Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии ҶИИ баъд аз дидору мулоқоти хеш бо вазири умури хориҷӣ, бахусус бо раисҷумҳури Тоҷикистон, ки он тулонӣ сурат гирифтааст, гуфт, қаблан дар садади он будем ки як тағийроту таҳаввулоте байни ду кишвар дошта бошем ва “бадин лиҳоз тасмим гирифтем, ки бо паёмҳои ҷадид ба Душанбе биёем. Дар ин мулоқот барои равобити ду кишвар муруре ба зарфиятҳое дошта бошем, ки пинҳон мондаву бояд онҳоро фаъол намоем. Аз ин лиҳоз, мо зимни сӯҳбат бо ҷаноби оғои Эмомалӣ Раҳмон қавлу қарорҳое анҷом додем, ки тақрибан масири роҳи соли 2014 – и Ирон ва Тоҷикистонро рушан кард”.
Ба гуфтаи ҷаноби И. Раҳимпур дар соли ҷорӣ сарони ду кишвари бо ҳам дӯст дидору мулоқоте хоҳанд дошт ва иддае аз вазирони тоҷик ҳам ба Ирон сафар хоҳанд кард. Тавре ишора шуд, се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва Ирон минбаъд ҳамкориҳои зич ва судманд бояд дошта бошанд.
Дипломати олии кишвари дӯст ва бародар дар мавриди дурнамои фаъолияти муносиби тунели «Истиқлол» гуфт, онро қисман таъмир кардем. «Бале, мардум бидуни он хеле заҳмат мекашиданд. Мо албатта, ба дунболи дарёфти даромад наомадем ба Тоҷикистон, чун сохтмони «Истиқлол» суде надорад. ҶИИ дар сохтмони «Истиқлол» 30 миллион хароҷот дорад, агарчи дар ифтитоҳи он як миқдор аҷала шуд ва дар идомаи корҳо ҳам мушкилоти фанние низ вуҷуд доштанд, ки бояд барои рафъи онҳо аз ду тараф маблаггузорӣ мешуд, то рафъ шаванд. Ҳамин гуна кор хуб мудирият нашуданд.
Албатта, дунболи нуқсҷӯӣ нестем, баръакс мехоҳем «Истиқлол» мавриди истифодаи хуби мардум қарор бигирад. Дар ин маврид бо раисҷумҳури ҶТ суҳбат доштем”.
Оғои Раҳимпур дар масъалаи нерӯгоҳи «Сангтуда -2», ки чанде қабл ба мушкилот мувоҷҷеш шуда буд, чунин ишора кард, қисман ин масъала ҳалли худро пайдо кард, агар истеҳсоли барқи он кам ҳам бошад, метавонад барои хонаҳои мардуми тоҷик рушанӣ бахшад. Ишон ба суоли он ки чаро дар фасли зимистон, вақте сокинони Тоҷикистон эҳтиёҷ ба нерӯи барқ доранд, нерӯгоҳ мавриди таъмир қарор гирифт, гуфт: чунин ҳолатҳо мешаванд. Вақте дар Тоҷикистон барқ набуд, дар баъзе аз манотиқи Ирон низ мардум аз газу барқ танқисӣ мекашиданд…
Мо бо оғои раисиҷумҳур ҳам сари мизи музокирот қавлу қарордод гузоштем, ба хусус дар масъалаи дурнамои фаъолияти ширкати “Фароб”, то битавонад пружаҳои дигареро анҷом диҳад. Бояд дар бораи мушкилот хештандорӣ нишон диҳем ва дӯстии Ирону Тоҷикистон набояд ҳадафи тири бегонагон қарор бигирад. Мунтақидин агар дар ин бора сухане мегӯянд, бояд бидонанд, ки мо дар Тоҷикистон ба дунболи ҳеч суде нестем, ҳузӯри мо танҳо дар заминаи равобити дӯстонаи ду кишвар аст”.
Дар идомаи суҳбати худ, муовини вазири умури хориҷии ҶИИ дар робита ба масъалаи дурнамои ширкатҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери иронӣ тазаккур дод, ки онҳо дар дар ҳар манотиқе бошанд ҳам моли Иронанд ва дар сурати лозимӣ онҳоро соҳибӣ хоҳад кард.
Аммо «ҳоло қазияи Занҷонӣ ниҳоӣ нашудааст ва бозпурсии афроди наздик ба ӯ ва ширкатҳояш идома дорад.
Дипломати иронӣ дар мавриди таъсиси як телевезиони форсӣ барои се кишвари ҳамзабони Тоҷикистону Афғонистон ва Ирон, ки қаблан дар бораи он зиёд гуфта мешуд, дахл карда гуфт: Бале, чунин тарҳ вуҷуд дора два як миқдор таҷҳизоте ҳам барои ин масъала харидорӣ шудааст. Чунин музокирот буду ҳаст ва муҷаддидан метавонем фаҳмем, ки ин кор шуданист ё на?!
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