Categories ДИДГОҲ

Зарринаи Хушвақт: “Сипос ва умедвории Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Кӯлоб”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки итминон дорад, мардуми Кӯлоб дар оянда низ аз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки сокинони ин минтақа дар амалӣ шудани “ормонҳои миллӣ дар Тоҷикистон” дар оянда низ дар ин кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.

Ҳамчунин оқои Раҳмон бо таъкид ба нақши таърихии мардуми Кӯлоб дар замони нооромиҳо дар ин кишвар гуфт, ки раҳбарияти давлат ва мардуми Тоҷикистон ин “мардонагӣ ва меҳанпарсатии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.”

Фурсати муносиби суҳбат бо интихобкунандагон

Оқои Раҳмон, аз ҷумла гуфт: “Рӯзҳои ба ҳайси Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб фаъолият доштанам, яъне дар шабу рӯзҳои ҳалли масъалаҳои муҳиму тақдирсози он айём борҳо шоҳиди шуҷоату далерии мардуми ватандӯсти ин гӯшаи диёрамон гардидам. Ва бо машварату дуъои неки пирони рӯзгордидаи шаҳри Кӯлоб барои таъмини суботу оромии вилоят ва шаҳри Кӯлоб саъю талоши якҷоя варзидем.”

Оқои Раҳмон, ки дар мулоқот бо сокинони шаҳри Кӯлоб, рӯзи сешанбеи 29 октябр суханронӣ мекард ҳамчунин бо ёдоварӣ аз “ҳалли масъалаҳои муҳим ва тақдирсози он айём (солҳои 1992-97)” гуфт, ки борҳо шоҳиди шуҷоъат ва далерии мардуми ин минтақа дар ҳалли ин масоил будааст. Аммо оқои Раҳмон дақиқ ном набурд, ки ин масоили муҳиму тақдирсози он айём чи будааст.

Вале ӯ афзуд: “Дар оянда низ аз мову шумо – ворисони ин сарзамини муқаддас тақозо мегардад, ки шукронаи давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ватани зебоманзару биҳиштосои худро ба ҷо оварда ҳар як гӯшаи куҳандиёрамонро ободу зебо гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу пешрафта ба мерос гузорем.”

Ин сафари Президент Раҳмон дақиқ як ҳафта қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад ва коршиносон мегӯянд, ки ин иқдоми ӯ фурсати муҳимме барои мулоқоти пеш аз интихоботӣ бо мардуми минтақаи ҳассос аст, ки худи ӯ ҳам аз он ҷо бархостааст. Қаблан оқои Раҳмон сафарҳои мушобеҳе ба Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд анҷом дода буд.

Президент Раҳмон дар гузашта низ дар ин минтақа аз нақши мардуми он дар “истиқрори давлати қонунӣ” дар Тоҷикистон ёдовар мешуд, аммо ин бор ӯ ба ин нуқта таъкиди бештаре кардааст.

Бими давлат аз мардуми муттаҳиди Кӯлоб?

Бархе нозирон мегӯянд афзоиши бекорӣ, муҳоҷирати корӣ ва фақру нодории густардаи мардум дар ин минтақа ахиран сокинони онро то андозае аз давлати феълӣ ва раҳбари он дилсард кардаанд.

Саймиддин Дӯстов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки мақомоти давлатии феълӣ аз мардуми муттаҳид ва ба вижа занон ва ҷавонони Кӯлоб, ки дарвоқеъ замоне, ки масъала аз ҳуввияти миллии онҳо меравад, муттаҳид мешаванд, нигарон ҳастанд.

Ин коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки дар минтақаи Кӯлоб шумори ба истилоҳ “электорати эътирозӣ” ё ҳайъати интихобкунандагони эътирозӣ дар муқоиса ба манотиқи дигари Тоҷикистон бештар ҳастанд.

Аз ин рӯ вай афзуд: “Вижагии дигари мардуми Кӯлоб ин иттифоқ будани онҳо буда ва ин мардум аз ин муттаҳидӣ зиёд истифода ҳам мекунанд. Раҳбарони Тоҷикистон борҳо шоҳиди он буданд, ки занони ин минтақа пеши роҳи онҳоро гирифта ва барои ҳалли масоиле назди ин мақомот шарту шароит гузоштаанд. Инро дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ва худи Президент Раҳмон низ хуб медонанд.”

