Categories Uncategorized

Духтари 7 – солаи амрикоӣ ба қатл расид

Духтари 7 – солаи амрикоӣ бар асари тирпаронии ду марди ношинос дар наздикии манзили истиқоматиаш ҳангоми ороиши муйҳои худ ҷони худро аз даст дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ба нақл аз шабакаи хабарии “Fox News”, духтари 7 – сола дар ҳоле ки мӯйҳояшро ороиш карда ва омода шуда буд, то ҳамроҳ бо хонаводааш ба сайру тамошо биравад, мавриди ҳамлаи тирпаронӣ қарор гирифт ва бидуни фосилаи замоне фавт кард.

Духтари 7 – сола пеш аз ин ки мавриди зарари тирпаронӣ қарор бигирад, аз модараш хоста буд, то ба хотири хушунат минтақаро тарк кунанд. Полиси Чикаго мегӯяд, ки ду мард ногаҳон шурӯъ ба тирпаронӣ карданд ва мардумро ҳам мавриди ҳамлаи худ қарор доданд.

Модари духтар баён медорад, ки духтараш дар ҳоле ки талош мекард дохили хона фарор кунад, ба вай тир мерасад. Вай дар гуфтугӯ бо “Fox News” марги духтарашро бемаънӣ медонад .

Модари ӯ гуфтааст, ки вай барои иттилоъоте, ки боиси дастгирии қотилон шавад, 3 ҳазор доллар ҷоиза медҳад.

More From Author

You May Also Like