Аҳтам
6) Суол: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Оё бе таҳорат аз ёд хондани оятҳои Қуръон ҷоиз аст? Илтимос чавоб гуед
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Хондани оятҳои Қуръон аз ҳифз бе таҳорат ҷоиз мебошад, аммо гирифтани Қуръон бо даст бидуни таҳорат макруҳ мебошад.
****
Тоҷидин
7) Суол: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Аввалан ба созмондиҳандаҳо ва олимони ин сомона аз Худованд тани сиҳату умри дарозу илми равон талаб намуда, баъдан аз Худо дуо мекунем, ки онҳоро дар паноҳи худ нигаҳ дораду чунин сомонаҳое, ки аз онҳо мо метавонем илми диннии худро боло барем зиёда гардонад. Илтимос ба ин саволҳои ман бо ояту ҳадис ҷавоб гуед.
1) Дар ҳадисе омадааст, ки либоси абрешим ба мард манъ аст. Сабаби ин дар чист?
2) Дар ҷанги Хайбар Пайғамбар (с) никоҳи сиға ва гушти харро ба уммат ҳаром кард.Савол ин ки гушти хар то ҷанги Хайбар ҷоиз буд, баъдан ҳаром шуд. Оё то ҷанги Хайбар саҳобаҳо (р) гушти хар мехурданд? Сабаби ҳаром шудани гушти хар дар чист?
3) Мо гушти ҳайвонот чи хокӣ ва чи обӣ ва инчунин парандаҳоро чӣ гуна муайян кунем, ки ҳаром ё ҳалол аст? Худо нигаҳбонатон бод.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: бароӣ саволи якум далели ҳикмати ҳаром шудани либоси ҳарирро бар мардон олими муосири ислом Юсуф Қарзовӣ чунин баён намуда аст: «Ҳадафи ислом аз таҳрими истифодаи зиннатӣ аз ҳариру тилло бароӣ мардон як ҳадафи тарбиятӣ ва ахлоқӣ дорад ва ин ҳам бароӣ боло бурдани шахсият ва мардонагии мардон аст. Ислом, ки дини қувват ва ҷиҳоду шуҷоат аст мехоҳад, ки шаҳомату шуҷоати мардонагии мардонро аз нишонаҳои заъфу шикасту нобудӣ нигоҳ дорад. Марде, ки Худованд ӯро аз лиҳози нерӯ ва қудрату таркиби ҷисмонӣ бар зан бартарӣ додааст, сазовор ва шоистаи мақоми Ӯ нест, ки дар истифода аз зиннату олот (яъне масоили ороиш) бо зан мусобиқа намуда, дар ин амал бо ӯ шарик шавад. Илова бар ин, дар таҳрими мазкур як ҳадафи иҷтимоии муҳим дар назар гирифта шудааст, ки он мубориза ба ашрофият ва хушгузарнист».
Ҷавоби саволи дуюм. Бале асл дар ҳарому ҳалол дар ислом мубоҳ аст ва шариати Ислом руӣ меъёрҳои хоссае, ки дорад мувофиқ бо назми ҷомиасозии исломӣ чизҳоеро ҳаром мегардонад. Бино бар ҳамин асл, мо метавонем бигуем, ки истифодаи гуштҳое, ки баъд ҳаром шуданд ва пеш аз он мубоҳ буданд. Аммо дар ҳикмати ҳаром будани хурдани гушти хар ихтилоф вуҷуд дорад; баъзеҳо чунин назар доранд, ки инсонро ба девонагӣ ва бемориҳои равонӣ гирифтор мекунад.
Ҷавоби саволи сеюм бошад чунин аст. Ҳайвоноти обӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ба мисли моҳӣ ва анвоъи он ҳалол буда ва ғайри моҳӣ ва ҳар мавҷуди обии дигар ҳаром дониста шудааст. Аммо ҳайвонҳои заминӣ ба ду гуруҳ мебошанд, 1: хонагӣ. 2: ваҳшӣ. Парандаҳое, ки дорои чангол, минқор ва шикорӣ мебошанд ё умуман гуштхур мебошанд, ҳаром дониста шудаанд ва ғайри инҳо ҳалол дониста шуда ҷуз зоғи алла. Аммо дар бораи ҳайвонот, ҳар ҳайвоне, ки даранда аст, ҳаром дониста мешавад
Барои саволу ҷавоби бештар инҷоро зер кунед: http://www.nahzat.tj/suol