Ҳафтаи ошноӣ бо Ислом дар Амрико

Донишҷӯёни мусулмони донишгоҳи Канзаси Амрико аз 5 то 9-уми ноябри соли ҷориро дар донишгоҳи худ “Ҳафтаи ошноӣ бо Ислом” элон намудаанд.

Дар ин бора хабаргузории “Форс” гузориш дода, навиштааст, ки Анҷумани дониҷӯёни мусулмони донишгоҳи мазкур ба хотири муаррифии омӯзиши дурусти дини мубини Ислом даст ба ин иқдом задаанд.

Бояд гуфт, усули Ислом, зан ва ҳиҷоб, тасаввуроти нодуруст дар бораи мусулмонон, шахсиятиҳои барҷастаи исломӣ ва пахши мустанади зиндагии паёмбари акрам Муҳаммад (с) аз зумраи барномаҳое мебошанд, ки дар давоми ин ҳафта баргузор хоҳанд шуд.

Раиси анҷумани мазкур Айша Кайнсид дар ин бора чунин изҳор намудааст: “Тасаввуроти нодурусти фаровоне дар бораи Ислом ва мусулмонон вуҷуд дорад. Мо умедворем, ки битавонем нишон бидиҳем Ислом дар асл чигуна дин аст ва то андозае он тасаввуроти нодурустро ислоҳ кунем”.

Номбурда афзуда, ки дар баробари барномаҳои аслӣ, низ қарор аст мусобиқоти қироати Қуръони карим дар маҳалли ин донишгоҳ баргузор шавад.

Гуфтанис, бархе аз оморҳо ҳокӣ аз онанд, ки ҷамъияти мусулмонони Амрико зиёда аз 7-миллион нафарро ташкил медиҳад.

More From Author

You May Also Like