Оқои Дӯстов афзуд, ки ба ин хотир раҳбарии Тоҷикистон барномаҳои ба истилоҳ “мақбулеро” барои мардуми ин минтақа роҳандозӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд ӯ афзуд, ки ахиран дар ин минтақа шумори афроди норозӣ аз давлати феълӣ дар ҳоли афзоиш будааст.

“Бобои Раҷаб куҷо шуд?”

Муҳаммадшариф Набизода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб низ муътақид аст, ки дар даҳсолаи ахир мизони маҳбубияти Президент Раҳмон дар ин минтақа дар муқоиса бо авоили солҳои 1990 уфти назаррасе кардааст.

Вай гуфт, ки аз ин рӯ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқотҳои ахираш бо мардуми саъй кардааст, ки дубора дар осостонаи интихобот таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кунад.

Оқои Набизода ҳамчунин мегӯяд, ки мақомти маҳаллӣ дар ду моҳи ахир шогирдони макотиби ҳамагонӣ ва донишкадаҳо, кормандони давлатиро ба хотири истиқболи гарм аз Президент Раҳмон аз таҳсил ва фаъъолият барканор карда ва ин муддати аз дастрафта барои ин кӯдакон ва навҷавонону кормандон ҷуброн нахоҳад шуд.

Оқои Набизода афзуд: “Дар минтақаи Кӯлоб воқеъан аксарияти мардум дар мавриди давлати феълӣ ва президент назари дигаре доранд. Аммо он иддае, ки аз ин давлат суде ба даст доранд ба ҷонибдории раҳбари он садо баланд мекунанд.”

Оқои Набизода мегӯяд, ки он чи ки дар телевизюнҳо дар мавриди пазироии мардум аз Раҳмон нишон медиҳанд аз асли зиндагӣ ва тақозоҳои мардум аз раҳбарият тафовут дорад ва ӯ афзуд, ки афроде, ки мехоҳанд ҳақиқати воқеъиро ба раҳбар бигӯянд, наметавонанд дар мулоқотҳо бо Президент Раҳмон ширкат кунанд.

Оқои Набизода гуфт: “Чанд соли қабл бобои Раҷаб дар Кӯлоб зиндагӣ мекард ва ҳар замоне, ки раиси ҷумҳур ба минтақа меомад, кормандони интизомӣ бобои Раҷабро аз минтақа барои муддате берун мебурданд. Ва ҳоло кормандони интизомӣ чанд нафар аз занонеро, ки мехоҳанд ҳақиқатро ба Эмомалӣ Раҳмон расонанд, аз ҷумла зани Сангак Сафаровро, ки фарзанди ӯро маҳкум ба ҳабси абад кардаанд, намегузоранд, ки ба маҳалли мулоқот наздик шаванд.”

Вай мегӯяд, ки иддае аз мақомоти маҳаллӣ ба хотири нишон додани маҳбубияти Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар ин минтақа тақаллуб дар натиҷагирӣ аз раъйдиҳӣ дар интихоботи қаблӣ, мекарданд ва гузориш медоданд, ки 99 дарсади сокинони минтақа аз ин ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд.

“Раҳмон дасти мардуми Кӯлобро гирифт”

Аммо иддае дигаре аз коршиносон мегӯянд, ки маҳбубияти Президент Раҳмон дар миёни сокинони Кӯлоб ва вилояти Хатлон дар ду даҳаи ахир побарҷо будааст.

Аз ҷумла Зафар Мирзоев, коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки Прездент Раҳмон баъд аз расидан ба қудрат дасти мардуми Кӯлобро гирифт, аз онҳо ҳимоят кард ва дар ҷаҳон машҳур сохт. Ҳамчунин вай афзуд, ки раҳбари кишвар дар бозсозии шаҳри бостонии Кӯлоб низ нақши сазоворе доштааст.

Оқои Мирзоев афзуд: “Мардумро ҷаноби Раҳмон дастгирӣ (ҷонибдорӣ) кард ва ҳоло аксари мардуми минтақаи Кӯлоб аз президент ҷонибдорӣ мекунанд. Ва маҳбубияти ӯ дар миёни мардум самимӣ буда ва ҳеҷ дурӯягие дар ин ҷо нест. Ман ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунам хуб медонам, ки мардуми Кӯлоб сад дарсад Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ мекунанд ва касе дигарро ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.”

