Абӯбакр, Муҳаммад писари Сирини Басрӣ тобеъӣ ва имоми бузург дар тафсир ва ҳадису фиқҳу таъбири хоб мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқин, Ибни Сирин дар даврони хилофати ҳазрати Усмон (р) дида ба ҷаҳон гушодааст. Падараш Сирин (Шерун) бардаи Анас писари Молик (р) буд, ки баъдан озод шуд. Дар бораи падари ӯ дар сарчашмаҳо омадааст, ки Сирин дар яке аз маъракаҳо ва набардҳое асири мусалмонҳо гаштааст. Ё худ ӯ дар набарде, ки мусалмонҳо дар Ироқ ҳангоми фатҳ намудани шаҳраки Айнуттамр ба дасти Холид писари Валид (р) ба асорат меафтад. Пас аз асорат ӯ бардаи Анас (р) мешавад. Баъди озод шуданаш аз бардагӣ ӯ бо духтаре аз мардуми араб издивоҷ менамояд, ки дар натиҷа фарзандони бисёре аз эшон ба дунё меоянд. Модараш Сафия ном дошт, ки ӯ ҳам замоне аз ҳаёташро дар бардагӣ паси сар намуда буду баъди чанде ӯро озодӣ насиб гашт. Дар бораи падар ва модари Ибни Сирин гуфтаанд, ки онҳо дар зиндагӣ бо тақво ва парҳезгорӣ шӯҳрат доштаанд. Ба вижа модари ӯ зани соҳибахлоқу накӯ буда, беҳтарин сифоти модариро дар худ доштааст, аз ҷумла, дар тарбия ва таълими фарзандон.
Ибни Сирин даврони кӯдакӣ ва наврасии худро дар иҳота ва канори саҳобаи бузурги Паёмбар (с) сипарӣ намудааст. ӯ донишандӯзии худро бештар ҳамроҳи саҳобаҳо (р) такмил намудааст. Дар умум, Ибни Сирин замоне ба дунё омада буд, ки сарзамини арабро ҳаёти беҳтарини исломӣ ва пешрафту тараққии афкори солими башарӣ фаро гирифта буд.
Тақво ва парҳезгории Ибни Сирин
Ибни Сирин дар тақво ва парҳезгорӣ яке аз шахсиятҳои машҳур ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар китобҳо ва сарчашмаҳо нақлу ривоятҳои гуногуне ҳифз шудааст. Аз ҷумла, Талқ писари Ваҳаб мегӯяд: бар Муҳаммад писари Сирин ворид шудам, дар ҳоле ки аз беморӣ ранҷ мебурдам. Пас ба ман гуфт: пеши фалонӣ бирав, ки ӯ нисбат ба пизишкӣ огоҳии хубе дорад. Сипас гуфт: аммо на, пеши фалонӣ бирав, ки аз вай дар пизишкӣ донотар аст. Аммо пас аз он чунин гуфт: Астағфируллоҳ, шак надорам, ки ғайбаташ кардам. Тақво ва парҳезгории ӯ то ҷое расида буд, хусусан дар вақти шунидани ғайбати касе ҳамаро ба тарси Худо ва иҷтиноб кардан амр мекард.
Барои мисол, ӯ вақте мешунавад, ки нафаре Ҳаҷҷоҷ писари Юсуфро пас аз маргаш бад гуфтааст, мегӯяд: даст бардор, эй писари бародарам, зеро Ҳаҷҷоҷ ба сӯйи Парвардигораш рафтааст ва ту ҳангоме ки ба сӯйи Парвардигор биравӣ, хоҳӣ дид, ки кӯчактарин гуноҳе, ки дар дунё муртакиб шудаӣ, бароят аз бузургтарин гуноҳе, ки Ҳаҷҷоҷ муртакиб шуда, сахттар хоҳад буд ва бидон, эй писари бародарам, ки Худованд ҳамон тавр ки аз Ҳаҷҷоҷ барои касоне, ки ба онҳо ситам кардааст, қасос хоҳад намуд, ҳамон тавр, низ барои вай аз касоне, ки ба ӯ ситам кардаанд, қасос хоҳад гирифт. Пас аз ин ба баъд худро машғули носазогӯӣ ба касе макун.
