Categories Ахбори рӯз

Зоиров: “парвандаи Қудратов санаи 20 ноябр ба суд ирсол шуд ..”

Тобистони соли ҷорӣ нисбати адвокати Зайд Саид соҳибкори маъруфи кишвар, Шуҳрат Қудратов ба гумони порагирӣ боздошт шуда буд, ки айни замон ин парванда барои баррасӣ ба суди шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

Раҳматулло Зоиров адвокати Шуҳрат Қудратов ба хабаргузории “Азия – Плюс” гуфтааст, ки маводи парванда санаи 20 ноябр пас аз баррасӣ дар Покуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд фиристода шудааст.

Парвандаи мазкур, ки кормандони Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор додаанд, моҳи декабр оғоз мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки Шуҳрат Қудратов адвокате буд, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саид ҳимоят карда буд, ки дар натиҷа 21 июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, пас аз он ба тавқифгоҳи муваққатиии КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тибқи хабаргузориҳо ва тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв метавонад озод карда шавад.

More From Author

You May Also Like