Бештар аз як ҳафта бо даъвати САҲА дар Олмону Полша будед, мехостам донам, ки ҳадаф аз даъвати САҲА чӣ буд?
– Ҳамоҳангсози ин сафар намояндаи САҲА дар Тоҷикистон буд. Ва ин созмон намояндагони ҳизбҳоро аз қишри занон барои иштирок дар як семинар даъват намуда буд. Ҳадафи сафари мо низ ширкат дар семинар …
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон қариб занон аз ҳама аҳзоби сиёсии кишвар ҳамчунин аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин семинар даъват шуда буданд.
Сафари мо таввасути шаҳри Франкурти Олмон сурат гирифт, тайи чанд рӯз мо дар ин шаҳр мондем.
Бо роҳбарияти ҳизби Сабзи ин кишвар, ки бештари курсиҳои парлумон ва ҳукуматро дар даст дорад мулоқот анҷом додем. Бояд гуфт, ки 60 дар сади мақомҳои ҳизби Сабзи Олмон дар дасти занон буда, асосии фаъолияташон аз 3 бахш: беҳдошти табиат, боло бурдани мавқеи зан ва сулҳофаринӣ.
Ҳамчунин бо шаҳдори Франкурт низ сӯҳбате доир шуд. Ногуфта намонад, ки сафари мо ба рӯзи баргузории Шурои занони ҳизби Сабз, ки соле 4 маротиба баргузор мегардад, рост омада буд, ки тавонистем дар ин шуро ширкат намоем. Илова бар ин муясарамон шуд, ки бо чеҳраҳои сиёсӣ вохӯрӣ намуда ва ҷойҳои таърихии ин кишвар дидан намоем.
Санаи 17-уми май мо ба шаҳри Варшаваи Полша сафар кардем.
Дар рӯзи аввали сафар аз парлумони ин кишвар дидан намудем. Шоми он рӯз дар дафтари БДИПЧ тамоми даъватшудагон ҷамъ шуданд. намояндаи 50 кишвар ташриф оварда буд.
Муовини вазири корҳои хориҷаи Полша меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо сухани ифтитоҳӣ семинарро кушода эълон намуд. Мавзӯи семинар бошад «Ҳизбҳои сиёсӣ ва ӯҳдадориҳои САҲА». Намояндагони ҳамаи кишварҳои ки аъзои САҲА ҳастанд, онҷо ҳузур доштанд, вале ягон намояндаи мақомоти давлатии Тоҷикистон дар ин семинар ҳузур надошт. Фикр мекунам вуҷуди занони аҳзоби сиёсии кишвар то ҳадде ин камбудиро рӯйпуш намуд.
Дар қатори пешниҳоду дархостҳои даъватшудагон ҷоби мо пешниҳоди хосси худро намудем. Аз ҷумла пешниҳоди мо ин буд, ки намояндагии САҲА барои таъсиси як гурӯҳи корӣ аз миёни занони ҳизбҳои сиёсӣ кӯмак намояд, то ин гурӯҳ барои иштироки фаъоли занҳо дар интихобот талош варзанд, занони тоҷикро омода созанд.
Ҳамчун зан гуфта метавонед, ки масъалли гендерӣ дар парлумони Полша риоя мешавад ё…?
-Кори парлумони ин кишвар моро ба ваҷд оварда буд. Ин кишвар дорои як парлумони касбӣ ҳасту тариқи квота яъне аз рӯйи рӯйхат нафари якум зан дуввум мард севумӣ зан ҳамин гунна номзадҳо пешниҳод мегардидаанд. Панҷ ҳизбе ки дар Парлумон намоянда дорад, дорои фраксия аст. Шаффофият риоя мешавад. Вақте як ҳизб сари қудрат меояд, Роҳбари ин ҳизб агар Президент интихоб шуд аз ҳизб меравад ва ҳуқуқи роҳбарӣ намудани ҳизбро надорад.
Парлумони Тоҷикистон дорои 11 кумита буда, ҳамагӣ 2 нафар зан раисони кумита ҳастанд, дар Полша чи?
