Ба назар мерасад дар ҷомеаи мо як гурӯҳ дар паи он ҳастанд, ки Исломро ҳамчун дини душмани илм ба мардум муаррифӣ намуда, озодӣ ва пешрафтро баробар бо бединӣ таъбир намоянд. Коре, ки дар тули таърих афрод ва гурӯҳҳои бисёре хостанд анҷом диҳанд, вале натавонистанд. Аммо имрӯз дида мешавад, ки бархеҳо Абуҳомиди Ғаззолиро душмани илм гуфта ҳатто дод мезананд, ки ӯ камари илмро шикастааст. Ба хотири исботи нодурустии ин даъвоҳо хостем ин чанд сатрро пешкаши хонандагони сомона намоем.
Теъдоде аз иктишофот ва ихтирооти донишмандони мусалмон қарнҳо пеш аз урупоиён ба вуқӯъ пайваста буд. Дар зер баъзе аз иктишофоти илмӣ ва пажӯҳишии муҳаққиқони мусалмонро меорем, ки дар даврони авҷи инквизитсия (яъне, тафтиши ақоиди мазҳабӣ аз тарафи калисо), дар замоне, ки Урупо дар ҷаҳл фурӯ рафта, бо илм душманӣ дошт ва ҳангоме ки олимони беҳтарин дар оташ зинда ба зинда сӯзонида мешуданд, ба миён омадаанд.
Саноат
Аввалин корхонаи тавлиди коғаз соли 794 дар Бағдод аз ҷониби Ибни Фазл, фарзанди халифа Ҳорунаррашид, сохта шудааст. Чунин корхона дар Миср соли 800 ва Андалус ҷануби Испани соли 950 бино ёфтааст. Дар Урупо бошад чунин корхонаҳо хеле баъдтар ба кор шурӯъ карданд. Аз ҷумла: Дар императории Бизонс Византия соли 1100 , Ситсилия 1102, дар Олмон 1228 , ва дар Англия бошад соли 1309 ба кор шурӯъ кардаанд. Бе гумон, ба ҳама маълум аст, ки коғаз маводи хом аст барои тавлиди китоб. Аз ин рӯ корхонаҳои тавлиди коғаз дар ҷаҳони Ислом нишондиҳандаи онанд, ки илм дар давлатҳои исломӣ бо шитоб тараққӣ мекард.
Тиб
Розӣ (864-925) табиб, дар таҳқиқи илмӣ ба Ибни Сино баробар аст. Бо пешниҳоди бархе муҳаққиқон ӯ бори аввал бемориҳои обилаи мурғон (ветрянная оспа) ва таб (лихорадка)-ро шарҳу тафсир додааст.
Ашшамсиддин (1389-1459)-устод ва мураббии Султон Муҳаммади Фотеҳ, мавҷудияти микробҳоро нишон додааст. Баъзе аз муҳаққиқон исботи мавҷудияти микробҳоро ба Ибни Сино муртабит медонанд). Камбур Весил ( (вафот 1761)кашшофи микроби сил буд.
Иброҳим Ҷессар (вафот. 1009) ҳанӯз ҳазор сол пеш сабабҳои пайдоиши бемории махав (проказа)-ро муайян кард ва равишҳои дармони онро пешниҳод намуд. Ибни Хаттоб (1313-1374) фарзияи илмии худро дар мавриди моҳияти уфунии бемории вабо пешниҳод кард.
Пизишкони мусалмон дар давоми қарнҳо дар заминаи мутолиоти бемориҳои чашм аз нигоҳи илмӣ пешсаф буданд. Ибни Рушд (1126-1198) аввалин олиме буд, ки шабакияи чашм, яъне бофтаи чашмро омӯхт. Рисолаи илмии табиби маъруфи чашм Алӣ бинни Исо зери унвони “Тазкира” дар давоми қарнҳо ягона сарчашмаи иттилоотӣ дар ин соҳаи тиб ба шумор мерафт.
Олими мусалмон бо номи Аммор ҳанӯз 9 қарн қабл амали ҷарроҳии чашмро, ки бо сабку услуби махсуси худаш буд ва роҳи он танҳо ба худи ӯ ошно буд, истифода менамуд.
Алӣ бинни Аббос (ваф. 994 ) амали ҷарроҳии бемории саратонро гузаронд, ки ба сатҳи замонавии имрӯзаи амалҳои ҷарроҳӣ дар ин ҷода мувофиқу муносиб аст. Асари ӯ “Китобулмаликӣ” то имрӯз муносибат ва мавзӯияти худро аз даст надодааст.
