Categories Uncategorized

Нерӯҳои Вазорати мудофиъа дар Бадахшон дуруст истифода шуд?

nahzat.tj

«Мо дар як давлате зиндагӣ мекунем, ки ҳар сол амалиётҳои махсус гузаронида мешаванд, бинобар ин Тоҷикистонро кишвари амалиётҳои махсус гуфтан мумкин аст. Барои ҳамин кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ, озод ва ягона гуфтан марбути Тоҷикистон нест. Зеро раванд исбот мекунад, ки дар давлати ҳуқуқбунёд қарор надорем. Ҳодисае ки дар Бадахшон сурат гирифт, амалиёти ҷинояткорона ва зидди мардум буд.»

Мусаллам аст, ки вазъият дар вилояти Бадахшон агарчи иддае аз вазъи муътадили он ҳарф мезанад, вале фазо ҳамоно ноором аст.

Ин нооромӣ дар заминаи куштори сардори идораи амнияти вилоят Абдуллоҳ Назаров ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодиса, рӯзи 24 июл, субҳгоҳон амалиёти низомии тамоми нерӯҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати дифоъ алайҳи «гурӯҳҳои созмонёфта», ки дар қатли генерал муттаҳам дониста мешаванд дар Бадахшон шурӯъ гардид, ки дар натиҷа талафоти ҷонии аҳолии осоишта ва нерӯҳои давлатиро ба бор овард.

Коршиносон мегӯянд, ки ин амалиёт барои пайдо кардани як «гурӯҳи ҷинояткор» бидуни фармони Вазорати дифоъ шурӯъ гардидааст, ки хилофи қонунгузории кишвар аст.

Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, узви шӯрои сиёсии ҲУСТ бошад назари дигар дорад.Ӯ мегӯяд: «Мо дар як давлате зиндагӣ мекунем, ки ҳар сол амалиётҳои махсус гузаронида мешаванд, бинобар ин Тоҷикистонро кишвари амалиётҳои махсус гуфтан мумкин аст. Барои ҳамин кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ, озод ва ягона гуфтан марбути Тоҷикистон нест. Зеро раванд исбот мекунад, ки дар давлати ҳуқуқбунёд қарор надорем. Ҳодисае ки дар Бадахшон сурат гирифт, амалиёти ҷинояткорона ва зидди мардум буд. Дар дунё ягон кас ин гуна амалро сафед карда наметавонад. Барои он ки дар сохторҳои давлатӣ муноқиша ҳаст ё намояндаи сохтор дар ҷиноят муттаҳам карда мешавад, пас, худи сохтор бояд ҷавобгӯи он бошад, ки кормандашро ба ҷавобгарӣ кашад.»

Дар идомаи сӯҳбат Ш. Шоҳнусайров қайд мекунад, ки чӣ хел мардум як каси дигарро ба мақомот супорад? « Инсон гӯсфанд нест, ки онро бурда ба каси дигар супорем. Кӣ ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки фарзанди маро бурда ба дасти дигарон диҳад? Барои иҷрои  ин амал мақомот вуҷуд доранд, ки вазифаи худро дар ин самт бояд иҷро намоянд.»

Бобоҷони Қаюмзод, раиси шӯъбаи барномарезӣ ва таҳлили ҲНИТ, дар робита ба амалиёти гуфта шуда мегӯяд, ки дар ин рӯзҳо як бахши дигари кишвар шоҳиди нооромиҳоест, ки аксарияти мардуми кишварро нигарон кардааст.

Ӯ гуфт: «Баъд аз он ки генерал Абдуллоҳ Назаров аз сӯйи ҷинояткорони номаълум ба қатл расид, ҳукумат бо тамоми нерӯ вориди амал шуд. Таъмини амният ин вазифаи аслии ҳар як ҳукумат аст, аммо набояд ба хотири як ё чанд ҷинояткор мардуми осоиштаи як минтақа дар ҳолати ногувор қарор дода шаванд.»

Ӯ баён дошт: «Ҳоло мо дақиқан намедонем, ки ширкати нерӯҳои Вазорати дифоъ бо мувофиқати вазир будааст ё не. Зеро яке инкор мекунаду дигаре дар Хоруғ ба афроди мусаллаҳ фурсат медиҳад. Вале дар ҳар сурат, нерӯҳои Вазорати дифоъ маъмури ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои хориҷӣ ҳастанд ва истифодаи ин нерӯҳо дар чунин амалиёте ҷойи баҳс ва савол дорад. Ҳукумат бояд дар ин замина ҳирфаитар амал мекарду ба ҷойи истифода аз нерӯҳои Вазорати дифоъ ё ҳар нерӯи дигаре аз мардум ва нерӯҳои амниятӣ ва умури дохила истифода менамуд.»

Ҷаноби Қаюмзод меафзояд, ки дар ягон кишвари дунё нерӯҳои Вазорати дифоъ бар алайҳи мардуми худӣ истифода намешаванд ва ин кор ҳам яке аз камбудҳои аслии ҳукумати мо дар ин амалиёт мебошад.

