Вобастагии зиёди Тоҷикистон ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ва содироти чанде аз молҳоро таҳлилгарони Бонки рушди Осиё қайд намуда гуфтаанд, ки вазъи шиддатноки геопалитикӣ дар ҷаҳон осебпазирии Тоҷикистон ба омилҳои берунаро тақвият мебахшад.
Ба гузориши хабаргузории “asiaplus.tj”, дар гузориши нави Бор омадааст, ки коҳиши интиқоли пулӣ ва кам шудани содироти молҳои асосии кишвар – алюминӣ ва нахи пахта рушди иқтисоди кишварро нисбат ба соли гузашта то ба 6,7 % (соли 2013 – 7, 4%) поин бурданд.
Тибқи таҳлили коршиносони БОР коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар дар соли 2015 низ идома хоҳад ёфт. Зеро ба ақидаи онҳо, қоидаҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, супурдани имтиҳони забони русӣ ва таърихи Русия ва гузаштани муоинаи тиббиро аз муҳоҷирон талаб мекунанд, ки арзиши он барои ҳар як муҳоҷир ҳудуди 500 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
Мутобиқи пешгӯии таҳлилгарони БОР, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 дар робита ба поинравии суръати рушди иқтисод дар Русия то ба 4% поин рафта, соли 2016 дар баробари баъзе беҳбудиҳо дар иқтисоди Русия рушди он ба 4,8% мерасад.