Categories Ахбори рӯз

Идомаи тафтишоти парвандаи бародари муовини Раиси Кумитаи амният

Ҷ. Ҳокӣ


Парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ сардори Шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор, Фаридун Умаров, ки бародари хурдии муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад, мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар ин бора Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ба дастгир кардани номбурда сабаб гардида, хабар додааст. Ҳамчунин Агнетӣ дар аввали соли равон гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кард, ки на танҳо шаҳрвандон, балки кормандони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ шомил буданд. Мутобиқи иттилоъи манбаъ, парванда нисбати Фаридун Умаров аз рӯи модаи гардиши ғайриқонунӣ бо мақсади фурӯши маводи мухаддир боз карда шудааст. Айни замон Фаридун Умаров чун иштирокчиёни гурӯҳи безараргардонидашуда дар ҳабс қарор дорад. Аз рӯи парвандаи мазкур ҷамъоварии далелҳо идома доранд.

More From Author

You May Also Like