nahzat.tj
Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия мегӯяд, ки баъди 7 моҳи тафтишот парвандаи маъруф ба гурӯҳи «Пантера» ба суд ирсол шуд.
Дар ин парванда, як идда мансабдорони вазорати корҳои дохилӣ; Фаррух Умаров – муовини сардори раёсати мубориза бар зидли маводи мухаддир дар ноҳияи Фархор, Зафар Мирзоев сардори шӯъбаи мубориза бар зиди маводи мухаддири вазорати корҳои дохилӣ, Рустам Ҳайитов мулаққаб ба Рустами Хамер, ки пеш чандин маротиб суд шудааст ва чанд нафари дигар шомиланд.
Бино ба гуфти Агентӣ далелҳои дар ин парванда қайдшударо Прокуратураи Генералӣ тасдиқ кардааст.
Агентӣ ин гурӯҳро моҳи декабри соли 2011 боздошт карда буд. Дар пайи боздошт, мақомот аз фаромиллӣ будани ин гурӯҳ иттилоъ доданд.
Зимнан Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ бо назардошти он ки аксарияти ин гурӯҳи ҷиноии маводи мухаддир кормандони воломақоми ниҳоди зертобеъи ӯ ҳастанд, чанде пеш гуфта буд, ки ин парванда зери назорати қатъии Президент қарор дорад.
Аввалин бор аст, ки мақомот аз боздошти чунин мансабдорони сатҳи боло хабар медиҳад.