Умед Сиддиқ
nahzat.tj
Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ сар аз 21 уми июли соли равон тасмим аст, ки намози таровеҳ бо ҷамоъат ва хатми Қуръони карим баргузор гардад. Шоми дирӯз, зимни сухани ифтитоҳӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи ҲНИТ ҳозиринро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон бори дигар таҳният гуфта, арз кард, ки ин моҳи шарифро ҳамагон ғанимат шумурда, инсон бояд дар он худро биорояд:
«Моҳи шарифи Рамазон қадами муборак бар остони дари мо ниҳодааст. Хуб фикр кунед, ба хотиратон мерасад, ки ин моҳи муборак ҳар сол қадам ба остони манзиламон ниҳодаву баъди меҳмонии якмоҳа бо мо видоъ мекунад. Ва дар ин чанд соле, ки аз умри худ сипарӣ намудаем, ин моҳи муборак дар ҳар омаду рафти хеш бо худ хайру баракоти зиёде меоварад».
Зубайдуллоҳи Розиқ қайд кард, ки оё бародарони мусалмон, боре дар мавриди азамату бузургии ин моҳи муборак фикр кардааст ё не, «зеро бисёранд касоне, ки дар ин моҳ рӯза медоранд, аммо каманд ононе, ки дар қалбу эҳсосоти хеш бузургӣ ва азамати ин моҳро зинда созанд. Пеш аз фикру андеша дар бораи рӯзаи моҳи муборак, дар мавриди фазилати ин моҳ ва мақоми волои он бояд андешид ва агар ҳақиқати онро шинохтан хоҳед, биёед бо ман ин ояи шарифаро бихонед:
«Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон ба унвони роҳнамои мардум ва ҳуҷҷатҳои равшангар ва ҷудокунандаи миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёфт, рӯза бигирад…». Бубинед бародарони азиз, Худованди мутаъол пеш аз он ки моро ба рӯза доштан дар моҳи Рамазон амр намояд, сараввал фазилати ин моҳ ва бартарияти онро, ки нузули Қуръон дар ин моҳ мебошад, баён намудааст».
Домулло таъкид кард, ки Паёмбари гиромӣ (с) фармудааст: «Худованди азза ва ҷалла гуфтааст, ки ҳамаи амалҳои фарзанди одам барои худи ӯст, ба ҷуз рӯза, рӯза барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам! Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад ба дасти ӯст, албатта бӯи даҳони рӯзадор назди Худованд хуштар аз бӯи мушк аст».
Дар идомаи сӯҳбати хеш домулло З. Розиқ гуфт, вақте моҳи мубораки рамазон фаро мерасид, бузургони ин уммат ҳама чиро тарк мекарданду рӯ ба тиловати китоби Худо меоварданд ва ба ин васила фазилати ин моҳи муборакро ҷӯё мешуданд:
«Бархе аз эшон Қуръонро дар ҳар се шаб як бор сар то по мехонд, бархе дар ҳар ҳафт рӯз ва бархе дар ҳар даҳ рӯз як бор онро комилан тиловат мекард. Эшон дар ҳақиқат бандагони шоистаи Худованд буданд, мавсимҳои тоъатро ғанимат мешумурданд ва дар анҷом додани амалҳои неку писандида бар якдигар мусобиқа менамуданд».
«Қуръонро дар Рамазон бештар аз як мартаба хатм кун, вале агар ин корро анҷом диҳӣ, албатта барои ту нек аст. Аммо аз он дар шигифтем, ки ин моҳи муборак сипарӣ мешаваду бархе аз мусалмонон ба ҷуз андаке аз Қуръонро тиловат намекунанд. Аз ин ҳам аҷибтар он аст, ки рамазон ба поён мерасад, вале ҳастанд афроде, ки ҳатто як ояти Қуръонро намехонанд», афзуд З. Розиқ.
Дар ахири сӯҳбати хеш ёдовар шуда тазаккур дод, шахсе ки моҳи Рамазон сипарӣ шаваду дар он аз китоби Парвардигори бузургаш баҳра набарад, бечораву дармонда аст. «Бинобар ин талоши фаровон ба харҷ диҳед то дар моҳи Қуръон аз китоби Худованд комилан баҳравар шавед, шумо дар ин роҳ саъю талош ба харҷ диҳед, Худованд худ ба роҳи рост раҳнамоиятон хоҳад кард».