Раҳматилло Зойиров, вакили мудофеъи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшуда, бо зерҳимояи худ нахустин мулоқот анҷом додааст, ки муваккилаш дар бинои Оҷонсии мубориза бо фасод қарор дорад.
Дар ин бораи Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон вазъияти Қудратов бад набуда, ӯ дар мавқеъи худ устувор аст ва аз лиҳози эҳсосотию маънавӣ худро қавӣ ҳис мекунад, ҳамзамон дар бораи таъмини ғизояш шикояте надорад.
Бояд қайд кард, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба як додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардидааст. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар дар шарҳи расмии ҳодиса гуфтанд, гӯё Қудратов барои ҳалли мусбати қазияи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ ба додрас Шерзод Низомов дуюним ҳазор доллар пул пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло алайҳи Шуҳрат Қудратов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Categories
Ахбори рӯз