фитнаҳо аз роҳи саводу хондан вориди ҷомеъа хоҳад шуд. Магар онҳое, ки имрӯзҳо дар сатҳи ҷаҳон фасод барпо мекунанд ва оташи фитна меафрӯзанд, бесаводанд? Оё онҳо дар донишгоҳҳои маълуму машҳур дарс нахондаанд?
Мусалламан, танҳо дониш наметавонад мушкилро ҳал кунад. Ин аст, ки паёмбарони илоҳӣ ва ҷонишинони ростинашон танҳо ба омӯзиши илм иктифо намекарданд. Онҳо ҳамзамон бо омӯзиши илм ба тарбияи фикру андеша ва тазкияи рӯҳу равони мардум мепардохтанд ва дар ин замина ранҷу машаққатҳои гуногунеро мутаҳаммил мешуданд, то ин ки афроди намунае ба ҷомеа пешкаш менамуданд.
Ногуфта намонад, ки дар мавриди таълиму тарбия китобҳои зиёде вуҷуд доранд, вале онҳо барои таълиму тарбияи исломӣ созгор нестанд. Агар шуду мо кутуби классиконамонро варақ занем, ҳамаи онҳо саршор аз таълиму тарбияанд. Вале бояд гуфт, ки сарчашмаи асосии омӯзишу таълим Қуръону аҳодиси набавӣ ва осори дигар шахсони маълуму машҳур ва орифон ба шумор мераванд.
С. Шарифов