Categories Ахбори рӯз

Изҳороти матбуъотии Э. Раҳмон пас аз анҷоми мулоқот бо Навоз Шариф

Тавре дар идомаи изҳороти ҷаноби Э.Раҳмон мехонем, ҷонибҳо хоҳони вусъати корҳои тиҷорӣ, татбиқи лоиҳаҳои мухталиф буда, ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак ва сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин таъкид аз он шуда, ки Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба созишномаи чоргона: Покистону Чин ва Қазоқистону Қирғизистон бипайвандад, дар ин сурат соҳибкорону тоҷирон ва сайёҳони тоҷик метавонанд вориди Покистон бигарданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати суръат бахшидани муҳлатҳои иҷрои марҳалаҳои лоиҳаи CASA – 1000 изҳори назар карда, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷидӣ: терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи сипоҳро атри зарурӣ донистанд.
Президенти ҶТ зимни муроҷиъат ба ВАО сафари сарвазири Покистон ба Тоҷикистонро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии роҳбарияти ду давлат арзёбӣ намуда ишора аз он карда, ки дар ин чаҳорчӯб муколамае сурат гирифтааст оиди масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва нақшу имкониятҳои ҳамдигар дар ҳаллу фасли онҳо. Дар меҳварияти ин дидору муколама умдатарин масъала пайдо кардани роҳҳалҳои наву воситаҳои иловагии рушду тавсеъаи равобити дуҷониба будааст.
Душанбе ва Исломобод қайд кардаанд, ки ҳамкориҳоро дар самти мусоидат ба сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди Афғонистонро идома дода, оид ба масъалаҳои муҳим пайваста табодули назар доир менамоянд.
Масъалаи дигари ҷиддӣ идомаи муколама миёни Исломобод ва Деҳлӣ мебошад, ки Душанбе онро амри зарурӣ дониста, аз мулоқоти чанде қабл суратгирифтаи сарварони Покистону Ҳиндустон истиқбол мекунад.
Дар анҷоми изҳороти хеш ҷаноби Э. Раҳмон қайд мекунад, ки «мо аз натиҷаҳои нахустин боздиди ҷаноби Муҳаммад Навоз Шариф қаноъатмандем ва изҳори умед менамоем, ки чунин як мулоқот ба раванди ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистону Покистон мусоидат расонида, ба онҳо сифати тоза мебахшад».

More From Author

You May Also Like