Categories Uncategorized

Қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳурии Миср ба тасвиб расид

Парлумони Миср, Қонуни интихоботи раёсати кишвар ва ислоҳот дар онро бо аксарияти оро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, Маҷлиси парлумони Миср дар нишасти худ бо аксарияти оро пешнависи Қонуни баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Мсирро тасвиб кард. Аз муҳмитарин ислоҳоти суратгирифта дар ин Қонун, муддати чорсолаи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки танҳо барои як бори дигар такрор мешавад ва номзади раиси ҷумҳурӣ бояд мисрӣ ва дастикам синни онҳо 40 сола бошад. Ҳамзамон касе, ки тобеъияти дигар ва ҳамсари ғайримисрӣ дорад, ҳаққи номзадии ин постро надорад.

Аъзои парлумони Миср бандеро ба моддаи 30 – и Қоунуни раёсати ҷумҳурии ин кишвар изофа ва тасвиб карданд, ки ба сабаби он ҳар кумитаи фаръии интихобот баъд аз шумориши оро бояд натиҷаҳоро дар ҳузури номзадҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ эълом кунанд. Айни замон натиҷаҳоро ба раиси Кумитаи интихобот иттилоъ диҳанд.

More From Author

You May Also Like