Categories Ахбори рӯз

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон

Таҳти раёсати Президент Э. Раҳмон ин лаҳзаҳо ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. Гуфтанист дар Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010 баррас ӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2011 муайян карда мешаванд. Дар ин бора сомонаи президент иттиллоъ додааст. Дар маҷлиси васеъ аъзои ҳукумат роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент дигар шахсони масъул иштирок доранд. Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни маҷлис роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли гузашта ва нақшаҳои минбаъдаашон ҳисобот медиҳанд. Гуфта мешавад, ки эҳтимол дар поёнии ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ сурат бигирад.

More From Author

You May Also Like