Зилзилаи сиёсӣ дар Туркия

Ба гузориши рӯзи чоршанбе, дар амалиёте, ки 52 нафар дастгир шуданд, ки аз ҷумла фарзандони вазирони Туркия миёни онҳо мебошанд.

Тибқи ин гузориш, фарзандони вузарои машҳури ин кишвар дастгир шудаанд, ки ин ҳолат вазъи сиёсии кунунии Туркияро ба ларзиш овардааст.

Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Туркия ва дигар мақомоти баландпояи ҳизби ҳоким муътақиданд, ки ин амалиёт бахше аз тавтиаи дохилӣ ва хориҷӣ барои муҳандисӣ кардани сиёсат дар Туркия дар остонаи интихоботи шаҳрдориҳо дар ин кишвар аст.

Мавзуъи тармими кобинаи Туркия дар остонаи интихоботи маҳаллӣ, ки қарор аст моҳи март баргузор шавад, бо таваҷҷуҳ ба кандидат шудани се тан аз вазирони кобинаи Урдуғон барои ба дастовардани шаҳрдори шаҳрҳои Измир, Ғози Онтип ва Ҳотой матраҳ буд, аммо бурузи буҳрони ахир моҳияти дигаре ба ин мавзуъ бахшида ва дар маҳфилҳои Анкара масъалаи барканоршавӣ ё тағйир дастикам 10 вазир дар кобина матраҳ шудааст.

Бинобар ин гумоназаниҳо, Урдуғон фардо панҷшанбе дар дидори ҳафтагӣ бо Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия мавзуи тармим кобинаро бо вай дар миён хоҳад гузошт.

More From Author

You May Also Like