Categories Uncategorized

Қатораи мусофирбари Тоҷикистон ба сониҳа дучор шуд

Тибқи хабаргузориҳо гурӯҳе барои таҳқиқи ин масъала, ки дар кишвари Ӯзбакистон сурат гирифтааст, озим шудаанд.

Хабарҳои расида гӯё аз онанд, ки дар ҳодисаи мазкур 52 нафар аз мусофирон, ки дар қатор ҳозир буданд осеб дидаанд. Маҳмадюсуф Абдураҳмонов як масъули ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” иброз дошта, ки дар ҳодисаи мазкур танҳо 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гузориши “ВВС”, ин сонеҳа, ки дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах, дар роҳи байни Ҷиззах ва Самарқанд рух додааст, то паҷн вагони мусофирбарии ин қатора аз масир хориҷ шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бархе аз мусофирон дар ин вагонҳо дар тан либосҳои низомӣ доранд, бо ин далел гуфта мешавад, ки бахши асосии ин қаторро ҷавононе ташкил мекардаанд, ки аз шимоли Тоҷикистон барои адои хизмат ба артиш сафарбар шудаанд.

Лозим ба ёдоварист,  қаторае, ки ба сонеҳа гирифтор шуда, қатораи хатсайри Конибодом – Душанбе мебошад, ки айни замон хабари дақиқ аз рафти ин ҳодиса дар даст вуҷуд надорад, аммо бо таҳқиқи он ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, баъди аз дарёфти иттилои дақиқ бораи он изҳори назар хоҳанд кард.   

More From Author

You May Also Like