Ибнул Нафис300 (1210-1288) сол пеш аз донишмандони урупоӣ гардиши миёнаи хунро шарҳу эзоҳ дода буд ва тамоми ҷузъиёт аз вижагиҳои ин кашфро дар китоби “Қонун” Ибни Сино тафсир кард.
Аввалин бемористон ҳанӯз соли 707 дар замони салтанати халифа Валид бинни Абдумалик аз сулолаи Умавиён, таъсис ёфта буд. Тамоми ҳазинаҳои таъмиру нигаҳдории ин бемористон аз ҷониби давлат анҷом мешуд. Барои ҷилавгирӣ аз фирори беморони мубтало ба махав, эшонро эълом ба боздошт намуда буданд. Инчунин ин беморон ва ҳамчунин кӯрҳо бо маводи ғизоӣ таъмин мешуданд. Ана дар ҳамин замоне, ки ҷаҳони Ислом дар ҳамин сатҳ корҳои илмӣ анҷом медод, дар Урупо пизишконро ҳуққабозу фиребгар ва бемористонҳоро паноҳгоҳи шайтон меҳисобиданд.
Риёзиёт
Дар ҷодаи риёзиёт низ мо наметавонем дастовардҳои донишмандони мусалмонро инкор кунем ва нодида бигирем. Ин дастовардҳоро ҳатто донишмандони имрӯзи урупоӣ мавриди қадрдонӣ ва таҳсин қарор додаанд. Ба унвони мисол ин ҷо сухани олим ва муҳаққиқи маъруфи ғарбӣ Жак Рислерро меорем, ки чунин гуфтааст: “Устодони риёзии давраи эҳёи мо мусалмонон буданд”.
Донишманди фаронсавӣ Э.Ф. Гуте бо шавқи зиёд гуфт: “Фарҳанги Урупо аз хазинаи дастовардҳои илмии мусалмонон на танҳо бо алҷабр инчунин бо дигар шохаҳои риёзиёт ғанӣ гашт. Дар ҳақиқат риёзиёти замонавии ғарбӣ идомадиҳандаи риёзиёти исломист”.
Бунёдгузори ҷабр (алгебра) Хоразмӣ (780-850) аввалин шуда аз адади сифр истифода кард. Ӯ китоби аввалинро роҷеъ ба ҷабр зери унвони “Алҷабр вал муқобала” навишт. Баъдан истилоҳи “алҷабр ” аз унвони китоби Хоразмӣ бо тағйири талаффузи донишмандони ғарбӣ чун “алгебра” садо дод.
Беттонӣ (858-929) яке аз он донишмандони мусалмонест, ки барои Урупо дар риштаи риёзиёт намуна гашта буд. Ба ақидаи Жак Рислер маҳз Беттонӣ илми мусалласот (тригонометрия)-ро поягузорӣ кардааст.
Мафҳуми синус низ аз ҷониби мусалмонон кашф шудааст. Мусулмонон “синус”-ро “сейб” ном мегирифтанд. Дар ғарб бо тағйири талаффуз бо истилоҳи “синус” садод дод.
Абулвафо (940-998) ба мусалласот мафҳумҳои тангенс, котангенс ва косекансро ворид намуд. Насируддини Тӯсӣ (1201-1274) муаллифи китоби аввалини дақиқ дар риштаи мусалласот буд. Кашфи формулаҳои тағйирёбандаи мусалласот ба Ибни Юнус (ваф. 1009 ) тааллуқ дорад.
Формулаи дуҷумлаиро, ки ба Нютон нисбат медиҳанд, ба ҷабр Умари Хайём (ваф. 1123 ) ворид намудааст.
Ҳисоби диференсиял ва интеграл диференсиялро хеле пеш аз Нютон Собит бинни Ғурро (ваф. 901) кашф намуда буд. Бори аввал ҷабри ҳандасиро на Декорт чуноне, ки бисёриҳо ин андешаро доранд, балки Собит бинни Ғурро ворид намуд.
Шпенглер (1880-1936) мӯътақид буд, ки мафҳуми тобеъ (функсия) бори аввал дар илми риёзӣ дар Урупо матраҳ шуд ва то ҳол дар ягон фарҳанги дигаре ҳаргиз во нахӯрдааст. Аммо Муҳаммад Иқбол, ки таҳқиқоти густардае дар ин замина анҷом додааст, ба шиддат ин иддаоро рад намуда, собит намуд, ки идея оиди тавобеъ (функсия) қарнҳо пеш аз урупоиён тавассути Берунӣ ироа гаштааст.
