Мусулмонони иёлати Флоридаи Амрико талаб намудаанд, ки идҳои исломӣ ба расмият шинохта шуда, рӯзи истироҳатӣ элон карда шаванд.
Бино ба гузориши расонаи хабарии «Ахбори ҷаҳони Ислом» Шӯрои равобити исломӣ-амрикоӣ (CAIR)-и шӯъбаи Флорида аз мақомоти иёлати худ дархост намудааст, ки рӯзҳои Иди Фитр ва Курбонро ба монанди идҳои яҳуду масеҳиён рӯзҳои истироҳат элон намояд.
Раиси комиссияи плюрализми динии иёлати Флорида Роланд Фолкс дар бораи ин масъала, ки дар Амрико сару садои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, гуфт: «Мусулмонон то кунун бисёр мавриди табъиз қарор гирифтаанд».
Номбурда афзуда, ки мо бояд дар бобати ироаи хадамот ба мусулмонон аз марҳалаи каломӣ берун рафта, хидматрасониро амалӣ созем ва ҳуқуқи эшонро поймол нанамоем.