Categories ДИДГОҲ

Доктор Абдуллоҳ: Интихобот намоиши қудрати мардум аст

Интихобот ба маҷмуъае аз созу корҳое гуфта мешавад, ки дар ростои гузиниши фармонравоён барои мудирияти қудрат тадбир шудааст, то ба шеваҳои демократӣ сиёсӣ намудани мардум ва иҷтимоъӣ сохтани қудратро дар ҷомеъа осон намояд. Масъалаи аслии демократияро низ иҷтимоъӣ сохтани сиёсату ақлонӣ намудани қудрат ташкил медиҳад. Яъне сиёсат ба ҷои хос донистани он афроду гуруҳҳо, ба унвони падидаи иҷтимоъӣ, ки дар натиҷаи қарордодҳои иҷтимоъӣ ба вуҷуд меояд, талаққӣ мегардад.
Ба ҳамин хотир, бистари аслии таквини сиёсат “мардум” ва арсабозии он ҳам “равобити иҷтимоъӣ”-ву мардумсолорӣ дар пайи он аст, ки сохти қудратро дар таносуб бо “мизони мушорикат ва пуёии рақобати сиёсӣ” шакл дода, дар ҷиҳати манофеъи мардум қобили тавҷеҳ намояд.
Таҳлилгарон ҳушдор додаанд, ки қудрати сиёсӣ, бинобар хусусияти ҷавҳариаш, ҳамвора ба сӯйи “тамаркуз” гароиш дорад ва моил ба “инҳисор” ҳам ҳаст. Барои аз суқут ба вартаи “тамаркуз” наҷот ёбад, бояд бо василаи ниҳоду равандҳои муайяншуда аз роҳгузари раъй ва ризояти мардум мудирият шавад.
Дар даврони муосир, ирода ва ризояти мардум дар низомҳои демократӣ аз тариқи интихобот таҳаққуқ меёбад. Интихобот имкони онро фароҳам месозад, ки мардум ба тарзи озод роҳбару мудирони сиёсии мавриди назари худро интихоб намоянд. Идеяи интихобот бештар аз ҳамаи ҷанбаҳо ношӣ аз нав шудани шароит ва тағйир дар авзоъу аҳволи сиёсӣ ва иҷтимоъист, авзоъе, ки истибдоди сиёсӣ ва низомҳои хонаводагиро бардошт карда наметавонад, инчунин ширкати мардумро дар тасмимгириҳои сиёсӣ ҷойгоҳ мебахшад. Соҳибназарон интихоботро барои расидан ба қудрати сиёсӣ мантиқитарин роҳ талаққӣ мекунанду муътақиданд, ки он пеш аз ҳама бар бинои ҳуқуқи башар ва ҳокимияти мардум баргузор шуда, ҳуқуқи бунёдии ҳамаро барои мушорикати сиёсӣ ба вуҷуд меорад. Мумкин аст, иддае аз шаҳрвандон бар ин бовар бошанд, ки танҳо як раъй доранду як раъй таъсиргузор набошад ва бари ин асос ниёзе ба ҳузур дар интихоботро намебинанд. Дар чунин шароите мебояд барои ҳузури мардум дар саҳна фарҳангсозӣ кард ва раванди ширкати онҳоро тақвият бахшид. Коре, ки тамоми нирӯҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, аз ҷумла расонаҳо анҷом додаву медиҳанд.
Дуюм, интихобот ба унвони созу кори мусолиматомези интиқоли қудрат аз як тим ба тими дигар дар назар гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин ҷо ба ҷо гузорӣ, ҳаққи ҳокимияти мардум пойдор монда, онҳо аз раҳгузари интихобот поёни як давраро мегузаронанд. Фармонравоён ва ҳукуматкунандагони давраи баъдиро бо иродаи озодашон бармегузинанд. Биноан, лозимӣ ба назар мерасад, то тамоми шаҳрвандон дар интихобот огоҳона ширкат намоянд ва пас аз он ҳам посдорӣ аз орои хешро бар уҳда бигиранд, то сиёсат аз ҷозибаҳои миллӣ бархурдор гардаду сабаби инсиҷоми иҷтимоъӣ шавад.
Интихобот ба унвони беҳтарин роҳкору имконе ба шумор меравад, ки сиёсату қудратро аз инҳисори афроду гуруҳҳои хос берун кашида, дар меҳвари иродаи миллӣ қарор медиҳад. Равшан аст, мардуме ки аз ин имкон ҳушёронаву огоҳона истифода карда натавонад, демократия аз марҳилаи ҳаддӣ-ақаллӣ ба марҳилаи ҳаддӣ-аксарӣ пуё нахоҳад шуд ва гузор аз инҳисори маътуф ба иҷмоъи демократӣ дар кишвар таҳаққуқ нахоҳад ёфт.
Ман ва тими бузурги ҳамроҳам омодаем, то ин аҳдофи бузургро дар сарлавҳаи корӣ қарор дода, бо роҳбариву идораи солим, ислоҳоту ҳамгароиро, ки зарурати фаврии ҷомеъаи мост, ба даст биёрем. Дар низоми мудирият ва ҳукумат тими ислоҳоту ҳамгароӣ асл бар шоистасолорӣ, ҳифзи тавозуну таъкид бар ҳуқуқи шаҳрвандист. Мо мехоҳем корро ба аҳлаш супорида, сарфи назар аз табъизу беадолатӣ аз нирӯҳои омода ва сазовор истифода намоем .
Дар соҳаи сиёсати дохилӣ, ваҳдату якпорчагии миллӣ, истиқлолу иззати кишвар ва оромиву некуаҳолии ҷомеъа дар меҳвари сиёсатҳои мост, дар сиёсати хориҷӣ, мувозинати мусбатро дар назар гирифтаем. Ҳамкорӣ бо ҷомеъаи байналмилал ва таъомули созанда бо ҷаҳону минтақа дар чорчубаи манофеъи миллии кишварро зарур мешуморем.
Дар арсаи иқтисоду иҷтимоъ, фақрзудоӣ, эҷоди кору касб, мубориза бо фасод, решакан кардани маводди мухаддиру муътодшудан ва таъкид бар барномаҳои беҳдоштӣ аз авлавиятҳои мост. Интизори мо аз мардуми рашид ва шуҷоъи кишвар бароварда гардид, онҳо бо ҳузури густурда, пуршур ва огоҳонаи худ дар интихобот, ба ислоҳоту ҳамгароӣ раъй доданд, то ояндаи рушану умедбахш рӯ ба рӯи онҳо нақш бандад. Тими мо метавонад сулҳи пойдор, амнияту оромиш ва иззату некуаҳолии шаҳрвандонро таъмин ва нишоту умед ва созандагиро ба кишвар баргардонад.
Ҳамватанони азиз, интихобот қудрати бартари шуморо ба намоиш гузошт ва нақши таъйинкунандаи шаҳрвандиро дар арсаи сиёсӣ барҷаста сохт. Дар интихобот ширкат кардану раъй додан на танҳо як гом ба сӯйи зиндагиву озодӣ, балки нафаси зиндагиву озодагист.

More From Author

You May Also Like