Ғиёсиддин Ҷамшед (ваф. 1429 ) аввалин бор системаи адади даҳиро кашф намуда, роҷеъ ба ин мавзӯъ рисолаи илмӣ низ навишт. Ӯ ҳамчунин аввалин донишманде буд, ки намодгузории риёзӣ (математическое счисление)-ро мавриди истифода қарор дод.
Нуҷум
Нуҷум яке аз риштаҳои илм аст, ки донишмандони исломиро ба худ ҷалб мекард. Тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишварҳои исломӣ расадхонаҳо вуҷуд доштанд. Он ҷо донишмандони мусалмон асрҳо пажӯҳишҳои илмӣ анҷом медоданд, асрори бисёр илмҳоеро кашф менамуданд, ки манбаи илҳом барои донишмандони ғарбие, мисли Ҷордано Бруно (1546-1601), Коперник (1473-1543) ва Галилей (1564-1642) гашта буданд.
Устоди собиқи Донишкадаи исломӣ дар Порис Жак Рислер дар мавриди таъсири мусалмонон дар эҳёи Ғарб чунин гуфт: «Ситорашиносони мусалмон дар даврони эҳёи мо ҳамон асареро гузоштанд, ки риёзидонҳо гузошта буданд».
Мусулмонон на танҳо устурлобро комил намуданд, балки метавонем бигӯем, ки дубора онро эҷод намуданд. Устурлоб абзорест барои муайян намудани маҳалли ситораҳо ва фосилаи байни онҳо. Рисолаи аввалини илмӣ роҷеъ ба ин мавзӯъ аз ҷониби Мошааллоҳ (ваф . 815 ) навишта шудааст.
Зеркалӣ (1029-1087) устурлоби барои ҳамон давра аз ҳама дақиқ ва муносибро ихтироъ намуд.
Донишмадони мусалмон қарнҳо пеш аз урупоиён куррашакл будани замин ва чархидани онро исбот намуда буданд. Ҳанӯз Берунӣ собит намудааст, ки замин дар атрофи меҳвари худ ва дар атрофи офтоб мечархад. Дар натиҷаи таҳқиқоте, ки ӯ дар наздикии Ҳиндустон дар шаҳри Нандан анҷом дода буд, Берунӣ тавонист, ки масоҳати курраи заминро ҳисоб кунад. Ин равиши мавриди истифода қарор додаи ӯро дар Урупо “қонуни Берунӣ” меноманд.
Ҳанӯз дар асрҳои 9-10 бародарон Мӯсо тӯли даври курраи заминро ҳисоб карданд.
Маҷмӯаи мақолаҳои илмии Фарғонӣ дар риштаи нуҷум давоми 700 сол аст, ки дар Урупо ба унвони манбаъи омӯзишӣ истифода мешаванд. Фарғонӣ ҳамчунин вуҷуди лаккаҳо (нуқтаҳои доғ)-ро дар Офтоб кашф кард.
Ба ақидаи Лаланда Саби “ҷадваллери”-и ҷадвали ситорашиносии Баттонӣ, ки ӯ ба унвони яке аз 20 мунаҷҷимони маъруфи дунё шинохта шуда буд, дар Урупо то замони Коперник ҳамчун асос қабул шуда буд. Баттонӣ ҳамчунин тавонист соли шамсиро ҳисоб кунад. Ҳисоби ӯ тақрибан бо додаҳои (данные) замонавӣ яксон аст бо фарқият ҳамагӣ дар 24 сония.
Дар ҳоле ки Улуғбек (1394-1499) ҳоким буд, бештар фаъолияти худро ба илм бахшида буд . Ӯ дар Самарқанд расадхонаи бузурге бунёд намуд ва дар асри худ ба унвони як ситорашиноси маъруф машҳур гашт.
Алии Қушчӣ (ваф. 1474, ) ки унвони Птоломеи асри худро соҳиб гашта буд, инҳинои доиратулбуруҷ (кривизна эклиптики)-ро ҳисоб кард. Илова бар ин рақамҳои номбаркардаи ӯ аз додҳои (данные) замонавӣ фарқи хеле кам доранд. (23030′ 13 додҳои змонавӣ 23027) ‘. Фарғонӣ аввалин донишманде буд, ки ба таври дақиқ инҳинои доиратулбуруҷро (кривизна эклиптики) ҳисоб кард.