Ҳишом писари Ҳисон, яке аз афроди хонаводааш нақл мекунад: чизе боиси шакки Муҳаммад писари Сирин намешуд, магар онро тарк мекард. Сирӣ писари Яҳё мегӯяд: Ибни Сирин чил ҳазорро ба хотири шакки кӯчаке, ки дошт, тарк кард. Ҳамзамон Сирӣ мегӯяд: шунидам, ки Сулаймон мегуфт: он судро барои масъалае тарк кард, ки касе аз уламо дар ҳалол будани он ихтилоф дорад. Ашъас мегӯяд: ҳангоме ки аз Муҳаммад писари Сирин дар бораи чизе аз фиқҳ ва ҳалолу ҳаром мепурсиданд, рангаш тағйир мекард ва дар ҷавоб додан бисёр эҳтиёт менамуд ва таҳқиқи масъаларо хуб пайгирӣ мекард.
Рафтор ва ахлоқи Ибни Сирин нисбат ба модар
Ҳафса, духтари Сирин мегӯяд: надидам, ки Муҳаммад ҳаргиз садояшро бар садои модараш баланд кунад ва ҳангоме ки бо модараш сухан мегуфт, тавре сухан мекард, ки гӯӣ комилан дар ихтиёри ӯст. Ибни Авн мегӯяд: ҳангоме ки Муҳаммад назди модараш буд, агар касе бар ӯ ворид мешуд, аз шиддати пойин будани садои ӯ назди модараш, гумон мекард, ки ӯ бемор аст. ӯ тамоми умр худро дар хидмати модар ноқис медонист ва кӯшиш мекард, то даме ки нафас мекашад, аз дуои неки модар бенасиб набошад. ӯ ҳамеша худро ҳангоми адои хидмати модар тифле меҳисобид, ки акнун ба дунё омадаасту ба ҳама суханҳои модари худ ба хубӣ гӯш медоду фармонҳои ӯ ба ҷо меовард.
Ибни Сирин ва дониши таъбири хоб
Ибни Сирин бештар бо доштани илми таъбири хоб миёни аҳли илм ва тақво машҳур аст, ки дар манбаъҳо ҳам аз таъбиргӯии ӯ ривояту нақлҳои зиёде маҳфузанд. Барои мисол, марде ба Ибни Сирин гуфт: дар хоб дидам, ки гӯӣ аз ҷоме гавҳарин асал мелесам. Ибни Сирин ба ӯ гуфт: аз Худо битарс ва ба хондани Қуръон баргард, ки ту Қуръон мехондӣ ва сипас онро ба фаромӯшӣ супурдӣ. Марди дигаре ба назди вай омад ва ба ӯ гуфт: дар хоб дидам, ки гӯё бар сарам тоҷе аз тилло қарор дорад. Ибни Сирин ба ӯ гуфт: тақвои Худовандро пеша кун. Падарат дар билоди ғурбат аст ва биноияшро аз даст додааст ва мехоҳад, ки ту ба наздаш биравӣ. Мард чизе нагуфт, балки барои таъйиди сухани Ибни Сирин номае аз падарашро ба вай нишон дод, ки барояш навишта буд, ки дар сарзамини ғурбат чашмонаш кӯр шуда ва ба ӯ дастур дода буд, ки назди вай биравад.