-Роҳбари се кумитаи парлумони ин кишвар занон буданд. Эҳсос мешуд, ки занҳо хеле фаъоланд. Дар масъаллагузорӣ низ занон инро ман эҳсос намудам. Як вакиле, ки зан ҳаст ба мо гуфт, ки заноне, ки номзад ба вакилӣ мешаванд, бояд дониши хуби ҳуқуқӣ дошта бошад…
Нуктаи дигар ҷолиб ин буд, ки вакилони Парлумон аз соати 8-и субҳи Душанбе сари кор меоянд ва рӯзи шанбе ҳуқуқи аз парлумон берун шуданро доранд. Агар дар баррасӣ ва муҳокимаи қонуне вакил фаъол набошад, маошаш кам карда мешавад ва фаъолияти ӯ тариқи расонаҳои электронӣ аз ҷониби мардум дида мешавад.
Дар Тоҷикистон вохӯрии вакилон соле ду маротиба ва шурӯъ аз ин сол чор маротиба бо интихобкунандагон сурат мегирад. Вохӯрии вакилони Парлумони Полша бо интихобкунандагон чӣ гунна аст?
-Кору фаъолияти ҳар як вакил дар сомонаи парлумонашон вуҷуд дорад. Дастрасии мардум, ки бо техналогияи муосир бештар аст ва мардум тариқи интернет бо вакилонашон дар иртибот ҳастанд. Вакилони ин кишвар барои мадум дастрас ҳастанд. Ҳатто мардуми оддӣ низ аз фаъолияти вакилонашон қаноатманд ҳастанд.
Масъаллаи таблиғоти пешазинтихоботӣ ва тарзу усули таблиғ дар ин кишвар чӣ гунна аст?
-Кишварҳои аврупоӣ аз усулҳои навтарин таблиғ кор мегиранд, вале аз ҳама муҳим барномаи хуб доштан, онро ба мардум расонидан аст.
Расонидани барқия ва паёми ҳизби худ ба мардум низ як усули хубу муассир ҳаст, ки онҳо аз ин усул кор мегиранд.
Имрӯз дар парлумони кишвар ҳамагӣ 11 нафар зан фаъолият дорад, ба фикри Шумо ин нафарон соҳиби овозҳои худ гардиданд ё ин ҳам як гунна имконияти ҲХДТ барои аъзоёни зан буд?
-ҲХДТ хост бо ин амалаш нишон диҳад, ки ба масъаллаи гендерӣ тавваҷӯҳ менамояд. Аммо ин як гунна таъинот аст, ки барои як нафар зан симматеро аз қабл омода мекунанд, ки ин нафар ба ҷуз ҳамон доираи муайяншуда наметавонад берун шавад. Бубинед муовинони бештари сохторҳо занон ҳастанд, ки ин ҳам як гунна маҳдудият ҳаст барои равнақ ва талошаш. Чунки ин зан тавони рақобат бо мардро надорад ваё худро дар рақобат бо мардон дида наметавонад ва танҳо рақобатро бо ҳамҷинси худ мебинад.
Вақте сухан дар мавриди квота мерафт, аксари кишварҳо ба он назар буданд, вақти он расидааст, ки дар тамоми кишварҳои узви САҲА квотаҳо баробар миёни занон ва мардон тақсим карда шавад. Хусусан дар ҳизбҳои сиёсӣ. Аммо андешаи мо дигар аст. Мо ба ин назарем, ки бояд аввал худи занон омода бошанд ва битавонанд бо дониш ва малакаи худ дар рақобатпазир бошанд. Пеш аз ҳама ҷуръат ва боварӣ ба худ дошта бошанд, то дар саҳнаи сиёсат мавқеъ пайдо кунанд. Аз ин рӯ то он вақте, ки худсозӣ дар байни занон дида нашавад, онҳо новобаста аз онки мардон барояшон ҷой мегузоранд сатҳеро касб намекунанд.
Бештари азъоёни ҲНИТ ҷавондухтарон ҳастанд. Чаро ҲНИТ натавонист аз миёни бонувон чеҳраҳои зиёдеро ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар дохил муаррифӣ намояд?
-Бештар аз 50%-и аъзоёни ҲНИТ-ро хонумон ташкил медиҳанд. Ман ҳангоми суханрониам дар Полша гуфтам, ки тасмими роҳбарияти ҳизб барои аз ҳисоби занон дар вазифаҳо гузоштан ва пешбарӣ намудани вакилон аз ҳисоби занон ҳамчунин пардохти гаравпулӣ имконияти хубе барои ин қишр дар ҳизб аст.