Бетруҷӣ (асри 13) назарияи ҳаракати сайёраҳоро дар атрофи як доира дар хориҷ аз марказ рад намуда, роҳро барои Коперник боз кард.
Ҷобир бинни Афлоф (асри 12) хеле пештар аз урупоиён зовияти самт( угол азимута)-ро пайдо намуд, ки аз рӯи он ҷило ва маҳалли ситораҳо муайян карда мешуданд. Ситорашиноси олмонӣ Режинтан бо ҳамин усул баъд аз 300 сол ба натиҷаи мазкур расид.
Физика
Аҳмад бинни Мӯсо дар асари худ “Услубҳои аҷиб” нақшаи қариб 1000 абзори услубҳои танзими автоматикиро кашида буд.
Абулиз Исмоил ал-Ҷазарӣ (ваф. 1206 ) дар асари илмии худ “Китоби хаёл” асоси кибернетикаро гузошт.
Асосгузори мабҳаси нур (оптика) Ибни Ҳисом (965-1051) дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии худ “Китоби тасовир” ба фаъолияти олимоне чун Родҷер Бекон (1214-1294), Кеплер (1571-1630) ва Леонардо да Винчи (1452-1519) такон дод . Дар олами илм муддати 600 сол ин китобро асос меҳисобиданд.
Форобӣ (870-950) табиати физикии садоро тафсир кард.
Ибни Ғирорӣ (ваф. 1100 ) аввалин бор дастгоҳи харротӣ сохт.
Исмоил Ҷавҳарӣ (950-1010) дар вақти аввалин парвоз ҳалок шуд.
Аҳмад Чолобӣ( асри 17) бо тахаллуси ”Ғазарфан” ба шонаҳояш қанотҳои уқобро баста, бори аввал бомуваффақият аз манораи Ғалата дар Истанбул то Доғанлар дар Ускударе парвоз кард. Лоғарӣ Ҳасан Чолобӣ, ки дар замони ҳукмронии Султон Муроди 4 ба сар бурдааст, бо кашфи асбобе монанд ба навъи ракета ва парвози бомуваффақият дар он, машҳур гашт.
Олими мусалмон бо номи Ибни Фирнанс дар соли 880 бори аввал асбобе ба аэроплан монанд тарроҳӣ намуд. Барои сохтани тарҳи худ ӯ аз матои сахт ва парҳои паранда истифода намуд. Ба ӯ муяссар гашт, ки хеле зиёд дар осмон парвоз кунад ва бе ягон зиён ба замин фуруд ояд. Дар Ғарб бошад парвози аввалинро бародарон Райт танҳо дар соли 1903 дар аэроплан тавонистанд амалӣ кунанд.
Қабул шудааст, ки гӯё қонуни ҷозибаи заминро Нютон кашф кардааст, аммо олимони исломӣ аз Розӣ шурӯъ карда то Берунӣ ва Ҳазинӣ ба ин қонун таваҷҷӯҳ доштанд. Профессорон Исмоил Ҳаққи Измирли ва Аҳмад Гургон бо таҳқиқотҳои худ исбот карданд, ки Розӣ ва Берунӣ андешаҳои худро оид ба қонуни кашиши замин иброз намудаанд. Ин таҳқиқотҳо нишон доданд, ки олимони исломӣ хеле пеш аз Нютон қонуни мазкурро кашф намуда, назарияи худро дар ин ришта таъриф намудаанд.
Ибни Юнус муддатҳо пеш аз Галилей (1564-1642) аз соати раққосакдор истифода менамуд.
Ҳазинӣ дар рисолаи илмии худ “Мизонулҳикмат” оиди тарозу иттилоъ медиҳад. Инчунин вазни махсуси пайдонамудаи бисёр чизҳоро нишон медиҳад.
Берунӣ вазни махсуси 18 моддаро ба таври дақиқ пайдо намуд ,баъзе натиҷаҳоро метавон бо мадорики замонавӣ қиёс намуд , инчунин ӯ часпандагии обро муайян кардааст.
Ҳазинӣ зичии ҳаворо хеле пеш аз Торичелли (1608-1647) муайян кард ва вобастагии байни зичии ҳаво ва суръати бодро тадқиқ намуд.
