Categories ҶОМЕА

Зиндониҳо интизори афви умуманд

Ҳамзабек Нуров, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат, яке аз масъулини фаъол ва муваффақ ба шумор меравад, бахусус дар муносибат ва робита бо Наҳзат мақомоти ҳукумат дар маҳал. Мавсуф чанде қабл вориди баъзе аз зиндонҳои кишвар гардида, ба зиёрати иддае аз ҳаводорони Наҳзат шарафёб гардидааст. Ҳоло хабарнигори мо суҳбате анҷом дод бо ин бародар, ки ҳадафмандона дар роҳи пиёда кардани барномаҳои ҳизбӣ гом мебардорад.
Бародар Ҳамзабек, таври маълум, Шумо вориди чанде аз зиндонҳои кишвар гаштед, лутфан ҳадаф аз ин иқдоми хешро шарҳ медодед ва чӣ гуна ба ин кор даст ёфтед?
-Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Бояд гуфт, иқдоми банда аз фармудаҳои устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ манша мегирад, ки ҳанӯз дар он замон таъкидҳо дошта буд: бо бародарони мусалмон, ба хусус аъзо ва ҳаводорони ҳизб мунтазам дар иртибот бошед ва аз рафтану воқиф гаштан аз аҳволи зиндониҳо вақти худро дареғ надоред.
Ин суннати устод Нурӣ то замони мо ҳам расидааст. Гузашта аз ин, ба мо хабар расид, ки иддае аз зиндониҳо ба фаромӯшӣ супурдани онҳо аз ҷониби бародарони наҳзатӣ шикоят карда бошанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки рӯ биёрем ба чанде аз зиндонҳо ва тибқи имкон аз аҳволи дӯстони зиндонӣ аз наздик ошно бишавем.
Бо иддае аз аҳли Раёсати олии ҲНИТсари ин масъала суҳбат намуда, тасмим гирифтем барои зиёрат вориди зиндон бишавем. Ҳамин тариқ оғоз кардем аз зиндони №1, ки дар пойтахти кишвар воқеъ аст. Аммо аз сабаби бо режими шадид фаъолият доштани ин зиндон, иҷозаи рӯбарӯ суҳбати озод доштан бо бародаронро надоданд. Сари ҳар се моҳ дар ин зиндон имкони мулоқот бо наздикони худ вуҷуд дорад. Вале боз ҳам мо ғизои моддӣ ва салому паёми дӯстони дар озодӣ бударо ба онҳо расонида тавонистем. Агарчи тавре дар боло ишора рафт бо бародарон дар ин зиндон мулоқоти рӯбарӯ надоштем, вале навмед нестем, иншоаллоҳ, дар навбатҳои дигар бо онҳо суҳбат хоҳем кард.
Баъдан рӯ овардем ба зиндони №3, ки дар маҳаллаи Раёсати бозрасии автомобилии кишвар ҷойгир аст ва дар ин зиндон онҳоеро нигаҳ медоранд, ки собиқаи низомӣ доранд. Мо бе ягон мушкил вориди зиндон шуда, бо зиндониҳо ҳамсуҳбат шудем. Онҳо ҳам гуфтаниҳои зиёде доштанд, ки тибқи имкон ба ҳарфҳояшон гӯш кардем. Дуруду паёмҳое ҳам ироъа доштанд, ки ин амонатро хоҳем расонд.

– Таври маълум, дидани Шумо аз зиндонҳо дар моҳи Рамазон анҷом гирифт. Оё дар ин марҳалаи ибодатҳои хос вазъи бародарони зиндонӣ чӣ тавр буд?
– Бале, алҳамдулиллоҳ дар дохили зиндон дар ин маврид шикояте вуҷуд надошт. Яъне монеъагузориҳое аз ҷониби масъулини ин зиндон ба назар намерасид. Аз ҷониби роҳбарияти зиндон амр ҳам шуда, ки барои афроди рӯзадор дар вақти лозим хӯрок омода мекунанд ва тамоми намозҳо бо ҷамоъат сурат мегиранд. Имкони хондани китоб ҳам вуҷуд дорад.
Агарчи дар фурсати маҳдуд аз тамоми ҷанбаҳои буду боши онҳо воқиф шудан мушкил буд, вале ба ҳар ҳол Худоро шукр, каме ҳам бошад, аз ҳолашон бохабар гардидем.

