Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари серӯзаи худ аз вилояти Бадахшон, бо сокинони ин минтақа беш аз панҷ мулоқот анҷом дод. Мухтасари ҳамаи ин дидорҳо дар телевизиюнҳои давлатӣ борҳо намоиш дода шуд. Аммо дар ин гузоришҳо оқои Раҳмон боре ҳам аз амалиёти низомии порсол дар шаҳри Хоруғ ёдовар нашуд.
Он гуна, ки аз ин гузоришҳо бармеояд, Эмомалӣ Раҳмон аз амалкарди давлат баъд аз ин рӯйдод, яъне ду мавриди муҳокимаи додгоҳ ва иқдоми давлат барои бозсозии муассисоти харобшуда ва имкони пардохти ғаромат ба афроди осебдида низ сухане нагуфтааст.
Як зан аз ҷумлаи сокинони шаҳри Хоруғ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки дар яке аз нишастҳои оқои Раҳмон ҳузур дошт. Вай афзуд, ки дар ин дидор раисҷумҳур ва ҳуззор аз рӯйдодҳои Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 ёдовар нашуданд.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон ҷӯёи посух барои пурсишҳои худ дар бораи ин амалиёт, мубтакири он, омори дақиқи талафот ва хисороти ношӣ аз он, ангеза ва паёмадҳои он барои мардуми маҳаллӣ ҳастанд.
Ба гузашта салавот?
Парвиз Мулоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд оқои Раҳмон дар ин мулоқотҳо намехост масоили доғи мавҷуда дар Тоҷикистонро матраҳ кунад.
Оқои Муллоҷонов афзуд: “Оқои Раҳмон дар суханрониҳои худ наметавонист чизе бигӯяд, ки мардум интизори шуниданашро доштанд. Пардохтани раисҷумҳур ба рӯйдодҳои порсол метавонист боъиси вокуниши шадиди мардум дар Хоруғ шавад.”
Ин коршиноси маҳаллӣ ҳамчунин мегӯяд, ки суханрониҳои мардуми ҳозир дар нишастҳои раиси ҷумҳур дар Бадахшон ҳам то андозае маснуъӣ ё ғайритабиъӣ ба назар мерасид ва маълум буд, ки аз сӯйи афроди наздик ба мақомот таҳия шудаанд.
Аммо Сайфулло Сафаров, коршиноси дигари сиёсӣ, ки дар Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, мегӯяд, ки худдории оқои Раҳмон аз ёдоварии рӯйдодҳои Хоруғ кори дурусте буд, зеро ёдоварии ин рӯйдодҳо метавонист “боъиси озурдагии хотири мардум шавад.”
Вай дар истинод ба суҳбатҳои мардум гуфт: “Барои он ки сулҳу субот нигаҳ дошта шавад, баъзан бояд масали “ба гузашта салавот”-ро ба ёд оварем, ки аз он ҳамаи сиёсатмадорон истифода мекунанд. Ва президенти кишвари мо низ аз он истифода мекунад ва ин натиҷае низ дода буд.”
Оқои Сафаров афзуд: “Дувум, дар суннатҳои мардуми мо нест, ки дар рӯзи тӯй (сур) дар бораи мотам суҳбат кунанд. Ва чун мардум дар Бадахшон низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ накарданд, президент ҳам чунин натиҷа гирифт, ки харошидани дили мардум зарурӣ нест.”
Ин коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон муътақид аст, ки мардуми Бадахшон ба давлати марказӣ ва раҳбари он “вафодоранд ва бояд ба онҳо арҷ гузошт.”
Аз сӯйи дигар, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки то кунун дар Тоҷикистон ҳеч назарсанҷиии ҷиддие дар мавриди мизони маҳбубияти раисҷумҳурии кунунӣ ва ақидаи мардум дар бораи таҳаввулоти сиёсӣ ва фаъъолиятҳои аҳзоби мухохиф сурат нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни рӯйдодҳои сиёсии муҳим, аз ҷумла интихобот, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмонҳои мардумниҳод (ғайридавлатӣ) таҳқиқоте мустақил дар бораи рӯйкарди бештари мардум ба сиёсати он давлат, раҳбари он ва аҳзоби сиёсии фаъъол анҷом медиҳанд.
“Ситоишҳои мутақобил”
Аз сӯйи дигар, дар мулоқотҳои раиси ҷумҳурӣ бо мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки телевизиюнҳои давлатӣ батакрор нишон медиҳанд, мебинем, ки бештари сухангӯён аз “сиёсатҳои хирадмандонаи сарвари давлат” ҳамвора ситоиш мекунанд.
Бисёре ин суханрониҳо дар ҳузури раисҷумҳурро “аз қабл тарроҳишуда” медонанд. Онҳо мегӯянд масъулон танҳо онҳоеро ба сухан гуфтан дар баробари раисҷумҳур иҷоза медиҳанд, ки танҳо аз сиёсатҳои ӯ ситоиш кунанд ва мушкилоти мавҷударо матраҳ накунанд.
Як фарди бузургсоли сокини шаҳри Хоруғ низ мегӯяд, бисёре аз афроде, ки мехостанд дар мулоқот бо раисҷумҳур ширкат кунанд, ба далели надоштани даъватнома иҷозаи ҳузур дар онро надоштанд.
