Дирӯз, 21 апрел дар қароргоҳи бахши ҳизб дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб семинаре дар мавзӯи «Дидгоҳи ҷавонон ва сиёсат» баргузор гардид.
Семинари мазкурро Исмоил Талабов, масъули ҷавонон ва варзиши бахши шаҳрии ҳизб ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт.
Тоҳир Асроров, масъули ҷавонон ва варзиши шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб дар семинар суханронӣ намуда, қайд кард, ки «сиёсат хизмат кардан, ислоҳ даровардан, ахлоқ, фаъолият, иҷтимоъиёт, мавқеъгирӣ, санъат, ба мардум роҳи дуруст нишон додан ва ғайра мебошад».
Нодира Исломова, дигаре аз баромадкунандагон бошад, гуфт, вуҷуди сиёсати дуруст дар иттиҳод аст, агар иттиҳод набошад, сиёсат наметавонад комил бошад.
Categories
Ахбори рӯз