Барои Зайдуллоҳ дилам хун аст.
Зайдуллоҳро озод намоем! Пеш аз ин ҳам гуфтааму боз мегӯям: ман, Исфандиёри Назар, ҳеҷ гоҳ накӯшидаам тарафи бадиро бигирам, ҷуз барои ҳақ даҳон боз накардаам ва Зайдуллоҳро ҳам намешинохтам.
Шунидам, ки дар Русия буду пулдор буд, шунидам, ки бозаш оварданду вазир буд, шунидам, ки соҳибкор буд, шунидам, ки дасти бозе дошт… ҳамаи инҳоро дошту буд.
Ман вақте ба Зайдуллоҳ таваҷҷуҳ кардам ва зеҳнам номи ӯро дар худ сабт кард, ки сару садо барои ба ҳабс гирифтанаш қабл аз интихоботи президентӣ дар фазои кишвар печид. Зеро ӯ дар фикри таъсиси ҳизбе бо номи «Тоҷикистони нав» иқдом кард. Ба истилоҳ иддае аз рушанфикрону сармоядорон ва огаҳон бо ӯ ҳамдаст шуданд.
Табиъист, агар сармоядори тавоное, бо афроде зирак ва ҳушманду тавоно барои боз ҳам беҳтар кардани вазъи миллату кишвари худ иқдом намоянд, беш аз ҳар фарду гурӯҳи дигар муваффақ мешаванд. Зеро ҳам ақли пухтаро дар ихтиёр доранду ҳам сармояро. Худ шахсан тарафдори ҳизбсозиву ҳизббозӣ нестам, ин ҳама ҳизберо, ки фаъолият доранд, тақрибан намеписандам.
Алҳамдулиллоҳ, мусалмонам ва беш аз ҳар даъвогари дигар дар дину мазҳабам устувор. Барои ман, Ватану Модар, забон ва дину мазҳаб аз муқаддасоти осмонианд, ки бо хиёнат ба якеи он ба дигарҳояш низ рӯй медиҳад…
Зайдуллоҳ иқдом ба сабти ҳизбе кард, бо нияти поку холис ва хидмат ба халқу Ватан. Ана ҳамин аст «гуноҳи кабира»и ӯ, ки соҳибони низому қавонинро мурданак тарсонд.
Ҳамин иқдом боис гардид, ки супориш шуд: парванда боз шавад ва бо чи ҳолате, ки набошад зиндониву мусодираи мол фармуда шавад. Шахсан ҳамин тавр фикр мекунам ва аминам, ки иштибоҳ накардаам.
Чандзанагиву занбозиро кадоме аз ин мансабдорон, кадоме аз соҳибони идораҳо, кадоме аз туҷҷор накардааст?!
Зайдуллоҳ гӯё дар заминаи соҳибкорӣ ба ҳабс гирифта шуд, ки ҷанбаи иқтисодӣ дорад. Пас, қонуни бадбахте, ки қабул кардаанду мувофиқи он барои ҷиноёти иқтисодӣ касро ҳабс намекунанд ва бояд зиёнро ҷуброн намояд, куҷо шуд?! Оё мо қарору қонуне дорем, ки воқеъан ба мазмуни худаш амал кунад? Умуман мо бо кадом қонунҳо зиндагӣ дорем?!
Айбдоркунандаи давлатӣ, бе оне, ки дар маҳкама далоили овардаи адвокатҳои Зайдуллоҳро ба инобат бигирад, бо оне, ки ҳамаи он «ҷиноятҳо»и марбут ба таҷовуз ва ғайра қатъану ошкоро дурӯғу сохтаанд, барои Зайдуллоҳ 28 соли зиндон ва мусодираи амвол пурсид. Ин «иҷрои қонун дар бораи ҷиноёти иқтисодӣ»ст ё иҷрои супориш барои фарде, ки мехост ҳизбе бисозад?!
Яқинан, агар мардуми тоҷик чунин хомӯшу об ба даҳон гирифта нишинанд, агар тоҷиру нависанда ва шоиру сиёсатмадор, ҳамагӣ ва ҳамаи ҷомеъа хомӯш нишинанд, ин ҳукми золимона ва бесобиқа амалӣ мегардад.
Ин ҳукм барои Зайдуллоҳ нест, барои ҳар касу ҳар фардест, ки мехоҳад фаъолияти хуби иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва инсонӣ дошта бошад. Ин ҳукм ишора ба он аст, ки мо ҳеҷ касем ва ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи интихоби шахси мавриди назарро надорем, ҳуқуқи фаъолияти софи тиҷоратиро надорем, ҳуқуқи даъвои обод кардани Ватанро надорем!
Шикасти ҳар як шахси тавоно дар ин кишвару дар ин миллат, шикасти Ватану миллат дар баробари зулм ва душманони берунист. Агар Ватан аз афроди доранда тиҳӣ монад, ба ҷое намерасад.
Ин ҳукмро ҳамчун шоир ва шаҳрванди ин кишвар қатъан маҳкум менамоям ва хостори адолату иҷрои воқеъии Қонун дар мавриди Зайдуллоҳ ҳастам.
Бе ин ҳам рӯйхати афроде, ки бо чунин туҳматҳо шикаставу зиндонӣ шудаанд, дар кишвари мо кам нестанд. Ҷӯрабек Охонову Зайдуллоҳи Саид танҳо касоне нахоҳанд буд, ки мақомот онҳоро бо беадолатии тамом, бо туҳматҳои сангину ошкор шикастаанд. Агар ислоҳе дар умури додситониву додгоҳӣ сурат намегирад, ҳар фарди ободихоҳу ислоҳотхоҳ ва ватандӯсту тараққипарварро ҳамин тақдир интизор аст.
Фикр кунед, инсоф кунед, аз Худо битарсед ва беш аз ин иҷоза надиҳед, ки бо ранҷишу бо дилмондагӣ ин Ватанро фақат ба хотири наҷот аз зулми шумо, соҳибони қавонин тарк намоем.
Зайдро озод намоед!
Исфандиёри Назар