Гуфтор дар бораи Ибни Сирин
Ибни Авн мегӯяд: Се тан ҳастанд, ки дигар ба монанди онҳо надидаам. Ибни Сирин дар Ироқ, Қосим писари Муҳаммад дар Ҳиҷоз ва Раҷо писари Ҳива дар Шом. Абӯавона мегӯяд: Муҳаммад писари Сиринро дар бозор дидам ва ҳеҷ кас ӯро намедид, магар он ки ба ёди Худо меафтод. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мегӯяд: Ибни Сирин фақеҳу олим ва адибу бисёр ҳадисгӯ ва ростгӯ буд, ки аҳли илм ва фазл бар он гувоҳӣ додаанд ва ӯ ҳуҷҷат аст. Маҳдӣ писари Маймун мегӯяд: Муҳаммад писари Сиринро дидам, ки ба монанди сухани мардум сухан мегуфт ва шеър месуруд ва бисёр механдид. Аммо ҳамин ки ҳадисе аз муснад хонда мешуд, чеҳрааш дар ҳам кашида мешуд ва худро ҷиддӣ мегирифт.
Саҳнае аз зиндагии Ибни Сирин
Ҷаъфар писари Мазруқ мегӯяд: яке аз ҳукком бо номи Ибни Ҳубайра Ибни Сирин ва Ҳасани Басриву Шаъабиро фаро хонд. Пас онон бар вай ворид шуданд. Ибни Ҳубайра ба Ибни Сирин гуфт: эй Абобакр, муддатҳост, ки ба назди мо наёмадаӣ. Ибни Сирин гуфт: назди Шумо ситаме ошкор дидаам. Писари бародари Ибни Сирин бо ишорае ӯро фаҳмонданӣ шуд, то ин сухан нагӯяд. Ибни Сирин гуфт: аз ту савол намешавад, балки аз ман савол мешавад. Ибни Сирин бидуни тарсу ҳаросе шикояташро дар назди ҳоким баён дошт. Пас аз ин ислоҳи кор дида шуд. Замоне Ибни Ҳубайра барои Ҳасани Басрӣ 4000 ва барои Ибни Сирин 3000, барои Шаъабӣ 2000 сикка фиристод. Ибни Сирин онро қабул накард. Чун ки ӯ гирифтани молро аз дасти ҳокимони давр хуб намедид. Ғайр аз ин медонист, ки моли равонкардаи онҳо аз ғараз холӣ нест.
Анас писари Молик (р) васият карда буд, ки Муҳаммад писари Сирин ӯро пас аз марг ғусл диҳад. Аммо Ибни Сирин ҳангоми вафоти Анас ба далели қарзе, ки дошт, дар зиндон буд. Ба ӯ гуфтанд, ки амир ба ту иҷоза медиҳад, то биравӣ. Вай гуфт: амир маро зиндон накардааст. Ҳамоно он ки ҳаққи баргардондани ман дорад, маро ҳабс намудааст. Баъд аз ин соҳиби ҳақро даъват карданд ва ба ӯ иҷозаи рафтан дод, то ғусли Анас (р) – ро баҷо биёрад.
Муҳаммад писари Саъд мегӯяд: аз Муҳаммад писари Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи иллати зиндонӣ шудани Ибни Сирин пурсидам. Гуфт: вай канизеро ба умми Муҳаммад, духтари Абдуллоҳ писари Усмон писари Абилъос фурӯхта буд. Пас, он каниз ба назди Ибни Сирин бозгашт ва шикоят кард, ки ӯро азият мекунанд. Ибни Сирин низ ӯро пас гирифт ва чун пулашро харҷ карда буд, бидеҳкор шуд ва ба зиндон афтод. Дар воқеъ, тақвои Ибни Сирин ба ӯ иҷоза надод он духтарро бори дигар баргардонад, то дубора мавриди озор қарор бигирад.