Дуруст аст, ки мо бояд ҷойгоҳи занро то як ҷойе расонем. Аммо боз ҳам имконият дар дасти худи занҳост, то тавонанд мавқеи худро дар ҷомеа шиносад. Мо низ борҳо шунидам, ки ҲНИТ ба ҷуз якчанд нафар зан дигаронро муаррифӣ карда натавонистааст. Вале воқеият чунин нест. Мо дар минтақаҳо занони фаъол дорем. Хайринисо Саидова, Ҳафизахон Содиқова, Муслима Броимшоева ва дигаронро метавонам номбар намоям. Аммо занони ҳизби мо имконияти ваъолияти васеъ дар ҳизб доранду халос. Бояд барои муаррифи шудани бонувони ҲНИТ дар арсаи кишар ва ҷаҳон шароит фароҳам овард.
Зуроварӣ, фишор болои занон дар кишвар вуҷуд дорад. Телевизионҳои кишвар барои сади роҳ шудани ин зуроварӣ бо кӯмаки ташкилотҳои байналмилалӣ роликҳои таблиғотиро пахш карда истодаанд. Оё ин роликҳо паёмади манфӣ надоранд?
-Роликҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ дар телевизионҳои кишвар пахш мешаванд ба маърифату фарҳанги мардуми мо ихтилоф дорад. Беҳтар мебуд, ки таввасути уламои кишвар роликҳо омода мешуд. Чунки таввасути дин метавон сади роҳи ин гунна хушунати хонаводагиро гирифт.
Бубинед, бештари мардум дар охирин лаҳазоти мушкилии хонаводагӣ рӯ ба рӯҳонӣ меорад, то рӯҳон роҳи ҳал нишон диҳад.
Ҳамчунин гузаронидани семинару чорабиниҳо бо иштироки пешвоёни дин ба манфиати кор аст.
Дар мавриди боло бурдани синни никоҳ чӣ назар доред. Оё сабаби вайрон гардидани оилаҳо синну сол ҳаст ё чизи дигар?
– Вақте ин қонунро баррасӣ мекарданд, мо андешаи худро баён дошта будем. Агар мо тарбияро дар оила хуб ба роҳ монем, фарзанд барои хонадорӣ омода мешавад. Мо бояд барои боло бурдани маърифати ҷавонон кор бигирему набояд синни никоҳро боло барем.
Имрӯз ҷавондухтар ё ҷавонписаре ки ба тамошои филмҳои гуногуни ғайриахлоқӣ дода шудаасту майл ба фарҳанги мо бегона дорад ё аз илмомӯзӣ дур мондааст, пас чи гунна ба оилаи солим доштанаш умед баст.
Ҷалби духтарон ба донишкадаву донишгоҳҳо тариқи квотаи прзединетӣ чӣ кӯмаке барои онҳо карда тавонист. Оё бо имтиёзи додаи президент ба духтарон иктифо кардан кофист?
-Ҷавондухтароне, ки камбизоатанду мехоҳанд соҳиби илм гарданд, вале муттасифона пушти дари донишкадаву донишгоҳ то ҳол мондаанд. Хуллас дар ҷалби духтарон тариқи квота низ воситабозӣ аст.
Мегӯянд истифодаи нодурусти технологияи муосир фасоди фарҳангиро тавсеа додааст. Ба назари Шумо техналогияи муосир аз ҷумла телефон ва интернет аз ҷониби ҷавондухтарон чӣ гунна истифода шуда истодааст?
Истифодаи техналогияи муосир тақозои замон аст. Истифодаи дурусти интернет ва телефон самабарабахш аст. Вале имрӯз мебинем ононе, ки аз таълимоти динӣ ва дунявӣ дур мондаанд, рӯй ба интернету телефон меоранд, ба хотири гузаронидани вақт. Вале набояд фаромӯш карда бошем, ки дар доираи ахлоқи шарқиёна метавон сади роҳи фасоди фарҳангиро гирифт ва техналогияро низ дуруст истифода кард.
С. Кабиров
Categories
Ахбори рӯз