Домулло Муҳаммадӣ: “То охири ҳаётат хизмати Ислом кун!”

Ин бегоҳ 22 – ноябри 2012, Домулло Муҳаммадӣ, олими маъруфи исломи тоҷик ба хок супурда шуд.

Даҳҳо ҳазор мардум ва олимони намоёну мубаллиғони номии тоҷик аз ҳама вилоятҳои Тоҷикистон дар ҷанозаи марҳум ва маросими дафн иштирок доштанд.

Дар ин рӯзи мусибати мусалмонони ҷумҳурӣ мо бо якчанд намояндаҳои дини мубини Ислом мусоҳиб шудем, ки бароятон пешкаш мекунем.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии тоҷик:

“Воқеан ҳам барои мардуми тоҷик фавти олими маъруф фоҷиа ва талафоти бузург аст, хусусан мисли ҳазрати Домулло Муҳаммадӣ аст. Яке аз бузургтарин олимҳо ва ботақвотаринҳо, ҳақгӯйтарин олим буданд ва ҳамеша бо таблиғи дин ва навиштани китобҳо машғул буданд. Барои мардуми мсусалмон ин як талафоти бузурге мебошад.

Бахусус барои фарзандону аҳли оилааш ва тамоми мардуми мусалмон, ки марҳумро мешинохтанд, таъзия баён мекунам.”

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини роҳбари ҲНИТ:

“Ман таъзияи худро ба тамоми донишмандони аҳли Ислом баён медорам. Устод Домулло Муҳаммадӣ як умри пурбаракатро гузаронидаанд. Аз ҷумлаи уламое буданд, ки бо доштани илми бисёр ҳам қавӣ ва пурбаракат дар пешбурд ва тараққӣ додани илми Ислом дар кишвар хизматҳои шоистаеро анҷом додаанду имрӯз сафари охиратро интихоб кардаанд. Ва мо умедвор ҳастем, ки барои пойдории ин миллат эшон ҳарчи ки гузоштаанд, дастгири охираташон шавад.

Домулло чанд муддат бемор буданд ва Худоро шукри беандоза мегӯям, ки чор рӯз қабл аз реҳлаташон банда муваффақ шуд, ки бо якчанд нафар бародарон, барои аёдати устод Домулло Муҳаммадӣ сафар намуда, аз зиёрати эшон бархӯрдор шудем. Ҳазрат барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли илм ва уламо таъкид карданд. Ва умедвор буданд, ки солҳои оянда дини Ислом бештар тараққӣ хоҳад кард, ки он хайру баракоте, ки Худованд тавассути ин дин ба оламу башарият мефиристад, иншоаллоҳ, ба ин мардум насиб хоҳад шуд.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ:

“Домулло Муҳаммадӣ яке аз олимону донишмандони бузурге буданд, ки улуми Исломиро аз худ карда, то охири умр дарсу таълим медоданду бо корҳои илмӣ машғул буданд.

Чандин китобҳое навишта буданд барои аҳли фатво, хуллас, як муфтии замон буд. Касе буд, ки мушкилоти никоҳу талоқ ва закотро, яъне, масоили фиқҳиро ҷавобгӯ буд. Яъне, дар кадом маъракае менишаст, мардум аз донишаш истифода мекарданд. Як мушкилоте, ки дар байни мардум мешуд, ҳамеша ҳал мекарданд. Як нафар донишманди хизматгузори Ислом буданд. Домулло дар ҳамони аввали ҷанги шаҳрвандӣ тӯли 2 сол дар Афғонистон муҳоҷир буданд. Дигар фарзандҳои олиму донишмандро ба камол расониданд.”

Домулло Маъруф, имом – хатиби масҷиди “Сари Осиё”, шаҳри Душанбе:

“Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, як нафаре буданд, ки дар замони Шӯравӣ дар дини Ислом бисёр хизматҳои шоста кардаанд. Ин кас аз ҷумлаи шогирдони пешқадами Қозӣ Абдулрашид алайҳи раҳма мебошанд, ки одами аҳли тақво буданд. Худо раҳаматашон кунад, навиштаҳои хеле зиёд доштанд.”

Эшони Довудхон, коршиноси исломӣ:

“Албатта, аз дунё гузаштани яке аз домуллои хеле маъруф ва машҳури кишвар, ин боиси андуҳу мусибати тамоми мардуми кишвар, тамоми мусалмон аст. Танҳо ин калима дар забони мо ҷорӣ мешавад: “Ҳамаи мо аз Парвардигорем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯ мебошад.” Паёмбари гиромиқадр ҳам дар ин робита дар ҳадисе фармудаанд: “Марги олим мусибате ҳаст, ки ин ягон ҷуброне надорад. Ин ягон шикасте ҳаст, ки онро дубора мустаҳкам карда, ё дуруст карда намешавад. Ин уламо як ситораи дурахшон аст. Мавти як қабилае барои ман осонтар аст аз марги як олим.” Ба ин хотир аз даст додани ин гуна уламо, ин аз даст додани илм аст.

Домулло Муҳаммадӣ як нафар донишманде буданд, ки дар нашри рисола ва фарҳангҳо хизматҳои арзандае доштанд. Ба ҳар нафаре, ки масъалае пеш меомад, ба домуллои марҳум муроҷиат мекарданд ва посуху ҳалли фатвоҳоро мепурсиданд. Банда ду – се рӯз пеш аз фавташон бо ҳамроҳии падарам ба дидорбинии ин олими бузург рафтем ва дар охирин лаҳзаҳо дасти бандаро гирифта, гуфтанд: “То охири ҳаёт хизмати Ислом кун!”

Нафаре буданд ҳамеша дӯстдори Ислому Шариъат ва мардумро бо рӯҳи Ислом муолиҷа менамуданд.

More From Author

You May Also Like