Дуктур Муҳаммадротиби Нобулсӣ яке аз доъиён ва мураббиёни шаҳир дар асри имрӯз ба шумор меравад. Муҳаммадротиб аз бузургонест, ки дар Димишқ чашм ба олами ҳастӣ кушуда. Оилаи онҳо диндор ва соҳиби фарҳангу маданияти волои динӣ буд. Падари ӯ яке аз уламо ва донишмандони бузурги Димишқ буда, дар замони худ ҳамчун як доъӣ ва мураббии мушфиқ шинохта шудааст. Падараш бештар ба таълими мардум шуғл варзида, аксар вақти худро дар масҷидҳои Димишқ, ки он замон бештар макони таълим ба шумор мерафтанд, сипарӣ мекард. Вай ҳалқаҳои гуногуни дарсии исломиро дар масҷидҳои Димишқ барои шогирдони худ ба роҳ монда буд. Ҳамзамон ӯ дар ин муддат китобхонаи бузургеро бунёд гузошта. Муҳаммадротиб, ки он вақтҳо хурдсол буд, дар ҳалқаҳои дарсии падари хеш ширкат мекард ва аз таълимоти ӯ баҳравар мегардид.
Аз ширкати Муҳаммадротиб дар ин ҳалқаҳо маълум мегардад, ки вай таълимоти ибтидоии худро аз падараш касб кардааст. Аммо барои такмили илм ба бисёре аз мадрасаву мактабҳо шомил шуда, роҳии илмомӯзӣ шуда. Муҳаммадротиб пас аз касби таълимоти ибтидоӣ назди падар дар мадрасаҳои Димишқ машғули таълим гардида, то соли 1956 ба касби илму таълим мепардозад, ки то ин вақт ӯ танҳо аз улуми ибтидоӣ бархурдор шуда буд. Пас аз хатми улуми ибтидоӣ, соли 1956 дар Донишгоҳи Димишқ дар риштаи луғати арабӣ таълим мегирад. Муҳаммадротиб соли 1964 ин донишгоҳро ба итмом мерасонад. Ҳамзамон вай дар баробари таълим ва омӯзиш ба иддае аз шогирдон таълим медод. Пас гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаммадротиб даъвати худро ҳамоно аз даврони таҳсил оғоз бахшида ва дар ин самт комёб ҳам шуда буд.
Муҳаммадротиб пас аз соли 1964 дар донишгоҳи Димишқ самти таълими худро дигар мекунад ва дар риштаи “тарбия ва адаб” касби илм намуд. Ӯ дар ин самт беҳтарин маҳоратро ба даст овард ва соли 1966 дар самти мазкур соҳибҳуҷҷат шуд. Бо ин тартиб Шайх, дуктур Муҳаммадротиб то соли 1999 ба дараҷаи дуктурӣ мерасад. Шайх соли 1999 кори илмии худро дар мавзӯъи “Тарбияи кӯдак дар Ислом” ҳимоя мекунад ва даъвати худро идома медиҳад.
Фаъолият
Муҳаммадротиб фаъолияти худро аз мактабу мадориси ибтидоӣ ҳусни оғоз мебахшад. Ӯ ҳамчун устод аз соли 1969 шинохта шуда буд, вале пас аз расидан ба мақоми дуктурӣ низ чанд муддат дар мактабҳои ибтидоӣ машғули тадрис шуд. Ӯ тавассути таълимоти худ бештар ҷавононро ба шинохти дин, аҳамияти диндорӣ барои инсон, ҳақиқати инсон дар дунё, Қуръон ва мӯъҷиза будани он даъват мекард. Пас аз гузашти замоне ӯ дар Донишгоҳи Димишқ дар риштаи шариъат ва усули дин машғул ба тадрис гардид. Бояд гуфт, ки дуктур Муҳаммадротиб як олими комиле буд, ки тӯли фаъолияти худ аз ҳама фанҳои динӣ ва исломӣ дарс гуфта ва ҳамчун як мураббии бемисл шӯҳрат пайдо намудааст. Аз ҷумла, ӯ риштаҳои гуногун, ақида, тафсир, фиқҳ, таҷвиди Қуръон, сират ва ғайра дарс гуфтааст. Дар баробари ин вай на танҳо дар Димишқ, балки дар бисёр аз кишварҳои исломӣ ба ҳайси устод даъват шуда ва дар он донишгоҳҳо машғули тадрис шудааст. Барои мисол, ӯ як замон дар Троблус, кишвари Либӣ низ устод буда ва дар риштаи усули тарбия шогирдонро таълим дода.
