Бале, мурофиъаи навбатие дар дохили боздошгоҳи КДАМ оғоз гардид, ки парвандаҳои нави Зайдуллоҳро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Наздикони ин марди устувор ва озода мегӯянд, дар ин мурофиъа дархости Оҷонсии мубориза бо фасод, ки тамдиди муҳлати нигоҳ доштани Зайдуллоҳро дар боздошгоҳ тақозо дорад, баррасӣ мешавад ва танҳо нафаре, ки ба ҳайси вакили мудофеъ ширкат меварзад, Исҳоқ Табаров мебошад.
Таври маълум, ду вакили мудофеъи дигари Зайдуллоҳ бо ҳар роҳу васила канор бурда шуданд, ҳатто нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаи ҷиноӣ ҳам боз шудааст.
Парвандаҳои нави Зайдуллоҳ, ки дар бораи онҳо дар ВАО иттилоъ пахш шуд, бар асоси моддаҳои 245 (азхудкунии мол ба миқдори махсусан калон) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и кодекси ҷиноӣ таҳия шудаанд, ки ба ширкати Тоҷсохтмон-байналмилал” рабт мегиранд, ширкати сохтмонии маъруф дар Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Хайруллоҳи Зайдуллоҳ ба зима дорад.
Вале Оҷонсӣ дар шарҳҳои қаблии худ Зайдуллоҳро “роҳбари ғайрирасмӣ”-и ин ширкат дониста, мегуяд, ширкати ӯ ҳангоми сохтани бинои 22-ошёна “Душанбе-Плаза” ба сирқати маблағҳои будҷа даст задааст.
Агарчи ин иттиҳом нав нест ва моҳи майи соли 2013 алайҳи Зайдуллоҳ бо ишораҳои нозуке истифода гардид ва онро ӯ шаддидан рад карду бо ҳамин ин масъала хомуш шуд, вале ин дафъа Оҷонсӣ дар таҳияи парвандаи нав эҳтимол кадом мақсчадҳои дигареро низ дар назар дорад.
Ҳоло ин иттиҳоми ба истилоҳ нав ба хотири тамдиди замони нигаҳдошти Зайдуллоҳ дар боздошгоҳи КДАМ мебошад, яъне барои доираҳои манфиъатхоҳ боқӣ мондани Зайдуллоҳ дар боздошгоҳ беҳтар аст. Аммо маълум нест, ки ин гуна тамдидкуниҳо дар қонунгузорӣ меъёри худро доранд ё хайр? Дар ҳоле ки чанде пеш додгоҳ барои тамдиди ҳузури Зайдуллоҳ дар боздошгоҳи КДАМ ҳукм карда буд. Ба ҳар ҳол, тамдиди замони нигоҳдошти Зайдуллоҳ дар боздоштгоҳро пешгирӣ аз интиқоли ӯ ба маҳбас дониста мешавад, боздошгоҳе, ки инсонро аз нигоҳи равонӣ хаста мекунад.