Имрӯз, 11-уми
декабри 2014 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии
Тоҷикистон ва вакили МН дар дафтари
марказии ҳизб ҷаноби Робин
Орд Смит, сафири Бритониёи Кабирро, ки
моҳи оянда муҳлати сафирии ӯ дар Тоҷикистон ба поён мерасад, ба ҳузур пазируфт.
Чаноби Смит аз пазироияш дар дафтари марказии ҳизб ва меҳмоннавозии
миллати тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, гӯфт, ки ҳатто баъди
интиҳои муҳлати сафириаш ӯ ба Тоҷикистон ва
мардумаш алоқаи хоссе хоҳад дошт. Дар
навбати худ, роҳбари Наҳзат
ташрифоварии ӯро ба маркази ҳизб хайрамақдам гуфт ва нақши ӯро дар таҳкими муносибатҳо байни
мардуми Тоҷикистон ва
Бритониёи Кабир муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо вазъи минтақа ва кишвар,
аз ҷумла масоили марбут ба интихоботи
парлумонии кишвар, ифротгароиву хатари он ва дигар масоилро баҳсу баррасӣ карданд.
Дар ҷавоби суол, ки
чолишҳои ояндаи Тоҷикистон чи чизҳо мебошанд, Муҳиддин Кабирӣ гӯфт, ки аз
бузургтарин чолишҳои ояндаи Тоҷикистон хатари
ифротгароӣ ва ҳамзамон набуди
муколама мебошанд. Ӯ афзуд:
“Ягона рох барои пешгирй аз хатари ифротгароӣ ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардум,
додани озодиҳои бештар, роҳандозии
муколамаи воқеӣ байни доираҳои сиёсиву илмӣ ва шаффофияти
интихоботҳост. Миллати мо
дар гузаштаи наздик бо чолишҳои бузургтар ҳам рубарӯ шуда буд,
аммо танҳо аз роҳи муколама ва
гуфтугу чунин чолишҳоро пушти сар
кард. Умедворам, ки мо метавонем аз роҳи муколама ва
аз роҳи додани озодиҳои бештар ин
мушкилро ҳам пушти сар
кунем.”
Дар охири мулоқот, ҷаноби Смит ба
Муҳиддин Кабирӣ китоберо бо
аксҳои манзараҳои кишвараш тақдим кард ва изҳори умедворӣ кард, ки
муносибати ду кишвари дӯст боз ҳам қавитар хоҳад гашт. Муҳиддин Кабирӣ барои ӯ дар корҳои ояндааш муваффакияттаманно намуд.
Махмудчон Файзрахмонов
Сухангуи ХНИТ
11.12.2014