Ба гуфтаи Садбарг Муборакшоев, агар ӯ иҷозаи ҳузур дар мулоқот бо раисҷумҳурро медошт, зимни сипосгузорӣ аз оқои Раҳмон дархостҳое аз ӯро ҳам матраҳ мекард.
Ин марди солманд ва рӯзгордида мегӯяд, ки 150 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ мегирад, аммо ин маблағ барои хариди як киса орд (160 сомонӣ) ҳам кифоят намекунад.
Ҳарчанд оқои Муборакшоев гуфт, ки сокинон барои вуруд ба маҳалли мулоқоти оқои Раҳмон мушкил доштанд, аммо Манижа, як сокини дигари шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки ӯ тавонистааст ба макони дидор бидуни даъватнома ворид шавад.
Бисёре дар Тоҷикистон мулоқотҳои ахири масъулони баландпояи ин кишвар бо сокинони одиро, ки дар манотиқи мухатлиф доир мешавад, мулоқотҳои “ситоишии мутақобил” мехонанд. Дар пораҳое аз дидори Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Бадахшон, ки телевизюнҳои давлатӣ тайи рӯзҳои гузашта намоиш доданд, суханрониҳои ситоишомез хитоб ба оқои Раҳмон нақши меҳварӣ дошт.
Аммо яке аз мушоҳидоти нозирон ин буда, ки бештари намояндагони ҷомеъаи Бадахшон дар ин нишастҳо коғаз ба даст доштанду рӯхонӣ мекарданд. Ва бархе низ, ҳангоме ки чашм аз коғаз меканданд, идомаи суханони худро фаромӯш мекарданд.
Аксари онҳое, ки дар ин гирдиҳамоиҳо суханронӣ мекарданд, суҳбатҳои худро бо вожаҳое аз қабили “Садри аъзам”, “Ҷаноби олӣ”, “Шаҳаншоҳ” ва “Шоҳ” оғоз мекарданд. Оқои Раҳмон ҳам ба навбаи худ аз дастовардҳои давлат дар 20 соли ахир, яъне дар замони раҳбарии худаш, намуна меовард.
“Бояд пӯзиш мехост”
Дар бархе аз суҳбатҳо Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми вилоят ваъдаҳое медод: “Соли ҷорӣ низ корҳои бунёдкориву ободонӣ дар вилоят вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корҳо дар як қатор иншооти (таъсисоти) нав сохтмон ва таъмиру азнавсозии 185 иншооти иқтисодиву иҷтимоъӣ ба маблағи 440 милюн сомонӣ идома дорад.”
Оқои Раҳмон дар поёни ҳар суханронӣ аз мардум дархост мекард, ки барои зиндагии имрӯз ва амнияти Тоҷикистон шукргузор бошанд. Бо ин ки дар ин суханрониҳо аз рӯйдодҳои даврони ҷанги дохилӣ бакаррот ёд шуд, аммо аз иттифоқоти соли гузашта дар Хоруғ сухане ба миён наомад.
Аммо бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ, ки ба дунболи кушта шудани раиси бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сурат гирифт, як амали “шитобзада ва иштибоҳ” буд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд ба хотири ин амалиёт, ки ба хисороти иқтисодии фаровон ва талафоти ҷонӣ анҷомид, аз мардум пӯзиш бихоҳад.
Вай меафзояд: “Албатта, бо мулоҳизоти фарҳанг ва одоби шарқӣ мувофиқ мебуд, ки вай аз мардуми Бадахшон узр мепурсид ва ҳамзамон он омиле, ки боъиси нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва бавижа мардуми Бадахшон шуда буд, шарҳ медод, аммо мутаассифона, ин тавр нашуд.”
Оқои Ҳакимов, ки ҳизби ӯ аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, ҳамчунин муътақид аст, ки сафари оқои Раҳмон ба Бадахшон дар остонаи интихобот иқдоме таблиғотӣ буд.
Вай гуфт: “Аслан тарз ва усули суҳбатҳое, ки Эмомали Раҳмон дар вилояти Бадахшон дошт, бештар моҳияти маъракаи (корзори) пеш аз интихоботро дошт. Ва оқои Раҳмон он тарҳҳоеро, ки дар чорчӯби барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон иҷро шудаанд, дастовардҳои худ муъаррифӣ кард, то дар интихоботи имсол мардуми Бадахшон ба вай раъй диҳанд.”
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати ёдоварӣ аз амалиёти Хоруғ, оқои Раҳмон чорае ҷуз ин наметавонист дошта бошад, ки ё он амалиёти зиёнборро тавҷеҳ кунад ё аз мардуми маҳаллӣ барои ончи бисёре аз мухолифон “лашкаркашӣ ба сари мардуми Бадахшон” номидаанд, пӯзиш бихоҳад.
Ҳадаф аз сукути раисҷумҳур дар бораи ин амалиёт низ аз ду ҳол хориҷ нест: Дар сурати тавҷеҳи он ва интиқод аз аносири маҳаллӣ барои таҳрики ин амалиёт ӯ метавонист ба норизоятии густардае дар миёни мардуми маҳаллӣ доман занад.
Аммо узрхоҳии эҳтимолии ӯ, аз диди таҳлилгарон, ба мухолифон ин дастовезро медод, ки раисҷумҳур қусур ва нокомии худро дар ниҳоят пазируфта ва онҳо дар интиқод ва эътироз нисбат ба аъмоли давлат ғайрат ва ҷасорати бештаре пайдо мекарданд.
“Би-би-сӣ”