Ду низомии мушовири рус кушта шуданд

Мушовирони низомии рус ҳангоми хориҷ шудан аз меҳмонхонаи маҳалли иқоматашон дар Санъо мавриди ҳадаф қарор гирифта шуданд.

Афроди ношинос ду мушовири низомии русиро дар Санъо бо тир парронда, куштанд.

Ба гузориши “Рейтерз”, як манбаъи пулиси Яман гуфт, ки афроди мусаллаҳ ба моторсикл савор буданд ва ба ду мушовири рус дар Санъо тирандозӣ карда, онҳоро куштаанд.

Ин манбаъ афзуд, ки ин ду мушовир ба артиши Яман мушовара медоданд ва ҳангоми хориҷ шудан аз меҳмонхона маҳалли иқоматашон кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Русия дар Яман эълон кард, ки Русия мушовири низомӣ дар Яман надорад ва ҳамкорӣ бо Яман дар ин замина манъ шудааст.

Бо ин тартиб таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.

More From Author

You May Also Like