Оқои Мирзоев афзуд, ки дар гузашта дар даврони Шӯравӣ зимомдорони вақт ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва омӯзишу парвариши мардуми ин минтақа аҳамият қоил намешуданд, аммо ӯ афзуд, ки дар даврони истиқлол, яъне дар тӯли чанд даҳаи ахир сокинони ин минтақа тавонистаанд, дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа пайдо кунанд.

“Корхонаҳои ҷашнӣ” ё “ҷоплусии мақомоти маҳаллӣ”

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари серӯзаи худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин аз макони таърихӣ будани ин минтақа ёдовар шуд ва гуфт, ки қарор аст дар соли 2015 дар Тоҷикистон аз 700 умин солгарди зодрӯзи Мирсаид Ҳамадонӣ, мутаффакири саршиноси шарқ таҷлил шавад.

Оқои Раҳмон дар ин сафари худ дар маросими оғози бунёди меҳмонхонаи 16-табақа ва як мактаби ҳамагонӣ барои беш аз 600 шогирд ва ҳамчунин ифтитоҳи чанд корхонаи коркарди маҳсулоти кишварзӣ ширкат дошт.

Тавре ки ӯ дар суханронии худ мегӯяд, ин корхонаҳо беш аз як ҳазор сокини минтақаро бо ҷои кор таъмин хоҳанд кард. Ҳарчанд дар шарите, ки аксари сокинони ин минтақа ва ба вижа ҷавонон бекор ҳастанд, баъид ба назар мерасад, ки бо бунёди чанд корхонаи кучак давлат битавонад мардуми Кӯлобро бо ҷойҳои кории доимӣ ва бо маъошӣ кофӣ таъмин кунад.

Ҳамчунин ба гуфтаи иддае аз сокинони ин минтақа дар гузашта низ дар Кӯлоб ва навоҳии дигари вилояти Хатлон бо ширкати раиси ҷумҳурӣ шумораи зиёде аз корхонаҳои ифтитоҳ шудаанд. Аммо баъд аз гузашти чанд рӯз ва баъзан як ё ду моҳ бештари ин корхонаҳо аз фаъъолият бозмонда ва кормандони он бидуни кор мемонанд.

Зеро ба гуфтаи афроди огоҳ “бештаре аз ин тадобир саҳнаҳои вижае будааст, ки мақомоти маҳаллӣ танҳо ба хотири “шод” кардани Президент Раҳмон ва боқӣ мондани худ дар курсии мансаб роҳандозӣ мекунанд.”

Барои мисол дар соли 2011 дар ҷараёни яке аз сафарҳои президент Раҳмон ба вилояти Хатлон корхонаи хусусии мурғпарварии “Якарча” дар ноҳияи Мӯъминободи ин вилоят бо ширкати вай боз шуда буд.

Ҳамчунин ба гуфтаи як зани ин ноҳия дар ин маросим мақомоти маҳаллӣ як теъдод духтаронро “аз куҷое пайдо карда” ва барояшон суханрониро ёд додаанд, ки гӯё коргарони корхона аз 400 то 600 сомонӣ маъош мегиранд ва аз фаъолияташон дар корхона хушбахт ҳастанд. Вале бо гузашти чанд моҳе аз ин маросим ин корхона аз фаъъолият бозмемонад.

Аз сӯйи дигар ба гуфтаи иддае аз сокинони шаҳри Кӯлоб дар ин шаҳр биноҳое, ки бунёди онҳо ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ оғоз шуда ва ҳамин тавр нимаомода боқӣ монданд.

Ба гуфтаи онҳо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳо ва ё сафари мақомоти баландпоя, аз ҷумла Президент Раҳмон ба Кӯлоб, маъмулан мақомоти маҳаллӣ барои аз чашм ба дур гирифтани ин манзараҳо онҳоро бо парҷами бузурги Тоҷикистон ва ё тоблуҳо бо шиъорҳое аз суханрониҳои мақомот паноҳ мекунанд.

Зарринаи Хушвақт, “Би-би-сӣ”

More From Author

You May Also Like