Даъват ба ифтор дар марказҳои таҳияи хӯрок ба рӯзадорон рамз ва навгониест, ки иддае аз соҳибкорон ба поягузорӣ ва рушди арзишҳои исломӣ рӯ овардаанд.
Хушбахтона, дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвари азиз, Тоҷикистон фарҳанги наве дар коргузории марказҳои таҳияи хӯрок аз сӯйи соҳибкорони соҳибтақво руи даст гирифта шудааст. Онҳо дари ошхонаву тарабхонаҳои хешро дар рӯзҳои моҳи Рамазон ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин моҳи шариф баста нигоҳ дошта, онҳоро шомгоҳон боз менамоянд ва муштариёну меҳмонони рӯзадори пойтахтро ба ифтори рамазонӣ даъват мекунанд.
Чунин як даъват ба ифтор ва манзараи муносиб ба ҷомеаи мусалмониро бо тахфифи 20%-и нархи хӯрок дар яке аз тарабхонаҳо бо номи «Кабоб» ва кафеи «F1», ки дар бинои бисёрошёна, воқеъ дар канори сафоратхонаи Русия дар ҶТ ва рӯ ба рӯйи «Барқи тоҷик» воқеъ гардидаанд, дидан мумкин аст.
Categories
ТАҲЛИЛ