Гар фитодандӣ ба раҳ дар пеши ӯ,
Баҳри он ёсаҳ
бихуфтандӣ ба рӯ.
Агар ба таври
ногаҳонӣ мардум бо Фиръавн бархурд мекарданд, тибқи қонун бояд рӯй бар замин
мениҳоданд. (Ёсаҳ-қонун).
Ёсаҳ ин буд, ки
набинад ҳеҷ асир,
Дар гаҳу бегаҳ
лиқои он амир.
Бонги човушон чу
дар раҳ бишнавад,
То набинад, рӯ ба
деворе кунад.
Ҳаминки садои
нигаҳбонон ва ҷорчиёни Фиръавнро мешуниданд, бояд билофосила рӯ ба девор
мекарданд.
В-ар бубинад рӯи
ӯ, муҷрим бувад,
Он чӣ баттар, бар
сари ӯ он равад.
Ва агар аҳёнан
нигоҳи яке аз онон, яъне мардум ба Фиръавн
меафтод, гунаҳкор ба шумор меомад ва дар ин сурат дучори бадтарин азобу уқубат
мешуд.
Будашон ҳирси
лиқои мумтанеъ,
Чун ҳарисаст
одамӣ фимо мунеъ.
Аммо бани Исроил,
ҳарис буданд, ки чеҳраи Фиръавнро, ки диданаш мамнуъ буд, мушоҳида кунанд. Зеро
инсон нисбат ба ҳар чизе, ки бозаш доранд, ҳарис мешавад. Мисраи дуввум ишора
аст ба масали роиҷ: “Ал инсону ҳарисун ъало мо муниъа”. Яъне инсон нисбат ба ҳар чизе ки аз он
боздошта шавад, ҳарис мешавад.
Албатта манъ бар
ду гуна аст: яке манъ ҳамроҳ бо шарҳу тавҷеҳи мантиқӣ ва илмӣ ва дигаре манъ,
ҳамроҳ бо шиддат ва сахтгириҳои дур аз ақлу хирад.
Бе шак ҳама анбиё
ва дӯстони Худованд (ҷ) низ мардумро аз зиштиҳо боз медоштанд. Аммо ин манъ,
пояи ақлӣ, ҳукмӣ ва мантиқӣ дошт ва дар замири одамӣ хостаҳои майл ба бадиҳо
хомӯш мешуд. Аммо бехирадон низ мардумро аз умуре накӯ ва шоиста манъ мекунанд
ва бехабар аз ин ки ин манъ карданҳо хостаҳои майли ононро тезтар мекунад.
Ба майдон хондани
бани Исроил, барои ҳиллаи манъи валодати Мусо (а)
Эй асирон сӯи
майдонгаҳ равед,
К-аз шаҳаншаҳ
дидану ҷудаст умед.
Чун шуниданд
мужда Исроилиён,
Ташнагон буданду
бас муштоқи он.
Ҳилларо хурданду
он сӯ тохтанд,
Хештанро баҳри
ҷилва сохтанд.
Мардум фиреб
хурданд ва ба он ҷониб (ваъдаи дидани Фиръавн) шитофтанд ва худро бо сару
либоси нав оростанд то обу тоби ҷилвае дошта бошанд.
(Аз Маснавии
маънавӣ, идома дорад)