Истилоҳи КМИР ва салоҳияту вазифаҳои ин ниҳоди баргузоркунанда ва нозири интихоботро дар муддати солҳои тӯлонӣ ҷомеъа фаҳмида натавонист, ки натавонист, ҳатто ҳуқуқдонҳо ҳам, ки ину он ҳақро дошта бошад ё хайр, агарчи қонунгузорӣ дар бисёре аз мавридҳо дар бандҳои қонунҳои марбута ба КМИР бо ишораҳои нозуке зери номи Комиссияи Марказӣ оид ба баргузории интихоботу референдумҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ қоил шудааст.
Бубинед, аҷаб номеву чӣ масъулиятҳои густурдае. Мантиқ ҳам маълум, комиссияҳои зиёди дигаре низ ҳастанд дар вилояту навоҳии кишвар, ки ниҳоди марказии онҳо дар таъсису назорати ҳар кадоме бояд вазифадор ва масъул бошад. Ҳоло то куҷо вазифадору масъул будани КМИР-ро дар ин маврид ба баҳс кашиданӣ нестем, феълан паҳлуи дигари масъала ҳайрати қишрҳои огоҳи ҷомеъаро ба вуҷуд овардааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳамин ниҳоди «таҷрибадор» ба кӯшишу талошҳои аҳзоби сиёсӣ ба хотири тағйир ёфтани қонунҳои марбут ба интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ пайваста мухолифат нишон додааст, ҳадди ақал тӯли 10 соли ахир, вале танҳо дар интихоботҳои солҳои 1999 ва 2013, он ҳам президентӣ бо салоҳдиди хеш марҳалаи ҷамъоварии имзоро, ки Қонуни интихоботи президентӣ муайян кардааст, тамдид кард?
Оё қарори пешини худро ботил кардану қарори наверо ба тасвиб расонидан қисмати огоҳи ҷомеъаро ба фикре водор намесозад, ки паси пардаи тамдидкуниҳо кадом манфиъатхоҳие ҷой дошту дорад?
Бале, зоҳири масъала гӯё шароит ва имкониятҳои бештареро дар ихтиёри аҳзоби сиёсӣ гузоштан аст, ки бигузор, ҳама ҷонибҳои ширкаткунанда имзои лозимро ҷамъоварӣ намуда, вориди корзори интихоботӣ шаванд, вале чаро КМИР ин гуна имконияту шароитро, ки дар мавриди он ҳам салоҳияти комил дорад, дар зеркомиссияҳои худ фароҳам сохтанӣ нест, агар хайрхоҳие дар қалби раису аъзои он ҷӯш задааст?
Эҳтимол чунин ҳам ҳаст, онҳо ҳам мисли ҳар ҷониби ширкаткунанда дар интихоботҳо хеле хуб дарк мекунанд, ки чаро қонунҳо чунин сохта шудаанду барои чӣ Маҷлиси намояндагон ба онҳо тағйироту илова ворид намекунад. Сад дарсад инро мефаҳманд, вале чӣ кунанд, ки дар мавриди комил кардани ҳайати комиссияҳои участкавӣ бо ҳузури намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ ҳоло дастуре аз боло иттихоз нашудааст.
Албатта, тамдиди марҳалаи ҷамъоварии имзо кадом мухолифате ба қонунгузорӣ надорад ва иқдомҳои «лозим» барои ҳолатҳои мабодо қабл аз он ки ин марҳаларо тағйир бидиҳанд, анҷом гирифтанд ва «хавфу хатар»-е низ боқӣ намондааст, ки дар ин интихобот пояҳои ларзони ҳукумат худро ҳифз карда наметавониста бошад, ҳатто афтидани андоваи девори онро дигар эҳтимол ҳам қоил нестанд.
Ба ҳар ҳол, дунё ба умед мегӯянд, рӯзе мерасад, ки на танҳо КМИР, ҳатто худи ҳукумат аз салоҳияту масъулиятҳои хеш назди миллат ҳисоботдиҳанда қарор мегирад ва ниёзу ормонҳои онро пиёда месозад. Агарчи дар КМИР ва долонҳои болотар ин ҳарфҳоро ба маънии дигар мефаҳманд, вале иншоаллоҳ, ин иттифоқ омаданист.
Бо умеди таҳаққуқи ниёзу ормонҳои асили миллат.