Як рӯзномаи австриягӣ дар матлабе зиндони Гуантанаморо шикасти ҳуқуқӣ барои ИМА арзёбӣ карда ва афзоиш нафрат аз Амрикоро натиҷаи ба истиллоҳ пружаи мубориза бо терроризм арзёбӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, рӯзномаи австриягӣ дар матлабе навишт, ки ҳудуди даҳ солу ҳашт моҳ аз ҳодисаи террористии 11 сентябри 2001 дар Нию – Йорк мегузарад, ки баробар аст бо 4000 ҳазор рӯз, ки дар ин муддат ҳеҷ адолат ва инсофе риъоят нашудааст.
Нависанда дар бахши дигаре аз ин матлаб навишт, ки Амрико ҳанӯз дар ин рӯзҳо ба худ наомадааст ва ба истилоҳ дар муборизаҳои худ бо терроризм ва террористҳо чизҳоеро ки ваъда дода буд, амалӣ накардааст. Нависанда меафзояд, ки Гуантанамо дар таърихчаи солҳои ахири Амрико ба як шикасти ҳуқуқӣ барои ИМА ба шумор меравад. Зеро ба гуфтаи ӯ, хабарҳое ки аз зиндони Гуантанамо ба мо мерасанд, дар онҳо танҳо зарбу саркӯби зиндониён ба назар мерасад.
Созмони марказии Амрико ахиран худ эътироф кардааст, ки Холид Шайх Муҳаммад, муттаҳам ба 11 сентябрро 183 маротиба тавассути қавваи барқ дар об ранҷу азоб додаанд. Рӯзномаи мазкур дар идомаи ин матлаб навишта, ки раисҷумҳури Амрико Барак Обама худ хостори зиндони Гуантанамо набудааст, аммо ин зиндон ҳоло барои ӯ ба як мушкилие табдил шудааст.
Бо вуҷуди ваъдаҳое ки дар бораи баста шудани ин зиндон дода шуда буд, аммо то имрӯз 170 зиндонӣ дар Гуантанамо вуҷуд дорад, ки нисфи аз онҳо комилан бегуноҳ ҳастанд. Мурис Доис, яке аз ҳуқуқдонҳои амрикоӣ дар ин бора изҳор доштааст, ки раисҷумҳури Амрико то имрӯз ҳеҷ тағйиротеро дар гуфтаи худ ба анҷом нарасонидааст. Ба ин тартиб бо сабаби ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин зиндон нафрат ва бадбинӣ нисбати Амрико бештар гардидааст.