Categories Uncategorized

Достони таваккал кардан

Кӯҳнаварде мехост, то по дар болои баландтарин қуллаҳои ҷаҳон гузорад. ӯ пас аз солҳои омодасозӣ, барои амалӣ сохтани орзуяш қадам бардошт. Чун ифтихори корро фақат барои худ мехост, тасмим гирифт, то ба танҳоӣ дар кӯҳ боло биравад.
Торикии шаб баландиҳои кӯҳро тамоман дарбар гирифта буду мард ҳеҷ чизеро намедид. Ҳама ҷо  торик буд. Абр рӯйи моҳ ва ситораҳоро мепӯшонид. Кӯҳнавард оҳиста-оҳиста боло мерафт, аммо чанд қадам ба қуллаи кӯҳ монда буд, ки пояш лағжид аз болои кӯҳ афтодаву ғелхӯрда ба поён сарозер шуд,  дар ҳоле ки пеши чашмонашро сиёҳӣ мегирифт ва банди дар миён бастааш ба дарозо кушода мешуд. Дар он лаҳзаҳо ҳама рӯйдодҳои хубу бади зиндагӣ ба ёдаш омад. Акнун фикр мекард марг чӣ қадар ба ӯ наздик аст ва бо ихлоси том наҷоти худро аз Офаридгор мехост. Ногаҳон, эҳсос кард, ки ресмон дар миёнаш маҳкам шуд. Баданаш миёни осмон ва замин муаллақ гашт, зеро ресмон ба шох ва ё бехи дарахте банд шуда буду ӯро аз афтодан ба замин нигаҳ медошт. Дар ин лаҳза кӯҳнавард боз овозе бароварда,  фарёд кард:
Худоё, кӯмакам кун.
Ногаҳон садое ба гӯшаш расид, ки мегуфт:
Аз ман чӣ мехоҳӣ?
Эй Худо, наҷотам бидеҳ.
Воқеан, бовар дорӣ, ки ман туро метавонам наҷот бидиҳам?
Албатта, бовар дорам.
Агар бовар дорӣ, таноби ба камарат бастаро пора кун!
…Як лаҳза сукут…ва мард тасмим гирифт, то бо тамоми нерӯ ба таноб бичаспад.
Чанд рӯз баъд дар хабарҳо омад: Кӯҳнаварди шахшудаеро мурда пайдо карданд, ки баданаш ба танобе овезону бо дастҳояш маҳкам танобро дошта буд.
ӯ дар он ҳолат ҳамагӣ як метр ба замин фосила дошту халос!

More From Author

You May Also Like