– Оё зимни суҳбат бо дӯстон эҳсос кардед, ки асли хоҳиши онҳо чист?
– Бале, агарчи дар суҳбат мегуфтанд, ки мушкил надорем, вале зиндон зиндон аст, дохили чор девори қоқ ба сар бурдан оё бетаъсир боқӣ мемонад? Аслан зиндониҳо як чизро дербоз интизоранд, он ҳам афви умум аст. Онҳо инро ҷиддан хоҳишу интизор доранд, ки чунин як афви умум кай сурат мегирифта бошад?! Ҳамзамон зиндониҳо аз кору пайкори ду вакили ҲНИТ дар парлумон, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ пурсон шуданд ва пурсон шуданд, ки оё онҳо дар бораи афви умум дар парлумон баҳс ё пешниҳодеро ироъа доштанд?
Мо ба бародарони зиндонӣ аз фаъолияти густардаи парлумонии раиси ҲНИТ ва муовини аввали ҳизб суҳбатҳое доштему гуфтем, ки онҳо диду назари худро дар ҳама маврид изҳор медоранд. Аксари кулли бародарони зиндонӣ аз ҷанбаҳои коргузорӣ дар парлумон огоҳӣ доштанд ва хоҳиш карданд, ки салому паёми ишонро ба раҳбарияти ҲНИТ расонем.
Насиб будааст, ки аз зиндони №7 дидан намоему суҳбате низ дар он ҷо дошта бошем. Ҳамчунин рӯзи шанбеи 30-юми август вориди зиндони дар шаҳри Ваҳдат буда ҳам шудем. Дар ин ҷо аз сабаби он ки аз қабл ташриф овардани моро интизор буданд, бо дидани чеҳраи якдигар хурсандии ишон ҳадду канор надошт. Бо ин бародарон суҳбат доштему салому паёми роҳбарияти ҲНИТ-ро низ расонидем. Бо бисёре аз суолҳои матраҳшуда то қадри имкон посух додем.
Дар умум, бо лутфи Худованд аз чор зиндон дидан кардем ва ин амалро идома хоҳем дод. Дидор ва расонидани кумак бо мазлуму барҷомондае аз масъулиятҳои мусалмонии хеш дониста, онро танҳо ба хотири Худо анҷом медиҳем.
– Бале, бояд чунин ҳам бошад, вале мутаассифона, чунин амалҳо дар бисёре аз мавридҳо содиқона ва холисона анҷом намегиранд.
Ҳоло Шумо вориди маконе гардидед, ки на ҳар кас хостори ба он ҷо рафтанро дорад. Оё мақомот ин амали шуморо хуш қабул карданд?

– Худоро сипосгузорем, ки мақомот моро хуб пазируфтанд, новобаста ба он ки зимни муаррифӣ ҳуҷҷати ҳизбии хешро нишон додаму гуфтам, масъули бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат мебошам. Ба ҳар ҳол, бе навбат бори моро қабул намуда, муносибаташон ҷиддӣ буд.
Агарчи ин бори аввал набуд, ки мо вориди зиндонҳо гардидем, қаблан ҳам аз ҳоли онҳо то ҷое воқиф будем, аммо ҳоло чунин ба назар мерасид, ки вазъи зиндониҳо аз қабл фарқ дошт, шояд зери ниқоб мушкилоте вуҷуд доштанд, ки мо фаҳмида натавонистем. Вале ба ҳар ҳол, вазъи онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ хуб буд. Ин нуктаро хеле хуб диққат додам, бахусус нисбат ба солҳои 1993 – 1997.

– Дар тӯли солҳои 90-ум то ба имрӯз дар зиндонҳо чӣ мушкилотеро аз ҷониби мақомот нисбати зиндониҳо ба мушоҳида гирифтед?
– Агарчи камбудие дар зоҳир ба назар намерасид, вале дар як дидор фаҳмидани вазъи зиндониҳо мушкил аст. Кор ҳасту камбудӣ ҳам, вале зиндониҳо солим ба назар мерасиданду чеҳраи хубе ҳам доштанд. Ба ин хотир, дар зоҳир вазъи маҳбусон хуб ба назар мерасид.
Қайд намудан бамаврид аст, ки қасд аз зиёрати мо ҳам танҳо расонидани хӯрока набуд, фаҳмидани ниёзҳо ва дидор бо бародарони имонии худ буд. Бубинед, вақте бародари имониро мебинӣ рӯҳияи ҷонибайн баланд мегардад. Пас чаро ин корро мудом идома надиҳем? Чаро мансабдорону масъулин, ҳатто чеҳраҳои шинохтаи кишвар аз вазъи маҳбусин дидан накунанд?
Аз ин рӯ, ҳар инсоне, ки чунин як амалро анҷом медиҳад, набояд дунболи обрӯ, балки ризои Аллоҳ таъоло бошад.
Дар навбати худ зиндониён ҳам хуш мешаванд, ки танҳо нестанд, балки ҷамъияте дар канори онҳо ҳаст ва касе безорӣ намеҷӯяд. Ишон бовар ҳосил мекунанд, ки дар оянда барои ҷамъият лозиманд. Мо набояд зиндониеро бо содир кардани кадом амали ҷиноие аз ҷамъият дур созем, балки дар пайи ислоҳи чунин мушкил бошем.

– Дар фарҷоми суҳбат мехостем аз фаъолияти бахши ҳизб дар шаҳри Ваҳдат ва омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ҳам чизе мегуфтед.
– Бо инояти Худованди маннон фаъолияти бахши ҳизб хуб аст. Омӯзиши онҳое, ки масъулиятеро дар марҳалаи интихоботӣ бар дӯш мегиранд идома дорад ва барномаҳои хосеро барои ҳар самти фаъолият дар машварат бо масъулини болоии ҳизб таҳия ва амалӣ месозем. Дидору мулоқотҳоеро бо ҳаводорони хеш баргузор ва робитаҳоро мустаҳкам менамоем, яъне бо мардум ҳадафу барномаҳои ҳизбиро дар заминаи қонунҳои мавҷуда мефаҳмонем. Агар ҳукумат дар маҳал маҳфилу ҳар нишасти дигареро доир мекунад, мо ҳам худро ҷузъе аз мардуми ноҳия дониста, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳалли ҳар масъалеро ҳамшарик бошем.
Ҳамин тарзи муносибат боис шуда, ки масъулини ҳукумат дар маҳал дар ҳамаи чорабиниҳо моро даъват мекунанд. Дар навбати худ мо ҳам намояндаҳои ҳукуматро ба маҳфилу нишастҳоямон даъват мекунем.
Вале, дар мадди аввал омодагӣ ба интихоботи парлумонист, ки онро хеле ҷиддӣ медонем.

More From Author

You May Also Like