Суҳроби Ваҳҳоб
nahzat.tj
Бидуни шак, ин дин, ки ҳақро ба ҳақдор мерасонад, агар чанде дар Чин ҳам бошад, ҳароина дини барҳақ аст!
Ғазза як сарзамини мусулмоннишинест, ки гоҳу ногоҳ аз сӯйи артиши ишғолгари исроилӣ мавриди ҳамла қарор мегирад. Ҳамеша биноҳои худро баъд аз як ҳамлаи ваҳшиёна валангор ёфта, бори дигар ба таъмири онҳо мепардозад ва ҳар гоҳ, ки таъмирро ба поён расонид, ҳамлаи вайронгар такрору ободиҳо ҳама ба вайрона табдил меёбанд.
Оре, дар ҳамин Ғазза, ки вазъияти он ба ҳама маълум асту дигар ниёзе ба шарҳ надорад, як ҷиҳати дигаре ҳам вуҷуд дорад, ҷиҳате, ки ҳаққонияти Ислом ва адолатро вонамуд месозад. Мисоли равшани инро метавон дар ин қисса дид:
“Як зани чинӣ рӯзе аз тариқи нақбҳо вориди Ғазза мешавад, то ба ҳукумати Ҳамос (Ҳаракати муқовимати фаластинӣ) аз болои ду шаҳрванди ин минтақа шикоят бибарад. Ин зан ба дафтари мудири умумии амният ташриф оварда, аризаи шикоятии хешро пешниҳод мекунад ва мудири амният низ шикояташро баррасӣ намуда, ҳадафи сафари ӯ аз Чин ба Ғаззаро дарк менамояд. Яъне, маълум мешавад, ду тан аз сокинони Ғазза ин занро дар Чин фиреб дода, аз ӯ пӯл ситонидаанд.
Пас аз баррасии санаду далелҳое, ки ин зан бо худ овардааст ва низ ҳаққи хешро собит месозад, ду нафари муттаҳам ба идораи амният фарохонда шуда, мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд. Дар аввал ин ду мард иддаои зани чиниро рад менамоянд, ба гумони ин ки омадани як зан аз Чин то Ғазза номумкин аст. Аммо муфаттиш тамоми далелу санадҳоро назди онҳо гузошта, аз ҳузур доштан зан низ онҳоро огоҳ мекунад ва дар натиҷа муттаҳамон эътироф менамоянд, ки ба хотири тиҷорат ба Чин рафта буданд ва як зани чиниро фиреб дода, аз ӯ 35 ҳазор доллар гирифтаанд.
Вақте ба ин чинӣ маблағашро бармегардонанд, ӯ дар олами хушҳолӣ ва ҳайрат фурӯ рафта, назди ҳама эълон менамояд: “Бидуни шак, ин дин, ки ҳақро ба ҳақдор мерасонад, агар чанде дар Чин ҳам бошад, ҳатман дини барҳақ аст!” ва дар ҳамин минтақа дини мубини Исломро қабул менамояд”.