Categories СИЁСАТ

Зоиров: “Ҳукми Зайд Саид фармоишӣ аст”

Раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони саршиноси Тоҷикистон эъломи ҳукми 26 соли зиндон барои Зайд Саид, фаъоли бахши хусусӣ ва муассиси Ҳизби Тоҷикистони навро сиёсӣ ва фармоишӣ унвон кард.

Тибқи хабаргузориҳо, Раҳматулло Зоиров дар вокуниш ба ҳукми 26 соли зиндон барои Зайд Саидов, ки аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 25 декабр эълом шуд, ин ҳукмро далели дигар бар набудани истиқлоли низоми додгоҳии ин кишвар донист.

Вай муътақид аст, ки рӯзи 25 декабрро “Рӯзи сиёҳ” барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон номгузорӣ кард.

Аз дидгоҳи вай, ҳеҷ як аз иттиҳомоти эъломшуда алайҳи Зайд Саид исбот нашуда ва ҳукми Додгоҳи олӣ комилан фармоишӣ ва сиёсӣ аст.

More From Author

You May Also Like