Categories Ахбори рӯз

“Дифоъ аз мазлумияти мардуми Ғазза”

Имрӯз, 25 июл дар шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб маҳфиле таҳти унвони “Дифоъ аз мазлумияти мардуми Ғазза” баргузор гардид, ки дар ин ҷаласа аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ширкат доштанд.
Дар ин нишаст зимни суҳбати худ, Муҳаммадшарифи Набӣ, масъули шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки мо бояд дар ҳар сурат дифоъ аз мазлум дошта бошем.
“Нисбати зулм вазифаи имонии мост, ки аз мазлум дифоъ кунем, новобаста аз дину миллати мардуми мазлум. Бубинед, ки мардуми Ғаззаи Фаластинро бомбарон мекунанд, вале роҳбарони кишварҳои Ғарб лаб ба хомӯшӣ задаанд. Чаро кишварҳои арабӣ дар ин бора вокуниш нишон намедиҳанд? Чаро ки ҷонибдори дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза нестанд…”
Дар идомаи суҳбати худ масъули шуъба гуфт, агар мо бо қувваи бозу ба мардуми мазлуми Фаластин кӯмак карда наметавонем, пас бояд бо забон коре кунем, вале агар бо ин ҳам муваффақ нагардидем, пас бояд бо диламон нисбати саҳюнизм ва Исроил ҳисси бадбинӣ дошта бошем…

More From Author

You May Also Like