Categories Uncategorized

Духтари масеҳӣ ба ҷурми тавҳин ба муқаддасоти дини Ислом зиндонӣ аст

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон аз вазорати кишвар хост, то парвандаи духтари масеҳӣ, муттаҳам ба тавҳин ба муқаддасоти дини Исломро баррасӣ кунад.

Ба гузориши “euronews”, ин духтари ҷавон дар яке аз минтақаҳои Исломобод, пойтахти Покистон сафҳаҳои сухтаеро дар даст дошта, ки ҳовии оёти Қуръон буда, ҷумъаи гузашта тавассути полис боздошт шудааст.

Пас аз боздошти ин духтар, ҳамсоягони масеҳии ӯ низ аз тарси ҷони худ хонаҳояшонро раҳо сохтаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ин минтақа, масеҳиёни сокини минтақаи мазкур ба ихтиёри худ тарки макони зист кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвари Покистон тавҳин ба муқаддасоти дини Ислом ва ё беҳурматӣ нисбати он ҷазои сангинеро барои муҷрим интизор аст. Ҳамзамон ба гуфтаи манбаъи мазкур, тавҳин ба муқаддасоти дини Ислом ва ё беҳурматӣ нисбати он ҳукми ҳабси абадро дар пай дорад.

More From Author

You May Also Like