Categories Uncategorized

Русия аз таъсиси ҳукумати мустақили Фаластин ҳимоят кард

Вазири умури хориҷаи Русия таъсиси ҳукумати мустақилро ҳаққи миллати Фаластин хонд ва ҳимояти кишвараш аз ин равандро мавриди таъкид қарор дод.

Ба гузориши “Ирна” Сергей Лавров, рӯзи ҷумъа дар дидор бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар Москов гуфт, ки Русия аз ҳаққи мардуми Фаластин барои эҷоди Ҳукумати мустақили худ ҳимоят мекунад. Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки дар ин росто манъи фаъолиятҳои шаҳраксозии Исроил дар сарзамини ишғолӣ зарурӣ аст. Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи ҷумъа ҳамчунин бо Димитрий Медведов, раисҷумҳури Русия дидор ва ду тараф дар бораи мавзӯъҳои дуҷониба ва бархе масоили минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши матбуотии Кремл, раисҷумҳури Русия дар ин дидор аз номгузории хиёбоне дар яке аз шаҳрҳои Фаластин ба номи вай қадрдонӣ ва онро нишонаи дӯстии Фаластин ва Русия тавсиф кард. Вай афзуд, дӯстии Фаластин бо Русия як қарн пеш аз давраи ҳукумати Тазорӣ оғоз шуд ва дар давраи Шӯравии собиқ идома ёфт ва то имрӯз низ барқарор мебошад.

Маҳмуд Аббос низ дар ин дидор гуфт, ки ташкилоти вай ба машваратҳо, дидгоҳҳо ва рӯйкардҳои муносиби Русия дар хусуси масоили Фаластин таваҷҷӯҳ мекунад. Вай афзуд, дар дидор бо Медведов мавзӯъи созиш миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ва низ вазъи кишварҳои арабии даргири инқилобҳои мардумӣ низ матраҳ шуд.

More From Author

You May Also Like