Categories Ахбори рӯз

Ду миллиард евро пулҳои Бобаки Занҷонӣ, дар бонкҳои Русия?

Ду миллиард евро пулҳои Бобаки Занҷонӣ, дар бонкҳои Русия?Як роҳбари баландпояи Русия, иддаои онро дорад, ки ҳудуди ду миллиард евро аз пулҳои Бобаки Занҷонӣ дар яке аз бонкҳои Русия вуҷуд дорад. Гуйё ин бонк аз намояндагони ширкати нефт ва бонки марказии Ирон ҷиҳати музокира дар ин боб ва сафар ба Русия даъват кардааст.
Ба гузориши “Иқтисод нюз” ахиран мудирони ширкати “Раз нефти Русия” барои музокира дар боби хариду фурӯши фаровардаҳои нефтӣ ва газӣ ба Ирон омада, бо ширкати нефту  газ музокира доштанд.
Ҳамид Ҳусайнӣ, узви ҳайати намояндагони утоқи бозаргонии Ирон дар гуфтугӯ бо “Иқтисод нюз” изҳор кардааст, ки “ахиран дар меҳмонхонаи “Испинонс” бо яке аз мудирони ширкати Разнефти гази Русия, мулоқот кардаам, ки вай изҳор дошт, як бонки Русия эълон карда, беш аз ду миллиард пули Бобаки Занҷониро дар ихтиёр дорад. 
узви ҳайати намояндагони утоқи бозаргонии Ирон бо ишора ба ин ки қатъан пазириши ин иддао мушкил аст, вале баёни қотионаи ин мудири аршади Русия, қобили пайгирист ва умедворам, ки ин маблағ ба байтулмол боз гардад. манбаъ: Аларабия

More From Author

You May Also Like