Убайдуллоҳ писари Сирӣ мегӯяд: Ибни Сирин гуфт: ман медонам, қарзе, ки боис шуд ба зиндон бияфтам, ба хотири кадом гуноҳам буд. Чиҳил сол пеш ба марде гуфтам: Эй муфлис. Убайдуллоҳ мегӯяд: Ин сухани Ибни Сиринро ба Абӯсулаймони Доронӣ бозгӯ кардам, пас гуфт: гуноҳонашон он қадар кам буд, ки ба ёд овардан ба кадом гуноҳашон муҷозот шуданд ва гуноҳони ману ту он қадар зиёданд, ки ёдамон намеояд, ба сабаби кадомашон муҷозот мешавем.
Суханони Ибни Сирин
Дар ҳаққи бародарат ситам варзидаӣ, агар бадтарин чизе ки аз ӯ медонӣ, бигӯӣ ва хубиҳояшро китмон кунӣ. Ибни Авн аз Муҳаммад писари Сирин нақл мекунад: агар он ки сухан мегӯяд, медонист, ки суханаш алайҳи ӯ навишта хоҳад шуд, кам сухан мегуфт. Ҷаъфар писари Салт мегӯяд: ба Муҳаммад писари Сирин гуфтам: чӣ боис шуд, ки аз қабул кардани ҳадяи Ибни Ҳубайра худдорӣ кунӣ? ӯ гуфт: эй Абӯабдуллоҳ, ӯ ин атияро барои гумони хайре, ки дар мавриди ман дошт, ба ман дод. Ҳоло агар ман ҳамоне ҳастам, ки ӯ гумон мекунад, ки шоистаам нест, онро қабул кунам ва агар оне, ки ӯ гумон мекунад, набошам, бароям ҷоиз нест, ки онро бардорам.
Дар бораи китоби «Тафсири хоб» – и мансуб ба Ибни Сирин
Китоби таъбири хоб ё тафсири хоби Ибни Сирин бисёр миёни мардум машҳур аст ва ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. Аз ҷумла дастрас намудани он бо забони форсӣ низ мушкилие надорад. Аммо назари дуруст дар ин бора он аст, ки ин китоб навиштаи Ибни Сирин нест. Зеро бо вуҷуди шӯҳрати Ибни Сирин ва таърифи уламо ҳеҷ яке аз онҳо китоберо ба Ибни Сирин нисбат надодаанд. Ибни Сирин китобе нанигоштааст, балки ҳар чӣ аз вай то имрӯз дастраси мо гаштааст, аз тарафи шогирдонаш ба таври нақлу ривоят мебошанд. Шайхи машҳур, писари Ҳасан Оли Салмон дар китоби «Кутуби ҳазр минҳал уламо» ва китоби дигаре ба номи «Мунтахабул калом фи тафсирил аҳлом» дар ин маврид баҳс пардохта ва нисбат додани ин китобро ба Ибни Сирин дуруст надонистааст. Саҳеҳ он аст, ки ин китоб, ки ба ӯ нисбат дода шудааст, аз олими дигари шофеъимазҳаб Абдулмалик писари Муҳаммад Харкушии Нишопурӣ маъруф ба Абӯсаъди Воъиз мебошад.
Вафоти Муҳаммади Сирин
Муҳаммад писари Сирин соли 110 ҳиҷрӣ, 100 рӯз пас аз вафоти Ҳасани Басрӣ даргузашт. Вай ҳангоми вафот ҳаштоду чанд сол доштааст, ки дақиқ нашудааст. Вале васияти ӯ чунин буда, ки Ибни Авн гӯяд: тақвои Аллоҳро пеша созанд ва миёни худро ислоҳ намоянд ва ин ки агар мӯъминанд, Аллоҳ ва Расулашро итоъат намоянд ва ононро ба он чӣ Иброҳим (а) ва Яъқуб (а) фарзандонашонро васият намудаанд, васият кард, ки «эй фарзандонам, ҳамоно Аллоҳ динро барои шумо интихоб намудааст, пас намиред, магар дар ҳоле ки мусалмонед».
Ҳувайдои Абдуллоҳ