Ғайр аз ин дуктур Муҳаммадротиб дар бисёр аз анҷуману ҷаласаҳои бузурги исломӣ ширкат варзида ва дар ин асно бисёр аз таълифотро барои донишмандон ва донишомӯзон рӯи коғаз овардааст. Аз ҷумла, китобе ки дар он замон аз тарафи Шайх Муҳаммадротиб таълиф гардида ва миёни донишҷӯёну устодони донишгоҳ боиси таҳсингӯӣ қарор гирифтааст, “Аз адаби ҳаёт” мебошад. Ин китоб ҳовии мавзӯъҳои адабӣ буда, дар он ҳаёти хуби исломӣ мутобиқ ба суннату Қуръон тасвир ёфтааст. Пас аз интишори ин китоб ва шӯҳрат пайдо карданаш донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки онро ҳамчун китоби дарсӣ дар таълимоти ибтидоӣ барои хонандагон ба роҳ монанд. Ин дар ҳолест, ки Шайх Муҳаммадротиб китобҳои дигареро низ дар мавзӯъҳои гуногун ба таълиф расонда, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Доъӣ дар Сурия
Уламои дини Ислом дар баробари доштани илм ва донишмандӣ як масъулияти бузургеро назди худ қарз хондаанд, ки рӯзи қиёмат аз он суол карда мешаванд. Ин ҳам бошад, даъват ва роҳнамоии мардум ба роҳи рост будааст. Аз ин сабаб Шайх Муҳаммадротиб масъулият ва қарзи дигареро, ки даъват ба роҳи ҳақ аст, пеша кард. Ӯ яке аз доъиёне буд, ки тавонист миёни оммаи мардум низ дарсу ҳалқаҳои таълимиро ба роҳ монад.
Соли 1974, пас аз он ки ҳамчун хатиб дар масҷиде интихоб шуд, ба даъват ва тарбияи мардум бештар майл кард. Шайх Муҳаммадротиб дар баробари хутба хонданаш рӯзҳои ҷумъа барои мардум барномаи махсусеро тарҳрезӣ карда буд, ки ҳар ҳафта бо онҳо вохӯрӣ дошту онҳоро дарс мегуфт. Дар ин дарси ҳафтаина ҳама мардум, новобаста аз синну сол ширкат мекарданд.
Пас аз оғози чунин дарсҳо ва даъват дар масҷид мардум бештар ҷамъ мегардиданд, ба ҳадде ки дигар ҷойи нишаст ёфт намешуд. Аз ин хотир Шайх Муҳаммадротиб тасмим гирифт, ки дарсҳои худро дар масҷидҳои гуногуни марказӣ ба роҳ монад. Чунки мардум аз гӯшаву канори шаҳр ба масҷид меомаданд ва дар як масҷид таълим додани эшон имконнопазир буд. Илова ба ин Шайх мактабе таъсис дод, то тавониста бошад, ки ҷавононро бо илму адаб фаро бигирад. Бунёди як мактаби ибтидоӣ аз тарафи Шайх Муҳаммадротиб сабаб гардид, ки ҷавонон ва донишҷӯёнеро зери таълим ва тарбия қарор диҳад. Дар соли 2006 маткаби таъсисдодаи Муҳаммадротиб 500 нафар донишҷӯро қабул карда буд, ҳол он ки теъдоди довталабон бешумор буд.
Ҳамин тариқ, Шайх Муҳаммадротиб бо роҳ ва усулҳои гуногун даъватро пеша қарор дода буд ва мардумро даъват ба роҳи рост мекард. Илова ба ин Шайх аз соли 1993 то соли 2009 ба аксар кишварҳои дунё сафар намуда, дар иддае аз конфронсу ҷаласаҳои илмӣ ширкат варзидааст.
Саҳм ва таълифот дар роҳи даъват
Шайх Муҳаммадротиб ҳамзамон бо таълиму тадрис таълифотеро низ мунташир намуда. Ҳамзамон ӯ бо маҷаллот ва рӯзномаҳои даврӣ ҳамкории ногусастанӣ дошта, дар самти даъват аз ин васоит ҳам истифода намудааст. Ӯ дар ин навиштаҳо бештар ба тарбия ва ахлоқи исломӣ аҳамият дода, мардумро ба аъмоли ҳамида ва соири аъмоле ки берун аз доираи талаботи исломӣ нестанд, даъват кардааст. Ҳамчунин ӯ мақолоту навиштаҳоеро низ дар ҷавоби мақолаҳое ки дини Исломро мавриди ҳамла қарор додаанд, ҷавобҳо додааст. Мақолаҳои ӯ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд. Ғайр аз ин вай дар бисёре аз ҷамъиятҳои ислоҳии исломӣ саҳм гузоштааст. Аз ҷумла, ҷамъиятҳои “Мукофахату- ат-тадхин вал маводу-аз-зорати”, “Ҳуқуқу-ат-тифлӣ” ҷамъиятҳое ҳастанд, ки ҳардуи он дар Сурия амал мекунанд ва зери роҳбарии Шайх Муҳаммадротиб қарор доранд. Ҳамчунин ҷамъияти “ал-Илтизом лилмаъойири ал-ахлоқиятӣ”, ки дар Иморот қарор дорад, Шайх Муҳаммадротиб дар фаъолияти он низ саҳми хубе дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дуктур Муҳаммадротиб айни замон сомонаҳои гуногуни таълимӣ ва тарбиявиро дар интернет доро мебошад, ки метавон аз он истифода бурд. Аз ҷумла “www.nabulsi.com” аз дастовардҳои сомонаии вай мебошад, ки имрӯз миёни ҷомеа бештар маъруф аст. Ҳамин тариқ, Муҳаммадротиб имрӯз ҳошахсиятест, ки дар роҳи даъват ва хидмати дини Ислом саҳми арзанда дорад.