«Гузашта аз ин Бадахшон як минтақаи бархӯрди манофеъи абарқудратҳост. Русия дар ин минтақа ҳузури таърихӣ доштааст ва вуҷуди Оғохони 4 барои ин кишвар чандон қобили қабул нест. Аз тарафи дигар, НАТО ва Амрико ҳам аз нуфузи Русия дар ин минтақа чандон розӣ нестанд. Чин бо такя бар қудрати иқтисодии худ ва марзи муштаракаш бо ин минтақа ба фикри ба даст овардани манофеъи худ хоҳад буд. Пас, бо чунин ҳолат наметавон ин қазияро як амри оддӣ ва содда пиндошт.» – афзуд ӯ.

Сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов, бар ин аст, ки мушкилот дар қазияи Хоруғ ба ҳабс гирифтани ҷинояткорон нест, балки масъала печидатар аз он аст.

Ӯ мегӯяд: «Масалан, гарчанде баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳокимият таъсис ёфт, аммо то ин дам он ҷо ду ҳокимият вуҷуд дорад. Барои ҳамин кор то ҷое расид, ки як шахсияти давлатиро ба қатл расонданд. Ин охирин нуқта буд, ки сабру таҳаммули Душанбе ба охир расида, амалиёт шурӯъ гардид.»

Ҷаноби Маҳмадазимов афзуд: «Албатта, пеш аз оғози амалиёт онҳо талаб намуданд, нафароне ки дар ҳамин қатл гумонбар ҳастанд, ба мақомот супурда шаванд, аммо ин кор иҷро нашуд. Бинобар ин, масъала то ҳозир ҳам печидатар мемонад ва мо намедонем, ки онро бо кадом роҳ ҳал кардан мумкин аст.»

Қамариддин Афзалӣ, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҳам гуфт, ки боиси таассуф аст, ки чунин як ҳолат дар минтақаҳои гуногуни кишвар солҳои ахир рух медиҳанд: «Банда ин гуна ҳодисотро ба ноӯҳдабароии ҳукуматҳои маҳал рабт медиҳам. Мақомоти марбутае, ки дар минтақаҳо ҳастанд ва ба бесалоҳиятии мақомоти қудратӣ дар ин минтақаҳо далолат мекунад.»

Номбурда қайд мекунад, ки ҳаводиси Бадахшон шубҳаҳои зиёдеро дар дохил дорад: «Чанд муддат буд, ки дар ин минтақа машқҳои низомӣ доир гардиданд. Фикр намекунам, ки кулли он қувваҳое, ки рафта тамрин гузарониданд, онҳо баргашта буданд, ки дар зимн ин ҳодисаи куштори Абдуллоҳ Назаров рух дод. Вақте ки Абдуллоҳ Назаров кушта шуд, бояд ҷинояткорон дар алоҳидагӣ ҷустуҷӯ карда мешуданд ва дар назди қонун ҷавоб медоданд, на ин ки тамоми қувваҳо, аз ҷумла Вазорати дифоъ дар минтақа сафарбар мешуд ва мардум, тибқи ахбори расонаҳои хабарӣ, зери тиру тӯфанги қувваҳои мусаллаҳ мемонданд.»

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик раванди ҷараёни муқарраршударо бо усули тафтишот бояд ҳал карда мешуд. Ӯ мегӯяд: «Дар сурати исбот нагардидани ҷурми гунаҳкорон қувваи низомиро истифода намудан мумкин буд. Аммо ин ҷараёни муайяншуда корро аллакай вайрон кард.»

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар имрӯзҳо муноқиша хотима ёбад, масъаларо ҳал кардан мумкин аст. Вале дар сурати идома ёфтани он ҳодисаҳои хеле нохуш падид меояд. Пеш аз ҳама дар сатҳи байналмилалӣ имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд хатшадор шуда, дастҳои хориҷӣ дар ин қазия ворид мешаванд, ки ба фоидаи миллату давлат нест.

Дар ин бора, раҳбари ӼНИТ дар конфронси матбуотие, ки 30 июл сурат гирифта буд, гуфта буд: «Ӽарчи зудтар мо онро хотима бидиҳему роҳи баромадан аз ин вазъияти душворро пайдо намоем, ҳамон қадар мо ин қазияро худамон дида баромада, ба як натиҷаи матлуб хоҳем расонд. Дар сурати ғайр, имкон дорад, ки дигарон вориди қазия шаванд ва бо назардошти манофеъ ва ихтилофоти геопалитикии баъзе доираҳои баъзе аз кишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ин қазия тобишҳои дигар пайдо мекунад. Қазия аз як масъалаи дохилии Тоҷикистон ба масъалаи минтақаӣ ва ҳатто байналмилаллӣ табдил шавад, ки ин ба нафъи кишвари мо нест.»

Инчунин, дар дохили кишвар низоъу хусумат миёни мардум ва намояндагони маҳалҳои дигар афзоиш меёбад.  Умуман, якчанд ҳодисаҳои нохуб падид меояд, ки ин аллакай маълум аст.

More From Author

You May Also Like