Categories СИЁСАТ

Изҳороти раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара

Шоми 07.02.14 шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ хабари фавриеро дар бораи боздошти таҷовузгар ба номуси ду духтарандари худ бо номи Холов Муҳаммадулло, зодаи ноҳияи Ҳисор ва феълан истиқоматкунандаи шаҳри Исфараро пахш кард, ки нафрати кулли мардумро нисбати чунин шахсони беору номус ба вуҷуд овард. Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара ин амали ғайриинсонии Холовро ба шиддат маҳкум менамояд. Созмондиҳандаҳои барномаи хабарӣ Холов Муҳаммадуллоро, ҳамчун узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз соли 1991 муаррифӣ намуданд, ки ин ҳам аз амалҳои бофтаву сохтаи мақомоти қудратӣ буда, давоми силсиланамоишҳои зиддинаҳзатӣ мебошад. Раёсати бахши ҳизб дар ш. Исфара эълон медорад, ки Холов Маҳмадулло ҳеҷ гоҳ узви ҳизб набуд ва дар рӯихати ҳизб шахсияте бо ин ному насаб ҷой надорад. Лозим ба ёдоварист, ки ниҳодҳои қудратӣ борҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ин гуна афроди палиду касифро, ҳамчун аъзои ҲНИТ муаррифӣ намуда, тариқи расонаҳои ҳукуматӣ ба намоиш гузоранд ва бо ин васила ҲНИТ-ро бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд. Раёсати бахши ҲНИТ дар Исфара изҳор медорад, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомиву амниятӣ амалҳое анҷом мегиранд, ки ба моддаҳои 14, 27, 28 ва 29-и Сарқонуни ҶТ ва моддаҳои 10,15-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мухолифати ошкор доранд. Аз ин хотир, ин гуна иқдоми ғайриқонуниро қотеъона маҳкум карда, аз Ҳукумати ҶТ риъояти бечуну чарои меъёрҳои Сарқонуни ҶТ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин хотима додани онҳоро ҷиддан талаб мекунад. Вазъи имрӯзаи шаҳри Исфара ва деҳоти атрофи он мардумро тақозо ба муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ мекунад. Ҳодисаҳои марзӣ нишон медиҳанд, ки барои ҳар як шаҳрванд манофеъи миллӣ ва якпорчагии кишвар аз ҳама муҳим аст. Дар ин роҳ ғаразҳои шахсӣ, манфиатҳои гурӯҳиро як сӯ гузошта, ваҳдати миллиро бояд дар мадди аввал қарор дод. Дар чунин мавриди ҳассос болои ҲНИТ бор кардани ин гуна туҳматҳои бофтаву сохта, натанҳо дур аз инсоф, балки нишони он аст, ки баъзе ашхоси манфиатҷӯ намехоҳанд дар кишвар оромию субот ва ваҳдати миллӣ побарҷо бошад Раёсати бахши ҲНИТ дар ш.Исфара хоҳони якпорчагии кишвар ва ваҳдати милливу муттаҳидии мардуми азиз буда, амалкарди шахсиятҳои манфиатҷӯро намегузорад, ки сабабгори парокандагӣ ва нооромии кишвар бигарданд.

Раиси бахши ҲНИТ дар ш. Исфара А. Бобоев 10.02.2014

More From Author

You May Also Like