Ҷобир бинни Хайён (721-805), ки ӯро “падари кимиё” ном мебурданд, аввалин бор ақидаи худро оиди он ки дар дохили атом қувваи бузург ниҳон аст, имкони таҷзия шуданро дорад ва дар натиҷаи ин таҷзия қуввае ба вуҷуд меояд, ки метавонад Бағдодро хароб кунад, баён намуд.
Шогирди Насируддини Тӯсӣ – Қутбиддини Шерозӣ 300 сол пеш аз Декарт роҷеъ ба падидаи табиие мисли тирукамон ( алаимуссама) тавзеҳи дуруст дод.
Кимиё
Вақте сухан оиди кимиё меравад, ба зеҳни кас пеш аз ҳама Ҷобир бинни Ҳайён меояд. Дастовардҳои ӯ дар риштаи кимиё аз Присли (1733-1804) ва Лавуазен (1743-1794) бартаранд. Ҷордано ӯро ба қатори яке аз дувоздаҳ нобиғаҳои ҷаҳон дохил кардааст. Ҷобир дар озмоишгоҳи вижае, ки худи ӯ чандин қарн пеш сохта буд, дар натиҷаи озмоишоти илмӣ муваффақ гардид, ки кислотаҳои зиёдеро муайян намояд ва ин ягона кашфу ихтирооти ӯ нест.
Розӣ на танҳо дар риштаи пизишкӣ шӯҳрат ёфта буд, балки кимиёшинос низ мебошад. Ӯ кислотаи сулфур ва алкул(спирт)-и холисро ҷудо кард.
Донишманди мусалмон бо номи Башир фосфорро ба маротиб пештар аз Бранти урупоӣ муайян намуд.
Мусулмонон бори аввал аз борут ва тӯп истифода кардаанд. Туфанги бодӣ ихтирои Фотеҳ Султон Муҳаммад (1432-1481) аст.
Ҷуғрофия
Мусулмонон дар шаклгирии ҷуғрофия низ ба унвони илм нақши боризе гузоштаанд. Сафарномаҳои Авлиё Чолобӣ (1611-1682), ки гӯшаҳои гуногуни курраи заминро мавриди мутолиа қарор дод ва инчунин Ибни Батута(1304-1369), ки тамоми қора ва материкҳоро давр задааст, ганҷинаи арзишманде дар риштаҳои таърих ва ҷуғрофиё мебошанд.
Чанд аср пеш Берунӣ вуҷуд доштани Амрикоро эълон намуда буд. Пирӣ Райс (1465-1554) дар китоби худ «Китоби баҳрия» мавҷудияти Амрикоро ҳадс зада буд.
Роҳбалади сафарҳои Васко да Гама (1450-1554) маллоҳи мусулмон бо номи Ибни Маҷид (асри 15) буд.
Идрисӣ (1100-1116) ҳанӯз 850 сол пеш муваффақ ба тартиб додани харитаи ҷаҳон гардид, ки ба харитаҳои замонавӣ хеле наздик аст.
Мурсалӣ Иброҳим бошад 52 сол қабл аз Пирӣ Райс харитаи баҳри Сафедро кашид, ки он комилан ба харитаҳои имрӯза мувофиқ аст.
Ботаника ва зоология
Ибни Байтор (1190-1248), ки дар асрҳои миёна дар гиёҳшиносӣ ва дорусозӣ шӯҳратёб гашта буд, дар китоби худ дар ҳудуди 1400 номгӯи гиёҳҳои шифобахшро шарҳ додааст. Ин кори илмӣ асоси манбаи аслии таҳқиқот дар ин замина маҳсуб мешуд.
Донишманд Дамирӣ (1349-1405) бо иттилооти дақиқ дар мавриди табиати дунёи ҳайвонот, ки ӯ дар китоби худ «Ҳаётулҳаявон» овардааст, ҷонваршиносиро ба унвони як илм ғанӣ гардонидааст.
Ибни Аввом (қарни 11) дар асрҳои миёна бо осори худ дар риштаи кишоварзӣ маъруф гашта буд.
Ҷомеашиносӣ ва меъморӣ
Ибни Халдун (1332-1406), ки яке аз барҷастатарин муаррих мебошад, бунёдгузори илми ҷомеашиносӣ буд. Осори ӯ барои бисёре аз донишмандони ғарбӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекард.
Ҳангоме ки сухан оид ба меъморӣ меравад, пеш аз ҳама аз Меъмор Синон (1489-1588) ёд мешавад, ки номи худро бо осори маҳвнашавандааш ҷовидон гардонд.
Аз русӣ тарҷумаи
П. Иброҳимзод